Бонки Ҷаҳонӣ Хадамоти алоқаро монеи рушди Интернет дар Тоҷикистон номид
     TJ RU EN
01:47 / 2024-11-16

Бонки Ҷаҳонӣ Хадамоти алоқаро монеи рушди Интернет дар Тоҷикистон номид

“Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ҳайси таъйинкунандаи сиёсати арсаи мухобирот ва ҳам соҳиби “Тоҷиктелеком" монеи ворид шудани сармояҳои бахши хусусӣ ва рушди интернет шудааст." Ин хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки дар як гузориши тоза баён кардаанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 3-юми сентябр хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳониро беасос ё бепоя номид. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи тарҳи “Диҷитал Каса” ҳамкорӣ доранд, вале намедонад, “чунин иттилоъ дар кадом асос нашр шудааст”.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз рӯзи 2-юми сентябр гуфта мешавад, соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон, ки дар оғози солҳои 2000-ум сарчашмаи рушди бо суръат ва рақобати шаффоф буд, ҳоло рақобатпазириашро аз даст додааст. Чун, ба навиштаи муаллифон, "дар ин соҳа бархӯрди манфиатҳо вуҷуд дорад".

"Хадамоти алоқа худ сиёсати соҳаи мухобиротро таъйин мекунад ва дар айни замон соҳиби ширкати "Тоҷиктелеком" аст ва монеи вуруди сармояҳои хусусӣ ва рушди интернет шудааст", -- омадааст дар гузориш.

Барои мисол, муаллифони гузориш навиштаанд, солҳо боз Хадамоти алоқа намегузорад, ки ширкатҳо ба самти Чин ва Афғонистон ноқилҳои нурӣ (оптикӣ) бикашанд. Чун ин гуна хатҳо метавонист хароҷотро кам ва ҳам суръату сифати интернетро беҳтар кунад.

Дар гузориш аз ҳолате ҳам ёд карда мешавад, ки Хадамоти алоқа нахуст ба як ширкат иҷозаи кашидани чунин хатро ба Афғонистон дода, баъдан ин муҷаввизро бозхонд кардааст.

Аммо Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, “мо хати нахи нурӣ гузаронидем. Истгоҳҳои базавӣ тибқи талаботи миллӣ, минтақавӣ ва иттиҳоди байналмиллалӣ алоқа фаъол аст ва дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ кор мекунанд, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ низ мушкил надорем.” Ин мақоми Хадамоти алоқа афзуд, ноқилҳои оптикӣ бо қарори ҳукумат дар моҳи декабри соли 2015 бояд ба воситаи маркази ягонаи коммутатсионӣ гузарад, ки дар тамоми ҷаҳон ҳамин тавр аст.

“Ин системаи ягона аст ва бояд идора карда шавад. Ҳарчанд ноқилҳои нурӣ ба Чин фаъол нашудааст, вале ҳамкориҳо идома дорад”, -- афзуд ӯ.

Бонки Ҷаҳонӣ аз чанд иқдоми охири Хадамоти алоқа низ ёдовар шудааст, ки ба бовари созмон, "боис ба рукуд ё карахтии ин соҳа гаштааст". Аз ҷумла, таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва водор кардани ширкатҳо ба хариди интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком", маҳдудият дар фурӯши симкорт, манъи алоқаи NGN ва алоқаи навъи - Voice over Internet Protocol.

Боло бурдани мизони андоз ва ҷорӣ кардани аксиз дар соли 2013 ва татбиқи қоидаҳои андозситонӣ танҳо нисбат ба ширкатҳои алоҳида ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ боис шуданд, ки ширкатҳо зиён диданд ва нақшаҳои сармоягузории худро бекор намуданд.

Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми сентябр гуфт, кам шудани сармоягузорӣ дар арсаи мухобирот ба яке аз мушкилҳои ҷиддӣ табдил ёфтааст.

"Гуфтан душвор аст, ки ширкатҳо ҳама лоиҳаҳои сармогузориашонро қатъ карданд. Аммо кам шудани сармоягузорӣ баръало мушоҳида мешавад. Ин ба як дарди сари кулли ҷумҳурӣ табдил ёфтааст," -- гуфт Эркаев.

То кунун ширкати шведии Telia ва ҳолландии Veon саҳмияҳои худро дар Tcell ва Beeline фурӯхта, тарки Тоҷикистон кардаанд. Ширкати тоҷикиву чинии TK-mobile моҳи марти 2018 худро муфлис эълон кард.

Дар ниҳоят Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз рӯйи шароит ва санадҳои танзимкунандаи соҳаи мухобирот дар ҷаҳон дар ҷойи охир қарор дорад ва рейтинги рақобатпазириаш ба сифр баробар аст.

https://www.ozodi.org/a/world-bank-report-about-communication-service/30144008.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима