Муроҷиати родиёи «Муҳоҷир» аз Русия ба журналистони Тоҷикистон
     TJ RU EN
10:57 / 2024-11-16

Муроҷиати родиёи «Муҳоҷир» аз Русия ба журналистони Тоҷикистон

Родиёи «Муҳоҷир», ки дар фазои иттилоотии Федератсияи Русия бо забони тоҷикӣ садо медиҳад, бо як баёнияи матбуотӣ ва муроҷиат ба собиқадорону кормандони родиёҳои ватанӣ аз онҳо дар гуcтариш ёфтани кори ин шабака ёрӣ хостааст.

Матни ин баёния, ки аз номи бунёдгузори ин родиё Ғуфрон Ваҳҳобов, роҳбари хабаргузории “Тоҷинфо”, нашр шудааст дар зер пушкаши хонанда мегардад:

«БАЁНИЯИ МАТБУОТӢ ВА МУРОҶИАТНОМА

дар мавзӯи бознигарӣ дар фаъолияти родиёи «Муҳоҷир»

Родиёи «Муҳоҷир» соли 2012 дар Маскав таъсис дода шуд ва аз оғози фаъолият то ба имрӯз танҳо тавассути интернет пахш мегардад. Муассиси родиё Раҳим Каландаров, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Соли 2013 хабаргузории “Таджинфо” (Тоҷинфо) тибқи як созишномае фаъолияти родиёро зери таъсир ва сарпарастии худ гирифта, молики он шуд. То имрӯз дар родиёи «Муҳоҷир» барномаҳои «Ёди Ватан», «Қалби муҳоҷир», «Китоб дар назди микрофон», «Ҳидоят», «Дӯкони ханда», «Мавҷи ғазал», «Тоҷикони дунё», «Шоми ғарибон» таҳия ва мунташир шудааст. Таҷҳизоти фаннӣ барои таҳияи барномаҳои родиё таъмин набуд ва таҳиягарон барномаҳоро дар доираи имкониятҳои маҳдуд ва ҳаваскорона таҳия намудаанд.

Имрӯз бо мақсади бознигарӣ дар фаъолияти родиёи «Муҳоҷир» хабаргузории «Тоҷинфо» имкон пайдо намуда, таҷҳизоти фанӣ харидорӣ намуд. Родиё акнун аз студияи нисбатан муҷаҳҳаз садо медиҳад ва бештар ба муҳоҷирони тоҷик минбар медиҳад. То ҳанӯз фаъолият дар сатҳи ҳирфаӣ меъёри кор нагардидааст. Дар родиёи «Муҳочир» рӯзноманигорони ҳирфаӣ фаъолият намебаранд ва кор дар сатҳи фаъолияти блогерони ҳаваскор идома дорад. Сабаби чунин сатҳи фаъолият набудани имконияти молиявӣ буда, талош мекунем, ки ин вазъ бартараф шуда, фаъолияти родиёи тоҷикон дар фазои Русия пуртаъсир гардад. Новобаста ба маҳдудияти имкони молиявӣ хабаргузории “Тоҷинфо” кӯшиш мекунад, ки родиёро қадам ба қадам ба фаъолияти ҳирфаӣ ворид намояд. Дар қадамҳои нахуст родиёи “Муҳоҷир” ба кӯмаку дастгирии рӯзноманигорони тоҷик ниёз дорад. Бо ин мақсад мудирияти хабаргузории “Тоҷинфо” тасмим гирифтааст, ки ба як гурӯҳ рӯзноманигорон расман муроҷиат намуда, ба дастгирии онҳо умед бандад. Пеш аз он, ки мавзӯи умедвории худро баён намоем, рӯзноманигоронеро, ки ба кӯмакашон умед мебандем, номбар менамоем:

Сайрам Бақозода, рӯзноманигор ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва родиёи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Умед Бобохонов, роҳбари хабаргузории “Азия плюс”,

Ҷонибек Асрориён, саруҳаррири родиёи “Фарҳанг”,

Сурайё Шуҷоъат, муҳаррири родиёи “Садои Душанбе”,

Фарух Зиёзода, директори родиёи “Тоҷикистон”,

Саидҷаъфар Ашӯров, директори родиёи “Ховар”,

Салим Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии родиёи “Озодӣ”,

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори бахши форсии родиёи Бибиси,

Умед Ҷайҳонӣ, таърихшиноси тоҷики муқими Маскав,

Соҷидаи Мизо, рӯзноманигор,

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор,

Шаҳзода Назарзода, рӯзноманигор,

Мӯъмин Аҳмадӣ, рӯзноманигор,

Худоёри Валӣ, директори родиёи “Имрӯз”,

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор, собиқ сармуҳаррири родиёи “Имрӯз”,

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор,

Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои родиёи “Ватан”,

Сӯҳроби Зиё, рӯзноманигори родиёи Бибиси,

Зеваршоҳи Муҳаммад, рӯзноманигори родиёи Бибиси,

Мирзо Салимпур, сармуҳаррири хабаргузории “Ахбор”,

Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор,

Орзу Исоев, рӯзноманигор,

Соҳибёр Толибиён, дар гузашта хабарнигори родиёи “Тоҷикистон” дар Русия,

Саидэҳсон Солиев, ровии барномаи “Минбар” дар родиёи “Имрӯз”,

Далери Имомалӣ, таҳиягари барномаи “Прес-клуб» дар родиёи «Ватан»,

Ҷамшеди Маъруф, сармуҳаррири родиёи “Пайванд”,

Дилошӯб Орифзода, рӯзноманигор ва продюссер

ва дигар рӯзноманигороне, ки исму насабашон дар ин ҷо зикр нашуд, аммо дар рушди родиёи тоҷик саҳм доранду бетараф нестанд.

Мӯҳтарам рӯзноманигорон!

Аз Шумо хоҳишмандем, дар самти беҳтар шудани барномаҳои родиёи “Муҳоҷир” моро дастгирӣ намоед. Барномаҳое, ки родиёҳои Тоҷикистон ва бахшҳои тоҷикии родиёҳои байналмиллалӣ дар мавзӯи муҳоҷират таҳия ва пахш мекунанд, омодаем, ки дар родиёи “Муҳоҷир” бознашр намоем. Мусоҳибае, ки Шумо барои родиёи худ анҷом медиҳед ва муҳим мешуморед, ки он ба гӯши муҳоҷирон расад, лутфан ба мо низ фиристед, то дар родиёи “Муҳоҷир” пахш намоем. Аз хазинаи худ мусоҳибаҳои аҷибро, ки барои муҳоҷирон шуниданаш муҳим аст, лутфан ба мо фиристед. Ҳар кӯмаку дастгирие, ки имкон доред, ба он ниёз дорем! Умедворем, ки барои огоҳии ҳамватанон ва ҳамқавмони худ дар муҳоҷират таъсир мегузоред!

Бо умеду эҳтироми беандоза

Ғуфрон Ваҳҳобов,

роҳбари хабаргузории “Тоҷинфо”

Тел: +79775106768

E-mail:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ”

http://faraj.tj/habari-ruz/murojiati-rodijoi-muhojir-az-rusija-ba-zhurnalistoni-tojikiston/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима