Салимзода: Нишастҳо дар се моҳ як бор шаванд, беҳтар аст
     TJ RU EN
12:35 / 2024-11-16

Салимзода: Нишастҳо дар се моҳ як бор шаванд, беҳтар аст

Раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимҷон Салимзода гуфт, ки нишастҳо дар се моҳ бояд як маротиба доир карда шаванд.

Ӯ ин нуқтаро имрӯз, зимни баргузории мизи гирд, ки дар мавзӯи “Дастрасӣ ба иттилоот: вазъи феълӣ ва дурнамо” буд, изҳор дошт.

“Агар нишастҳои матбуотӣ зуд-зуд доир шавад ҳам ба нафъи мардум, ҳам ҷомеаи журналистӣ ва ҳам худи мақомоти давлатӣ аст”,-гуфт ӯ.

Ин суханони яке аз вакилони маъруф ва хатмкардаи бахши журналистика, дар ҳоле садо медиҳанд, ки нишастҳои матбуотӣ бо ширкати раҳбарони аввали вазорату кумитаҳо дар оғоз ҳар се моҳ доир мегардиданд. Аммо, бо гузашти вақт, бо сабабҳои номаълум айни замон нишастҳо дар ним сол як маротиба доир мешаванд. Дар идома бошад, Салимзода таъкид кард, ки баъзе аз раҳбарони аввал умуман аз ширкат дар нишастҳо худдорӣ карда, имрӯз ба ҷойи худ муовинашонро мефиристанд.

— Вазироне, ки худро эҳтиром мегузоранд, шахсан ба нишастҳо меоянд ва ба навиштаҳо ҷиддӣ вокуниш мекунанд. Масалан, сарварони вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати илм ва фарҳанг, Вазорати тандурустӣ, ки имрӯз дар ҷаласа сардорони дафтари матбуотиашон ҳузур доранд,- илова кард Салимзода.

Журналистон ва раҳбарону намояндагони марказҳои матбуотии вазоратхона ва кумитаҳои кишвар зимни баррасии мавзӯъ натанҳо аз мавзеъгириҳо бо рӯзноманигорон ҳарф заданд, балки аз камдонишии журналистони ширкаткунанда дар нишастҳо ҳам гуфтанду аз тарзу усули навиштани дархости журналистӣ ҳам, аз бархӯрди баъзе мақомот бо маводи танқидӣ ҳам ҳарф заданду аз мавқеи баъзе раҳбарон ҳам.

Олимҷон Салимзода, гардонандаи маҳфил дар ин маврид гуфт:

— Баъзе раҳбароне ҳастанд, ки оҷилан ҷавоб медиҳанд, баъзе ҳастанд, ки умуман посух намегӯянд. Ҳол он ки иттилооти саривақтӣ боис ба пешравии кишвар аст. “Журналистика таъсираш дар ҷомеа ба ҳадде аст, ки таъсири онро касе инкор карда наметавонад. Дар ҳодисаи сарҳад матбуоти мустақил фаъолтар буд, ки боиси таҳсин аст! Журналистика ҳукумати чорум ҳаст. Ҳуқуқҳои онро касе гирифта наметавонад,-гуфт мавсуф.

Мавсуф дар мавриди баргузор нашудани нишастҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар назарашро чунин баён дошт:

— Чаро нишасти худро  баргузор намекунад? Талаб кунед, мо мерасонем ва масъала мегузорем,- илова кард ӯ.

Бояд ёдовар шуд, мизи гирд бо ташаббуси “Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Фароҳам овардани майдончаи интернетӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон” бо кӯмаки “Институти ҷомеаи кушод – Бунёди мадад” доир гардид.

http://faraj.tj/habari-ruz/salimzoda-nishastho-dar-se-moh-jak-bor-shavand-behtar-ast/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима