Душанбе: “Даҳ соли худтанзимкунии ВАО” (навор)
     TJ RU EN
12:01 / 2024-11-16

Душанбе: “Даҳ соли худтанзимкунии ВАО” (навор)

Бахшида ба “ Даҳ соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон: Имконият  ва рафъи таҳдидҳо баҳри фаъолияти ояндаи журналистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Имрӯз дар меҳмонсаройи “Ҳилтон”-и  пойтахт  мизи мудаввар  таҳти унвони “Даҳ соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон: Имконият ва рафъи таҳдидҳо  баҳри фаъолияти оянда” баргузор гардид.Дар ин мизи мудаввар меҳмонон, журналистони соҳибкасб иштирок карда суханронӣ намуданд. Сухани ифтитоҳиро Олимҷон Салимзода — Раиси Кумитаи оид ба корҳои байналхалқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валериу Кивер-Сафир, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Шаҳло Акобирова-раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Дар мизи гирд масъалаҳои “Афзалияти худтанзимкунии ВАО”, “Офаридани кодекси ахлоқи журналистӣ”, “Имконот ва мушкилот” аз тарафи мутахассисони соҳа  дар кишвар  ва  берну аз он маврии баррасӣ қарор гирифт.Дар анҷом аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳо таҳия ва қабул гардид.

Бояд гуфт, ки  мизи мудаввар бо дастгирии Дафтари барномаҳои  Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе ва ташаббуси  Созмони журналистии Шурои ВАО-и Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Видео: Мизи мудаввар

http://faraj.tj/habari-ruz/dushanbe-dah-soli-hudtanzimkunii-vao-video/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима