“Интелект шоу”. Яъне чи?
     TJ RU EN
10:37 / 2024-11-16

“Интелект шоу”. Яъне чи?

Солҳои охир чӣ дар матбуот ва чӣ дар телевизиону радио истифодаи калима ва ибораҳои бегона, хусусан арабӣ, авҷ гирифтааст. Ин раванд дар ҳолест, ки бештари ин калимаҳо намунаи зебои тоҷикӣ доранд.

 Падидаи дигари номатлуб тарҷумаи бемаънӣ ва таҳтуллафзии ибора ва ҷумлаҳои русист, ки ҳусни забони тоҷикиро костааст. Барои мисол, аксари гӯяндагони телевизиону радио ва журналистони матбуот ба ҷои калимаҳои тоҷикии «падару модар» — «волидайн», «аср» ё «сада» — «қарн», «кушодашавӣ» — «ифтитоҳ», «ҷашнгирӣ» — «таҷлил», «пешвоз» -«истиқбол», «шунавандагон» — «сомеъон», «осмон» – «само», «пеш» (пешина) – «қабл»-ро истифода мебаранд. Ҳатто калимаи дилнишини «дил»-ро, ки аз шунидаш, кас ба ваҷд меояд, як тараф монда, ба ҷойи он «қалб»-ро бештар мавриди истифода қарор медиҳанд. Ё ба ҷои калимаҳои «нав»- «ҷадид» ва «арзон»-«тахфиф»-ро ба кор мебаранд, ки ин теша ба решаи забони тоҷикӣ мезанад.

Албатта, ягон забон дар алоҳидагӣ ва танҳоӣ рушд намекунад ва бисёре аз калимаҳои арабиву туркӣ ҳам дар забони мо ва баръакс аз мо ба онҳо ҳам ворид шудаанд. Аммо вақте барои ифодаи фикр калимаи тоҷикӣ мавҷуд аст, ҳоҷат ба истифодаи калимаҳои бегона нест.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз забони моро хорузор кардааст, тарҷумаи нодурусти калимаву ибораҳо аз забонҳои дигар мебошад. Барои мисол, тарҷумонҳои мо ибораи «диаметр»-ро «қутр», «изолятсия»-ро «оиқ» тарҷума кардаанд.  Аз садои дилхароши ин калимаҳо кас нороҳат мешавад.  Магар намешавад, ки «диаметр»-ро «миёнбанд» ё «даврамиён» ва «изолятор»-ро «пардапеч» ё «рӯйпеч» тарҷума кунем? Ё беҳтар аст, ки «диаметр» ва «изолятор»-ро ба ҳамин шакл қабул намоем.

Имрӯз шореҳони варзиш ибораи «бозингари калидӣ»-ро кашф кардаанд, ки аз ибораи русии «ключевой игрок» калка шудааст. Ин  монанди «Ман туро нағз мебинам»-ро «Я тебя хорошо вижу» тарҷума кардан аст. Ҳол он ки «Ключевой игрок» ба забони тоҷикӣ «Бозингари асосӣ»  ё «Бозингари пешбар» аст.  Илова бар ин ҳамин шореҳони варзиш ибораҳои «зарбаи шадид, қавӣ мустақим ё дифоъ»-и арабиро ба ҷои ибораҳои тоҷикии «зарбаи сахт, нишонрас, рост ва ҳимоя (ҳимоягар)» истифода мекунанд, ки хеле гӯшхарош аст.

Мутаассифона, то ҳанӯз калимаҳои «суд» ва «прокуратура» тарҷумаи тоҷикии худро надоранд.

Солҳои охир кормандони телевизион намоишҳоро, хосатан намоишҳои дилхуширо “шоу” номгузорӣ кардаанд, барои мисол “Интелект шоу”. Беҳтар мебуд ба ҷойи ин ибораи тоҷикии “Хурӯши хирад” мавриди истифода қарор бигирад.

Вақти он расидааст, ки Ҷамъияти “Ҳилоли аҳмар”-и Тоҷикистон ҳам номашро ба  “Моҳи нав” иваз намояд. Мо ҳам ба ҷойи калимаи “маҷлис”  “анҷуман” бигӯем.

Ин аст, ки имрӯзҳо забони модарии мо ба забони дағали кӯчаю бозор табдил ёфтааст ва касе барои боло бурдани мавқеи он кор намекунад.  Як нукта барои ман нофаҳмо аст, ки чаро кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот,  забоншиносон ва умуман аҳли зиё  нисбати ин масъала беэътиборӣ мекунанд? Мо бояд дастаҷамъона бар зидди равияҳои номатлубе, ки теша ба решаи забонамон мезананд, мубориза барем.

http://tajikistantimes.com/tajikistan/intelekt-shou-yane-chi/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима