Рӯзноманигорӣ аз касбҳое дониста мешавад, ки яке аз вижагиҳояш ҳимояи озордидагон аст. Аммо худи журналистон гоҳе дар ҳолате меафтанд, ки ниёзманди ҳимоят мешаванд. Онҳоро бо иттиҳоми нашри маълумоти носаҳеҳ ё паст задани шаъну эътибори мақомдорон ба додгоҳ мекашанд, таҳдид мекунанд ё зери фишор қарор медиҳанд. Гоҳе ки кор ба додгоҳ мекашад, албатта, онҳо аз хидмати адвокат ё вакилони дифоъ истифода мекунанд, лекин чунин ҳуқуқшиносон бояд нозукиҳои касбӣ ва забону баёни рӯзноманигориро бояд ба андозаи кофӣ донанд.
Дар ҳамоиши Академияи расонаҳо дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 15 ва 16 август на танҳо ин масъала, балки печидагиҳои қонунгузории соҳаи нашри маълумот ва расонаҳои ахбори ом дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Шоира Давлатова, мудири "Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон", мегӯяд, хабарнигорони тоҷик инчунин ба мушкили дарёфти иттилоъ ва гирифтани иҷозаи кор дар расонаҳои хориҷӣ, рӯбарӯ ҳастанд. Чизе, ки мақомот онро рад мекунанд.
Гуруҳи мудофеони ҳуқуқи хабарнигоронро ҳамин "Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон" омода мекунад. Шоира Давлатова, мудири ин созмон рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 20 ҳуқуқдони ҷавонро гирдиҳам овардаанд. Онҳо дар сурати пеш омадани мушкил ба хабарнигорон машварат медиҳанд ё ҳангоми ба додгоҳ рафтани қазия, аз рӯзноманигорон пуштибонӣ мекунанд.
"Дар Тоҷикистон камбуди вакилони дифое эҳсос мешавад, ки тавонанд ба хабарнигорон кумакҳои ҳуқуқӣ расонанд. Як нуктаро таъкид мекунам, ки дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳамагӣ 5 вакили мудофеъ аст",- афзуд ӯ.
Ширкатдорони ҳамоиш қонунгузорӣ ва вазъи ҳуқуқии рӯзноманигорону расонаҳоро дар Қирғизистон беҳтарин ва қобили пайравӣ номиданд.
Олга Диденко, ҳуқушинос аз Қазоқистон ва мушвоири минтақавии ҳуқуқи матбуот дар тарҳи MediaCAMP, вазъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳлил намуд ва гуфт, Қирғизистон дар ҳамаи раддабандиҳои озодии сухан дар минтақа ҷойгоҳи беҳтаринро ишғол мекунад.Ин кишвар меъёрҳои байнулмилалиро ҷорӣ ва озодии баёнро ғайриҷиноӣ кардааст.
Александр Бурмагин, вакили мудофеъ ва мудири иҷроияи созмони "Асосҳои ҳуқуқи инсон" аз Украина гуфт, муқаррароти Иттиҳоди Аврупо ва ҳам Созмони Милали Муттаҳид муайян кардаанд, ки дастрасӣ ба иттилоот ва пахши онҳо дар ҳамаи кишварҳо озод аст. Аммо ба бовари ӯ, баъзе аз кишварҳои ҷаҳон бо назардошти вижагиҳои худ дар роҳи фаъолияти озоди хабарнигорон "монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд".
Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё хабарнигорони хориҷӣ дар кишваре метавонанд бидуни аккредитасия фаъолият дошта бошанд, гуфт, "дар санадҳои СММ ва Иттиҳоди Аврупо таъкид мешавад, ки аккредитасия танҳо василаи ёрирасон дар кори хабарнигорон аст, на воситаи фишор. Хабарнигорон, ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, дар ҳар кишваре метавонанд бидуни дарёфти аккредитасия фаъолият карда, маводи худро пахш кунанд. Шарти зарурӣ барои ин кор танҳо риояи арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ аст".
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Олга Диденко, мушовири минтақавии ҳуқуқи расонаҳои барномаи MediaCAMP, мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз фишангҳои, ба эътиқоди онҳо қонунӣ, дар фаъолияти озодонаи расонаҳо монеа эҷод мекунанд.
Вай афзуд, "тасаввуре вуҷуд дорад, ки вазъи озодии баён дар Қазоқистон хуб аст. Ин комилан ғалат аст. Дар Узбекистон танҳо чанд моҳ пеш ба озодбаёнӣ қадам гузоштанд ва ҳоло хулоса баровардан душвор аст. Нисбат ба Туркманистон ҳатто ҷойи гап нест. Дар Тоҷикистон камбуди расонаҳои мустақил, бахусус, шабакаҳои телевизионӣ рушд накардааст. Тоҷикистон дар шохисҳои озодии баён пайваста яке аз ҷойгоҳи охиринро ба худ ихтисос медиҳад".
Нозирони озодии баён дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам маҳаллӣ аз поинравии нишондодҳои озодии баён дар Тоҷикистон дар чанд соли охир интиқод мекунанд.
Тоҷикистон, ки чанд соли охир дар шохиси созмони Гузоришгарони бидуни марз дар миёни кишварҳои "ноозод" қарор мегирад, бо сабаби сензураи матбуоти интернетӣ, фишор болои журналистон, баста шудани расонаҳо ва тарки кишвар кардани хабарнигорон аз миёни 180 кишвар дар мақоми 161-ум ҷой гирифтааст. Дар як соли охир нишондодҳои ин кишвар якбора 12 зина поин фаромадааст.
Вале мақомот мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон озодии суханро кафолат медиҳанд ва кӯшиши онҳо пешгирӣ аз иттилооти бардурӯғ ва бадномкунанда аст. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва хабаргузорӣ фаъол аст. Аммо нозирони умур мегӯянд, бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкорои камбуди ҷомеа парҳез карда, "бештар машғули таблиғи дастовардҳоянд". Онҳо таъкид мекунанд, ки чунин ҳолат ба имиҷ ё симои байнулмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.
Дар ҳамоиши Академияи расонаҳо гуфта шуд, ки бояд худи рӯзноманигорон бо истифода аз муқаррароти қонун ва кумак роҳнамоии ҳуқуқшиносони варзида барои дифоъ аз ҳуқуқи худ иқдом кунанд.