Алламҷонов: онҳое, ки Фейсбуку Ютубро дар Ӯзбекистон мебастанд, ҳоло дар зиндонанд
     TJ RU EN
12:51 / 2024-11-16

Алламҷонов: онҳое, ки Фейсбуку Ютубро дар Ӯзбекистон мебастанд, ҳоло дар зиндонанд

Шахсоне, ки шабакаи иҷтимоии Facebook ва саҳифаи YouTube-ро дар Ӯзбекистон мебастанд, ҳоло дар зиндонанд. Ин нуктаро мудири Оҷонси иттилоот ва иртиботи оммавии Ӯзбекистон Комил Алламҷонов дар суҳбат бо видеоблогер Кирилл Алтман баён дошт.

"Онҳо фикр мекарданд, ки эҳтимол аст, чизҳои манфӣ бештар шавад. Тасмим гирифтанд, бо бастани Facebook ва YouTube иттилои манфиро коҳиш диҳанд. Бо онҳо дар ин замина баҳсҳои сахте доштам. Ман гуфтам, ки зидди хабарҳои манфӣ бояд бо далел мубориза бурд", - афзудааст ӯ.

Дар Ӯзбекистон аз 19 феврали соли равон дастрасӣ ба саҳифаи YouTube ва шабакаи иҷтимоии ВКонтакте дубора барқарор шуд. Ин шабакаҳои иҷтимоии маъруф аз моҳи сентябри соли 2018 ба ин сӯ бо сабабҳои номаълум баста буданд. Бештари ӯзбекистониҳо барои ворид шудан ба шабакаҳои мазкур аз филтршиканҳо истифода мекарданд.

Мақомоти ӯзбек сабаби маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳоро дар он кишвар расман шарҳ намедоданд.

https://www.centralasian.org/a/30094767.html?ltflags=mailer


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима