БОЗ ДАР БОРАИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Ё худ дунёи маҷозӣ – хушбахтсозу бадбахтнамои инсоният аст
     TJ RU EN
02:49 / 2024-12-21

БОЗ ДАР БОРАИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Ё худ дунёи маҷозӣ – хушбахтсозу бадбахтнамои инсоният аст

Чор сол пеш парламенти Тоҷикистон ба модаи 20-уми қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бо терроризм” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳалатҳои зарурӣ барои таъмини  амнияти давлат ва шаҳрвандон метавонанд дастрасӣ ба алоқаи барқӣ ва  интернетро дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан қать намоянд.

Вале шаҳрвандон мунтазири чунин “ҳолатҳои зарурӣ” нашуда, бояд  ҳар лаҳза ҳапнгоми истифода аз технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ ҳушёру зирак ва аз фоидаву зарари  онҳо  огоҳ бошанд. Маводе, ки дар зер пешниҳод карда мешавад, дар ҳамин бора аст.

Асри XXI ва дунёи мутамаддину мутараққиро бидуни шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интернет дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар тамоми қишрҳои ҷомеа реша давонида, паҳн шавад ва дар баробари олами воқеӣ (моддӣ) дунёи маҷозӣ (равонӣ)-и худро сохта, аз тараққикардатарин кишварҳо то ақибмондатарин давлатҳоро то андозае вобастаи худ гардонад. Интернет (компютеру телефон абзори фаъолияти интернет маҳсуб мешаванд) то ҳадде пешрафт кардааст, ки дар ҷаҳони муосир фаъолияти самараноки илму фановарӣ, техникаву технология, касбу ҳунар, фарҳангу санъат, садову симо, театру синамо, матбуот ва китобдорӣ, таҳсилоту омӯзиши забонҳо ва ҳатто дину сиёсат бастагӣ ба он доранд. Инчунин интернет ҷузъи ҷудонопазири зиндагии рӯзмараи инсоният гардида, мардум дар бархӯрд бо одитарин мушкилоти рӯзмарраи хеш – фаҳмидану донистани обу ҳаво, нарху наво, доруву дармон, хӯроку ғизо ва ғайра ба шабакаи ҷаҳонии интернет муроҷиат намуда, ҳатто аз ҳолу аҳволи ҳамдигарӣ низ аз тариқи он – бо роҳҳои садо, симо ва навишторӣ (мессенҷерҳо), огоҳӣ пайдо мекунанд. Интернет то дараҷае ба ҳаёти рӯзмарраи инсоният муассир гаштааст, ки мардум вақти бебаҳои худро дар ҷаҳони маҷозӣ – ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ сипарӣ менамоянд. Ин пешрафту таъсиррасонии интернетро ба инобат гирифта, донишмандон ҳадс мезананд, ки  он рӯз дур нест, ки интернет дунёро идора намояд ва торафт печидаву мураккаб гаштани низоми интернетии ҷаҳон боиси сар задани «ҷангҳои интернетӣ» гашта, мӯҷиби аз байн рафтани таъриху тамаддуни башарият гардад…

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон баён намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Таҳдиди интернет ба насли ҷавон

Интернет дар радифи дигар эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими мардум қарор дошта, бо он сару кор гирифтан амали ногузир аст. Чунки дунёи маҷозии интернет дорои бозору дӯконҳо, китобхонаву мадрасаҳо, садову симо, донишгоҳу донишкадаҳо, давраҳову марокизи забономӯзӣ,  бемористону осоишхонаҳо ва ғайра буда, дар ин дунёи маҷозӣ хариду фурӯш, сирқату ҷиноят, таърифу тавсиф ва таҳқиру фазоҳат, ҷангу ҷидол ва ғайра ҷараён дорад. Аз ин рӯ, танҳо тарзи дурусти истифода ва бо роҳи оқилона кор гирифтани он метавонад инсониятро ба қуллаҳои муваффақият ва дастовардҳои камёби илмиву техникӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ расонад ва дар баръакси ҳол фарҳангу тамаддунҳо ва арзишҳои моддиву маънавии миллатҳоро ба нобудӣ мекашад, ки мисоли рӯшани онро мо дар давлатҳои арабии Ироқу Сурия мушоҳида намудем. Ҳамагон шоҳиди он буданд, ки чӣ гуна ташкилоти террористиву экстримистии ба ном «Давлати Исломӣ» ҷараёни амалиёти хунину ғайриахлоқии нисбат ба сокинони осоишта анҷомдодаи хешро тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба маърази тамошо мегузошт. Инчунин шабакаҳои иҷтимоии интернет ва мессенҷерҳо дар таблиғу ташвиқи идеологияи террористӣ ва пур намудани сафи артиши ин ташкилоти террористӣ нақши калидӣ ва меҳварӣ бозидаанд. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018) таъкидан гуфта буданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Боиси нигаронӣ он аст, ки қисмати бузурги аудиторияи ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳанд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро наврасону ҷавонони аз 14 то 20-сола, махсусан хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ташкил менамоянд.

Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аксарияташон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетанд ва теъдоди ин истифодабарандагон рӯз то рӯз бештар шуда истодааст. Тавре таҳқиқот ва таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, аксарияти истифодабарандагони ҷавон аз корбурди дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ надоранд ё дорои дониши кофии сиёсиву мазҳабӣ нестанду аз тарбияи дурусти оилавӣ ва назорати волидон дур мондаанд. Бо ҳамин мақсад ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет рӯ овардаанд ва барои мағзшӯӣ кардани ҷавонон ва заҳролуд намудани зеҳни онҳо бештари ҳолат аз номи дину мазҳаб дар сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоии интернет домҳо мегузоранду ҷавононро асири хеш месозанд.

Дар баробари ин, ширкату «тоҷирон»-и интернетие низ фаъоланд, ки барномаи бозиҳои хашину фаҳш ва қимору казиноҳои онлайниро дар шабакаҳои гуногуни интернет роҳандозӣ намуда, филмҳоеро низ ба тариқи онлайнӣ ва ғайрионлайнӣ бо саҳнаҳои қатлу куштор (детективӣ, канибализм, триллер, даҳшатовар, тарснок ва ғайра) ва фаҳшу таҳриккунандаи шаҳват (эротикӣ ва порнографӣ) бо анвою ҳаҷмҳои мухталиф манзури истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии интернет қарор медиҳанд, ки муштариёни асосиашон ҷавонон маҳсуб мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ҷавонон табақаи фаъоли иҷтимоӣ, ояндаи давлату миллат ва таҳкимбахши неруи иқтисодиву сиёсӣ ба шумор рафта, мағзшӯӣ шудану масмум намудани зеҳни ин табақаи муҳими иҷтимоӣ ба нобудӣ бурдани миллат ва давлатҳост.

Дунёи маҷозии интернет

 Вақте инсон вориди шабакаи ҷаҳонии интернет мегардад, на танҳо вориди кадом як барнома ё шабака мешавад, балки вориди дунёи бузурги маҷозие мегардад, ки бекарон буда, ба марзу сарҳад ва замону макон маҳдуд намегардад. Бо ворид гардидан ба дунёи маҷозии интернет инсон дар пешорӯи худ ҳазорҳо ҷодаҳову кӯйҳоро мебинад, ки интихоби яке аз онҳо метавонад сарнавишти ӯро созад ва ба қуллаҳои муваффақияту дастовардҳои нодир расонад ва баръакси ҳол метавонад касро аз масири дурусти инсоният хориҷ ва манқурт созад. Баъзан ҷавонон бидуни ташхис ва дарки дуруст худогоҳ ё худноогоҳ вориди кӯчаҳои сарбастаи дунёи маҷозии интернет гардида, роҳгум мезананд ва таодули равонии худро аз даст дода, байни олами воқеӣ ва дунёи маҷозии интернет фарқ гузошта наметавонанд ва миёни ҳар дуи он – дар «барзах» дармемонанд. Чунки рӯҳу равони ин тоифа ҷавонон асири дунёи маҷозии интернет ва ҷисму баданашон дар дунёи воқеӣ мемонанд. Вақтгузаронии зиёд дар ҷаҳони маҷозии интернет (чи тавассути компютер ва чи тавассути телефонҳои мобилӣ) боиси хастагии бадан ва афсурдагии мағзи сар гашта, инсон дучори мушкилоти равонӣ мегардад. Ҳатто ҳангоми таҳқиқоти интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он (то қадри имкон) ҷавононе низ ба мушоҳида расиданд, ки дучори «душахсиятӣ» гардидаанд ё ба тамом шахсияти воқеии худро аз даст дода, ба худ шахсияти маҷозии интернетӣ гирифтаанд. Пас аз таъсири дунёи маҷозии иетернет рӯйи истифодабарандаи он зиндагонии ӯро дар муҳит ё дунёи қаблӣ ғайриимкон гардонида, ӯро ба бархӯрди шадид бо атрофиёнаш мувоҷеҳ месозад.

Яъне, таъсиррасонии дунёи маҷозии интернет рӯйи шахсияти истифодабарандаи он аз тарзи дурусти истифода ва муносибат бо он вобаста аст. Ҳолати мазкур аз табиати инсон ва синну соли ӯ низ бастагӣ дорад. Таъсири дунёи маҷозии интернет метавонад хулқу атвор, кирдору рафтор, гуфтору афкор ва ҳатто ғояву симои истифодабарандаашро тағйир диҳад. Ин тағйирот буду боши ӯро дар муҳит ва ҷомеае, ки ӯ зиндагонӣ менамояд, дучори мушкил мегардонад. Вақте шахсияти ҷадиди ӯро атрофиёнаш қабул намекунанд ё баръакс инсони тағйири шахскарда рафти зиндагонии атрофиёнашро намепазирад, анҷоми кор ба бархӯрди шадиду хашин ва ҳатто дар бештар ҳолот хунин бо атрофиёнаш оварда мерасонад ё тарки атрофиён ва муҳити муқими хеш карда, бо ҳаммаслакону ҳамраъёни хеш мепайвандад ё бинобар содири ҷиноят аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт мегардад. Ин гуна таъсиррасонӣ нисбат ба бузургсолон ба кӯдакону ҷавонон муассиртар аст.

Аз ин рӯ, диққату таваҷҷуҳ бояд рӯйи насли ҷавон бештар бошад, то мағзшӯйӣ нагарданду зеҳнашон заиф нашавад. Вагарна дигар барои онҳо роҳи баргаште намемонад. Ба қавли шоир:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Марҳилаҳои гузариш

Барои гуфтаҳои фавқ метавонем ҷавононеро мисол биоварем, ки вориди олами маҷозии интернет, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет гардида, раванди мазкурро дар чанд марҳила аз сар гузаронидаанд:

Марҳилаи якум. Ҷавононе, ки ба тозагӣ вориди шабакаҳои иҷтимоии интернет ва ба ин восита дохили олами маҷозии интернет гардидаанд, дар аксҳои саҳифаҳояшон бо симои аслии худ – таъсирнадидаву тағйирнаёфта, бо нигоҳҳои ҳалимонаву меҳрубон, чеҳраҳои маъсумонаи шукуфон ва ному насабҳои воқеии худ зоҳир гаштаанд. «Лента»-и фаъолияташон дар шабака дунёи рангини ҷавонии онҳоро инъикос намуда, дар он нишонаҳои хушунату зӯроварӣ, фаҳшу фасод, исломгароӣ (манзури мо масоили баҳсбарангез ва дорои хушунатҳои динидошта аст) ва терроризму экстремизм ба мушоҳида намерасад.

Марҳилаи дуюм. Марҳилаи мазкур давраи гузариш ё шахсиятивазкунии истифодабарандагони ҷавони шабакаҳои иҷтимоии интернет маҳсуб меёбад. Дар ин марҳила ҷавонон дар васат қарор дошта, шахсияти воқеии худро пурра аз даст намедиҳанд. Симои зоҳирӣ, номгузорӣ ва ҳатто фаъолият дар шабака низ васат аст. Масалан, агар гароиши ҷавон бештар ба дини ислом бошаду доираҳои муайяни динӣ рӯи ӯ таъсир гузошта бошанд, бо вуҷуди мусулмон буданаш бештар ба ислом майл пайдо мекунад ва дар баробари ин,  мақоми қаблиашро ҳифз мекунад. Яъне, ному насаби хешро пурра иваз накарда, дар ҷанби он номи исломӣ ё вожаву таркиботи диниро бо забон ва хатти русиву арабӣ, монанди Раб Аллаха, Сабр иншаллах, Маджахед, Форуқ, Хаттаб ва ғайра мегузорад, ки қолаби зеринро мегирад: Шаҳриёр Раб Аллаха, Фирӯзи Муҷоҳид, Рустами Муслим ва ғайра. Симои худро низ қисман исломӣ карда, дар шарҳу тавзеҳоти менавиштаи хеш аз ислом ёд менамояду баъзан масоили диниву мазҳабиро матраҳ карданӣ мешавад. Раванди мазкур дар дунёи воқеӣ низ рӯйи шахсияти истифодабарандаи мазкур асар гузоштан мегирад. Таъсиррасонии мазкур тадриҷӣ буда, дар ғайри сурат ба нудрат мушоҳида мешавад. Ҷавони истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии интернет, ки то ин дам намоз намехонд (бо вуҷуди мусулмон буданаш) ба хондани намоз шурӯъ намуда, роҳ сӯи масҷид мегирад ва ба дониши сатҳии диниаш нигоҳ накарда, ба амру наҳйи мункари мардум мепардозад, пайвандону наздикон ва аҳлу оилаи хешро махсусан зери султаи динии хеш қарор доданӣ мешавад ва барои ба мақсад расидан ҷиддан талош меварзад. Марҳилаи мазкур меҳварӣ ва калидӣ буда, сарнавиштсозу шахсиятофар аст. Раванди он замонбар буда, гузариш ба оҳистагӣ сурат мегирад ва гузариши босуръати шахсиятивазкунӣ ба нудрат мушоҳида мешавад.

Марҳилаи сеюм. Дар ин марҳила ҷавонон дар дунёи маҷозии интернет пурра табдили шахсият карда, ному насаби хешро аз нимаисломӣ ба пурра исломӣ – Я мусулманин алхамдулиллах, Шайхи Ислом, Умар ибн Хаттаб, Я верю в Ислам ва ғайра иваз менамоянд ва симои зоҳириашонро низ ба пуррагӣ “исломӣ” карда, бо ангушти шаҳодат сӯи осмон, сари тарошидаву риши баланди жулидаву қайчинозада ва симои хашину даҳшатафкан дар саҳифаҳояшон зоҳир мегарданд. Ҳар гуна аксу навишторҳои исломиву ғайримазҳабӣ ва мазмуну муҳтавои дорои террористӣ – парчами ба ном «Давлати Исломӣ» ва «Наҳзати ислом», парчамҳои давлатҳои исломӣ (Покистон, Афғонистон, Эрон, Арабистон ва ғайра), аксу шиорҳои шиа ва салафияро дар саҳифаҳояшон нашр менамоянд. Дар шарҳу тавзеҳи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳдиду таҳқир ва такфиру таҳрим кардани дигарон мепардозанд. Аз ҳама муҳим, зеҳни онҳо масмум гашта, бо тамоми вуҷуд комилан тағйир меёбад. Дигар аз он ҷавонони бо симоҳои тоҷиконаву асил, чеҳраҳои маъсумонаи шукуфон, нигоҳҳои ҳалимонаву меҳрубон ва дунёи рангини ҷавонӣ асаре боқӣ намемонад ва кас дар пешорӯи худ даҳшатафканону ифротгароёни ваҳшиву хуношомро мебинад, ки ӯро такфир ва маҳкум ба қатл мекунанд…

Марҳилаи чорум. Марҳилаи мазкур марҳилаи даргириҳо ва бархӯрдҳост. Чунки дар ин марҳила созиш наёфтани дунёи воқеӣ бо олами маҷозии интернет ба мушоҳида мерасад. Яъне ҷавонон аз дунёи воқеӣ вориди олами маҷозии интернет гардида, аз он ҷо бо шахсияти тамоман дигар, афкору ахлоқи бегона, рафтору кирдор ва симову зоҳири ғариб ба дунёи воқеӣ бармегарданд ва муҳити барои шахсияташон созгорро дар дунёи қаблиашон сохтанӣ мешаванд, ки ин мавриди пазириши атрофиён қарор намегирад. Қисмате аз онҳо то андозае метавонанд, ки муҳити мазкурро дар оила ва давраи наздикону пайвандон ва дӯстону рафиқонашон офаранд ва дар тағйири шахсият ва ғояву афкори онҳо асар гузоранд, аммо қисмати дигари онҳо бо пайвандону наздиконашон дар бархӯрди шадиду хашин мувоҷеҳ мегарданд ва ба такфиру бими онҳо бархоста, ҳатто ба онҳо осеби ҷисмиву равонӣ низ мерасонанд.

Марҳилаи панҷум. Марҳилаи анҷомии раванди мазкур буда, ҷавонони баинҳирофрафта ё дунболи ҳаммаслаконашон мераванду тарки макони зист менамоянд ё бо дахолати мақомоти қудратӣ боздошт ва тақдими адолати қонунӣ мегарданд ё даст ба худкушӣ мезананд. Яъне, барои онҳо дигар роҳи баргаште вуҷуд надорад…

Мароҳили мазкурро ҷавонон метавонанд дар пайваста тамошо кардани филмҳо ва видеороликҳои мазмуну муҳтавои хушунату зӯроварӣ, фаҳшу ғайриахлоқӣ ва қатлу куштордошта (онлайниву ғайрионлайнӣ) ё бозиҳои интернетии бо ҳамин мазмуну муҳтаво низ таҷриба кунанд. Яъне, пайваста вақтгузаронӣ дар дунёи маҷозии интернет (тамошои филмҳои фаҳшу тарснок ва дорои саҳнаҳои қатлу куштор) барои ҷавонон хӯ ва одат гашта, оҳиста-оҳиста онҳо вобастаи  он мегарданд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то онро идома диҳанд.

Бо ин ҳама зиёнҳо вақтгузаронӣ дар дунёи маҷозии интернет ройгон ва маҷонӣ набуда, маблағ талаб мекунад ва онҳое, ки пойбанду муътод ба дунёи маҷозии интернет гардидаанд, барои бароварда кардани эҳтиёҷоти равонӣ ва ҷисмии хеш даст ба ҳар амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноӣ мезананд. Таҳлилу таҳқиқ дар ин самт ба он ишора мекунанд, ки интернет дар қатлу куштор, дуздиву ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус, пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, азҳампошии оилаҳои ҷавон, танфурӯшӣ ва дигар амалҳои номатлуб бетаъсир набудааст. Яъне, интихоби роҳи нодурусту ғалат, ки бидуни ташхис ва ғайриоқилона (чи дар олами маҷозии интернет ва чи дунёи воқеӣ) сурат мегирад, анҷомаш нобудист…

Фоидаи интернет

 Интернет ҳамгуни ханҷари дудамаест, ки бо як дамаш мешавад дар ошхона кор гирифту бо дами дигар  даст ба ҷиноят зад. Ҳамин аст, ки интернет дар баробари таъсири манфӣ доштан ба ҳаёти инсон дорои ҷанбаҳои мусбат низ мебошад. Бо корбурди дуруст ва бамавқеи интернет инсон метавонад берун аз маҳдудаи замониву маконӣ дар кӯтоҳтарин вақт забонҳои мухталифи хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои гуногунро аз худ намояд, дар бонуфузтарин донишгоҳҳову донишкадаҳо таълим гирад ё тадрис намояд, бо роҳи тиҷорату бозаргонӣ пул ба даст орад, аз ҳар гӯшаи ҷаҳон дӯстон пайдо намуда, бо онҳо муошират намояд, пухту пазро ёд гирад, хонанда ва муштарии бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳон бошад, хулоса, ҳар кореро, ки дар дунёи воқеӣ имкони анҷомаш бошад, дар олами интернет низ амалӣ мегардад.

Танҳо фарқият дар он аст, ки дар дунёи маҷозии интернет кас пойбанди маҳдудаи замониву маконӣ намегардад. Масалан, дар китобхонаи бонуфузтарин донишгоҳи Англия (Оксфорд) китобест, ки барои донишҷӯ хонданаш ҳатмист. Барои дастрасии китоб ва хондани он дар дунёи воқеӣ донишҷӯро лозим меояд, ки чанд моҳи худро сарфи даводавӣ ва ҳуҷҷатгузории сафар ба Англия намуда, чандин ҳазор маблағи дигар масраф намояд, то ба Англия рафта, он китобро хонад. Эҳтимоли зиёд дорад, ки донишҷӯ барои рафтан ба Англия муваффақ нагардад. Вале дар олами маҷозии интернет донишҷӯ метавонад аз утоқи худ берун набаромада, бо маблағи ночиз ва дар муддати чанд дақиқа ба мақсади хеш ноил гардад… Ё инсонҳо дар дунёи маҷозии интернет метавонанд аз интернет-мағозаҳо дилхоҳ колои мавриди ниёзашонро бо сифати хубу андозаи мувофиқ ва нархи дастрас ба манзили истиқоматашон таҳвил бигиранд…

 Роҳҳои ҳалли масъала

 Коршиносон ба ҷавононе, ки ба тозагӣ вориди ҷаҳони маҷозии интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоии интернет мегарданд, барои ба инҳироф кашида нашудану роҳгум нагаштанашон чанд маслиҳат пешниҳод менамоянд, ки онҳоро дунбол кардан муҷиби наафтодан дар вартаи гумроҳӣ мешавад:

  1. Ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳо бо ному насаби хеш ё номи мустаор (nickname) фаъолият намоянд. Номи мустаор миллӣ бошад ва аз лиҳози забониву маънӣ бехатову ғалат интихоб шавад. Чунки номгузории нодуруст метавонад боиси ҷалби назари мубаллиғону эмиссарони ҳирфаӣ дар доираҳои гуногуни интернет гардад.
  2. Ҷавонон бояд сурату аксҳои воқеии худро бидуни ҳар гуна жесту симоҳои ғарибу ифротӣ дар профил ё фотоалбомҳои саҳифа гузоранд. Ҳар гуна аксу навиштаҷотро бидуни ташхис ва огоҳии он дар саҳифаашон ҷой надиҳанд. Инчунин аз нашру бознашри ҳар гуна видеорилику наворҳое, ки мазмуну муҳтавои экстремистӣ-террористӣ ва фаҳшу ғайриахлоқӣ доранд, худдорӣ намоянд.
  3. Набояд ҳар маводи дар шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳо интишоргаштаро биписанданд ва ба онҳо лайку класс гузоранд ё онҳоро дар саҳифаҳояшон ҷой диҳанд (поделиться намоянд)-у ба дӯстони интернетиашон тавсия намоянд. Ин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки ҷавонон вориди шабакаҳои иҷтимоии интернету сомонаҳо гардида, аз ин роҳҳо истифода набаранд, балки истифода танҳо бо мақсади муфид ва барои фоидаи миллату ҷамъият, тарбияву таълим ва ҳидояти дигарон ба роҳи рост бошад, на баръакси ҳол. Ҷавонон бояд маводи аудиовидеоӣ, расму сурат ва матну навиштори мазмуну муҳтавои баландбардорандаи ҳувияту асолати миллӣ, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро биписанданд ва лайку класс монанд ва ба дӯстони интернетиашон бо роҳҳои ҷой додан дар саҳифа (поделиться) тавсияву таблиғ намоянд.
  4. Дар гирифтани дӯстони интернетӣ диққату ҷиддият ба харҷ диҳанд. Нафарони дорои номҳои мустаор ва ношиносро дӯсту ҳаммасири интернетии хеш қарор надиҳанд ва онҳоеро, ки пешниҳоди дӯстӣ (заявка о дружбе) медиҳанд, бидуни таҳқиқ ва шиносоӣ ба дӯстӣ напазиранд ва ба паёмакҳо (сообщение)-ву шарҳҳо (коментарие) посух надиҳанд. Инчунин худогоҳу нохудогоҳ ба ҳар гурӯҳу ҷамъиятҳои шабакаҳои иҷтимоии интернет бидуни ташхису донистан аъзо нагарданд. Зеро таҳлилҳо ба он ишора мекунанд, ки эмиссарону мубаллиғони ҳирфаӣ аз доираҳои мухталиф дар олами маҷозии интернет роҳу усулҳои зиёдеро барои мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавонон таҷриба кардаанд, ки аз назари инҷониб, муҳимтарину муассиртаринашон усули «паёмакӣ» буда, марҳилаи ҳалкунанда маҳсуб меёбад. Яъне, эмиссарону мубаллиғон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет бо роҳи ирсоли паёмак (сообщение) истифодабарандагони дигарро ҷалб ва ба сӯи сомонаҳои дигари интернетӣ роҳнамоӣ мекунанд.
  5. Дар навиштани шарҳу тавзеҳот ба маводи интишоргашта одобро риоя намуда, аз доираи одобу ахлоқ хориҷ нашаванд ва ба қадри фаҳму донишашон мантиқӣ нависанд, баҳс намоянд ва хулосагирӣ кунанд.
  6. Нуктаи таъкид он аст ки ҷавонон набояд ҳангоми фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ “тағйири ҷинсият” намоянд. Яъне, агар ҷавонон писар бошанд, бо ному симои духтарона ва агар ҷавонон духтар бошанд, бо ному симои писарона баромад накунанд. Бо вуҷуди ғайриахлоқӣ будани амали мазкур метавонад рӯйи шахсияти ҷавонон таъсири манфӣ гузорад.

Риоя нанамудани қоидаҳои мазкур метавонад истифодабарандагони он, махсусан, ҷавононро худогоҳу нохудогоҳ роҳгум намуда, баъзан ба мусоидати иҷрои амалиёти террористӣ-экстримиству нақзи қонунҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда оварда расонад ва ба осонӣ ҳадафи эмиссарону мубаллиғони ҳирфаии ҷаҳони бекарони интернет гарданд.

http://khovar.tj/2019/08/boz-dar-borai-amniyati-ittiloot-yo-hud-dunyoi-ma-oz-hushbahtsozu-badbahtnamoi-insoniyat-ast/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима