Раиси кулли “Озодӣ” аз ҳамкоронаш дар Тоҷикистон ҳимоят кард
     TJ RU EN
01:28 / 2024-11-16

Раиси кулли “Озодӣ” аз ҳамкоронаш дар Тоҷикистон ҳимоят кард

Ҷеймӣ Флай, Президенти Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ (РСЕ/РС) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба рӯзноманигорони радио дар кишвар иҷозати кор диҳанд.

Ҷеймӣ Флай дар робита ба вазъи озодии расонаҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи 27-уми август бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе мулоқот кард.

Флай аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, ки рӯзноманигорон ва кормандони Радиои Озодиро дар кишвар расман сабтином кунанд. Ӯ гуфт, умедвор аст, ҳукумат дарк хоҳад кард, ки дастрасии шаҳрвандон ба доираи васеи манобеи хабарӣ ва иттилоъ ба нафъи ҷомеа ва амнияти Тоҷикистон хоҳад буд.

Ҳашт рӯзноманигор ва корманди Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон феълан ҳаққи кор карданро надоранд, зеро дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон онҳоро сабти ном накарданд. Пештар Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, онҳо рӯзноманигоронеро, ки бо навиштаҳои худ ба сиёсати давлатӣ «осеб» мерасонанд, сабти ном нахоҳанд кард.

https://tajikistantimes.com/tajikistan/raisi-kulli-ozod-az-amkoronash-dar-to-ikiston-imoyat-kard/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима