“Ту ҳақ надорӣ овози мара запис кнӣ!”
     TJ RU EN
10:23 / 2024-11-16

“Ту ҳақ надорӣ овози мара запис кнӣ!”

Бо вуҷуди он ки дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мутахассисон ва омӯзгорони асили соҳаи журналистика ба донишҷўён дарс мегузаранд, вале аз чӣ бошад, ки то ҳанўз баъзе аз хатмкардагони ихтисоси мазкур  ба ҷамъоварии иттилоъ, сарчашмаи аввалиндараҷаи иттилоъ ва тадқиқоти журналистӣ сарфаҳм намераванд.

Баъзе аз роҳбарони идораву муассисаҳои мухталифи ноҳия аз ин вазъият истифода бурда, ҳуқуқ ва салоҳияти бардӯшдоштаи рўзноманигорро зери пой месозанд.

Бо дарназардошти соҳаи мазкур ва ҳимояи ҳуқуқу салоҳият ва озодии журналист банда ба баъзе аз роҳбарон ва кормандони муассисаҳое, ки журналист ба он ҷо пайи тадқиқи ин ё он масъала равона мешавад, расониданиям: Аз оне, ки бо карру фар пучмағзии хешро бармало месозед ва бо ибораи (Ту ҳақ надорӣ биёи мара прспорс кнӣ ё овози мара запис кнӣ) санги бетамизӣ ба шараф ва мансаби ишғолнамудаи хеш мезанед, лоақал боре ҳам моддаи 30- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷкистон, моддаи 19-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар,  моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи матбуот ва дигар  ВАО” ва моддаҳои 31 ва 32- и боби 4-и “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар соҳаи  воситаҳои ахбори омма ” –ро ангушт занед .

Барои онҳое, ки ҳарф намешиносанд ва адолатгурезу қонуннашнавандаанд се бандро аз моддаи 28-и боби 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар  ВАО” пешниҳод менамоям:

1. Журналист ҳуқуқ дорад ахборро ҷустуҷў, дастрас, таҳрир ва интишор намояд.

2. Вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад.

3. Ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намоят, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст (порнография ва маълумотҳои дорои сирри давлатӣ).

Таҳқиқи журналистӣ маводест, ки баробари арзиши волои иттилоотӣ доштан, байни иҷтимоъ эътибори вижа дорад. Албатта, бояд донист, ки таҳқиқот  бидуни хоҳиши шахс, фикр ва кӯшиши журналист пайдо шуда наметавонад. Мавзӯъҳое, ки бояд мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд, хусусияти проблемавӣ дошта бошанд ва мавзӯъҳои мубрами дархӯрди ҷомеа бошанд. Мақсади таҳқиқи журналистӣ, пеш аз ҳама, ошкор намудани асос ва сабабҳои проблемаи актуалии пардапӯш ва нишон додани ҳолати воқеии онҳо аст.

Роҳбарон ва кормандони арҷманд! Хоҳишмандам аз таҳқиқ ва танқиди созандаи мо ғазабӣ ва рӯҳафтода нашавед. Зеро ҳар мушкиле, ки пайдост, сабабгораш инсон аст ва дониста бошед, ҳар зулм, ноҳаққӣ ва он чӣ сабабгори ноҳаққӣ ва афзудани зулм аст, сазовори танқид аст.

http://tajikistantimes.com/tajikistan/tu-a-nador-ovozi-mara-zapis-kn/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима