Чор мушкили доғи “Телевизиони Хатлон”
     TJ RU EN
10:29 / 2024-11-16

Чор мушкили доғи “Телевизиони Хатлон”

Фарогирии хеле ками мавҷи телевизиону радио, нарасидан ва фарсуда буданитехникаю таҷҳизоти корӣ, таъмир нашудан ва то ҳолати ҳузнангез расидани бино, камии музди кор бо вуҷуди сарборӣ аз мушкилоти ду даҳсола инҷониб ҳалношудаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон маҳсуб меёбанд.

 

Таърихчаи чорякасра

Ба қавли собиқадорони соҳа, “Телевизиони Хатлон”ҳамчун абзори идеологӣ моҳи августи соли 1993 дар замони даргириҳоибемаънӣ бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣасосан бо мақсади ба сулҳу ватанхоҳӣ фаро хондани ҷонибҳои башӯромада дар минтақаи аз ҳама бештар осебпазири Тоҷикистон – вилояти Хатлон ба таври оҷилӣтаъсис дода шуд. Нахустнамоиши он 25-уми марти соли 1994 на ба таври мустақил, балки тавассути “Телевизиони Тоҷикистон” манзур шуд.То моҳи июни соли 2008 дар як вақти кӯтоҳ – ҳамагӣ 45 дақиқа, пасон ҳудуди як соат кӯшиш карда мешуд, ки мардум аз вазъи аксар шаҳру навоҳии вилоят воқиф шаванд.Бо фароҳам омадани имкони паҳнсозии барномаҳо ба воситаи мавҷи мустақил аҳли эҷод бо дарки ҷойгоҳи хоси телевизион дар зиндагии ҳаррӯзаи сокинон соатҳои дар эфир қарор доштанромуттасил бо тартиби зер бештар карданд: …8, 10, 16, 18 ва ниҳоят 21 соат.Ҳоло радиои вилоят низ вақти интишори барномаҳоро аз дақиқаю соатҳои камшумори қаблӣ ба 12 соат расонидааст, ки ин ҳама гувоҳи фидокорию шикебоии коллективи анқариб 200-нафараи телевизион, радио ва маркази техникии идораи болозикр аст.Зеро бо вуҷуди дастгириҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва такопӯҳои гоҳо натиҷаовари роҳбарияти идора, ҳанӯз мушкилоти ҷиддии коҳишдиҳандаи ҳавсалаин ҷо зиёданд.

Мушкили I: фарогирии мавҷ – ҳамагӣ40 дарсад

Мушкилиаз ҳама вазнине, ки аз замони таъсиси идораи мазкур то ҳол ба таври дилхоҳ ҳал нашудааст, ин аз тамошои барномаҳои “Телевизиони Хатлон” маҳрум будани анқариб 60 дарсади аҳолии манотиқи вилоят мебошад. Яъне, тибқи иттилои Маркази интиқоли мавҷҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар вилояти Хатлон, мавҷи ин телевизион барои сокинони ҳамагӣ 13 шаҳру навоҳӣ дастрас аст ва он низ ба таври густурда не.Мушаххасан, ҳудуди фарогирии мавҷ дар шаҳру навоҳии Фархор 30 дарсад, А. Ҷомӣ – 31, Хуросону Ҷайҳун – 50, Данғара – 60, М.С.А. Ҳамадонӣ – 70 дарсад, Дӯстӣ – 85, Восеъ – 87, Ҷ. Балхӣ – 88, Кӯшониён,Бохтар, Вахш ва Кӯлоб 89 дарсад аст. Мавҷи радиои вилоят фақат дар 20 дарсади ҳудуди вилоят, яъне шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он қисман паҳн мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бинобар ҷой доштани бархӯрд ё ҳамгуншавии тамаддунҳо, ки дар баробари ҷиҳатҳои мусбат, ҷанбаҳои манфии зиёд ҳам дорад, ҷараён доштани ҷангҳои иттилоотӣ, ки таъсирашон гоҳе аз ҷангҳои силоҳӣ кам нест, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар бобати тақвият додани иқтидори иттилоотӣ дастуру супоришҳои хеле муфид ироа мекунад.Валебоиси ташвиши ҷиддист, ки тибқи мушоҳидаҳо, сокинони ноҳияҳои сарҳадии Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Қубодиён, Н. Хусрав, Ҷайҳун, М. С. А. Ҳамадонӣ ва Ш. Шоҳин аз сабаби маҳрум будан аз тамошои телевизиони вилоят ва қисман телевизионҳои ҷумҳурӣ, ногузир,ин халои иттилоотияшонро бо барномаҳои шабакаҳои телевизионии ғайр пур мекунанд. Мусалламан, касе кафолат дода наметавонад, ки сокинони ҳаштнавоҳии болозикр зери таъсири идеологияи барои мамлакати момушкилзо намеафтанд.

Афзал аст, ки барои ҳалли масъала марҳила ба марҳила дастгоҳҳои мавҷфиристандаи рақамӣ, ки воқеан ҳам арзиши андак надоранд, харидорӣ ва насб шаванд. Зеро тибқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025 ва Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо аз телевизиони начандон мақбули аналогӣ ба телевизиони кайфияти наворҳои баланд ё худ дақиқияти рангҳо комилтар – рақамӣ(HD) гузашта истодааст.Ва яқинан, ба ин васила нарасидани мавҷи ҳама телевизионҳо ниҳоят пас аз чанд даҳсола рафъ хоҳад шуд, ки ин бурди кам нест.

Мушкили II: дастгоҳу таҷҳизоти кофии нав мебояд

Боиси хушҳолист, ки ҳоло бо тақозои замон ҳама ниҳодҳои марбута барои ба пахши рақамӣ гузаштани телевизионҳои музофотӣниззавқманданд. Лектаъкидшуданист, ки Идораи телевизион ва радиои вилоят бо дастгоҳҳои пуриқтидори кор бо видеои дорои сифати олӣ муҷаҳҳаз набуда, таҷҳизоти мавҷуда корхӯрдаанд ва аксарашон барои меъёри кӯҳнашудаи аналогӣ пешбинӣ шудаанд. Ва боиси таассуф ин аст, ки мушкилоти дигари техникӣ низ ҷой доранд.

Ба гунаи мисол, бо мақсади таъмини фаврият зимни баргузории чорабинию барномаҳои берун аз ҳудуди идораи мавриди назарбояд аз студияи сабти сайёристифода шавад. Аммо он дастгоҳу василаҳои техникие, ки дар ҳамагӣ як чунин студияи мавҷудаи “Телевизиони Хатлон” истифода мешаванд, ногаҳон аз фарсуда шудани худ дарак дода, боисихаробии сифати пахши мустақим мегарданд.

Зиёда аз ин, телевизион ҳамагӣ шаш дастгоҳи наворгирӣ дошта, фақат сетои онҳобарои сабти дақиқияташон олӣ (HD) пешбинӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки барномаҳои “Телевизиони Хатлон” аз соати 6-и субҳ то 3-и шаб ҷамъ 21 соат манзури тамошобин мегарданд. Шумораи барномаю бахшҳо ба беш аз 60-то расонида шуда, дар як шабонарӯз ҳафт барномаи оригиналӣ (якҷоя бо “Ахбор”, “Субҳи Хатлон”, “Хоби ширин”) ва тақрибан 6-8лавҳаи манзаравӣ, тарбиявӣ ва тарғиботии муаллифӣ манзур мешавад. Биноан, аксари наворбардорон маҷбуранд,барои сари вақт уҳда карда тавонистани ин қадар соат, барнома ва сабт бештар аз дастгоҳҳои наворгирии шахсияшон истифода баранд.

Боиси хушнудист, ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11-уми марти соли ҷорӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни боздид аз Идораи телевизион ва радиои вилоят ваъда дод, ки барои ислоҳи ноҷӯриҳои техникии болозикр аз буҷети маҳаллӣ бори аввал аз замони мавҷудияти телевизиону радиои вилоят кам не, 750 ҳазор сомонӣ ихтисос медиҳад.

Мушкили III: шароити мувофиқи кор таъмин нест

Фарзан, агар маблағи мазкур дар ҳамин моҳҳои наздикбарои телевизиони вилоят гузаронидашавад ҳам, мутаассифона, замони ҳал шудани мушкилиҳои дигари корӣ, амсоли хеле кам будани компютер, ноутбук, принтер, нарасидан ва шикастаю фарсуда будани бештари мизу курсию ҷевонҳо, ниёзи шадид ба хатҳои иловагии телефон ва интернет номуайян боқӣ мемонанд.Чун баҳри файсали ин камбудиҳо, ки дар аксари кулли шуъбаҳо ва кошонаҳои кории идораи фавқуззикр ба ҳадди ҳузнангез ҷой доранд, феълан ҳеҷ сохтор изҳори омодагӣ накардааст.

Мушкили IV: ҳоли табоҳи бино

Масъалаи шигифтангези дигар аз замони таъсис то ҳол ба таъмири куллӣ фаро гирифта нашудани қисмати истифодашавандаи бинои идораи мазкур аст. Аз баъзе ҷойҳои боми ин қисмат дар фасли боришот ба дохил об мешораду мечакад. Аксари дарҳо, ки сохт ва сифатихеле хоксоронадоранд,бинобар солиёни зиёд истифода шудан нуқс пайдо кардаанд. Сақфу деворҳои роҳраву долонҳои ҳар се табақаи бино ва бисёре аз кошонаҳо умуман андоваи оинасон (шпатлёвка)ва рангубори замонавии хушоянд карда нашудаанд. Линолиуми фарши долонҳо ҷо-ҷо дарридаанду ғиҷимшуда. Илова бар ин, на кам аз се кунҷиҷудогонаи ин қисмати бино аз дохил тарқиши қобили мулоҳиза пайдо кардаанд. Аз нуктаи назари тобовар будан-набуданба зилзила ин масъала ниёз ба таҳқиқи сареъи мутахассисони арсаи сохтмон дорад.

Қисмати дигари бино, бо вуҷуди ниёз ба ҳуҷраҳои бештари корӣ, дар ҳоли нимсохтчанд даҳсола боз ба дасти пургазанди боду борон супурда шудааст.

Фидоиёни касб

Ин ҳама мушкилоти вазнинро дар муддати беш аз чаҳоряк асри фаъолият Идораи телевизион ва радиои вилоят шояд батадриҷ худ файсал карда метавонист, агар аз ҷиҳати молиявӣ имконоти то ҷое маҳдуд намедошт. Як мисоли возеҳи дасткӯтаҳӣ он аст, ки ҳарчанд кормандони ин муассиса ҳар шабонарӯз ҳудуди 12 (радио) — 21 (телевизион) соат фазои иттилоотии вилоятро холӣ аз барномаю гузоришҳои гуногунмуҳтаво намегузоранд, вале музди аз ду як ҳиссаи заҳмат ҳам камтар(тақрибан барои 8 соат) мегиранд, ки ин хилофи қонунгузориҳост. Ва илова бар ин,аз нисф зиёдашон ба хотири инъикоси саривақтии рӯйдодҳо бо хоҳиши худ дар рӯзҳои ҷашну тантанаҳо аз баҳри таътили расмии идона мегузаранд.Ҷойи миннат гузоштан аз ҷониби эшон не, балки зикри воқеият аст, ки аз шумораи умумии кормандони телевизион, радио ва маркази техникӣ камобеш 10 нафар бо аҳли оила солҳо боз дар ҳар хонаи иҷора сукунат мекунанд.Албатта, шикебоии онҳо дар муқобили душвориҳои бегумон, муваққатӣ, ки як намунаи возеҳи меҳри саршорба касб аст, сутуданист.

Андаке аз комёбиҳои кунунӣ

Маҳз муҳаббат ба ҳирфаи пуршарафи рӯзноманигорист, ки аҳли эҷоди телевизион шурӯъ аз охири соли 2018 то кунун бо неруи худӣфақат дар муддати се моҳи соли 2019-ум боз зиёда аз 20 барномаю бахш таъсис доданд, ки “Махзани мо” (аз бойгонӣ ёдовар шудани масъалаҳои мубрами ҳалшуда ва бунёдкориҳои солҳои гузашта), “Садоқат” (тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон), “Як дарича, чанд нигоҳ” (таҳлили масоили муҳими рӯз), “Дурдонаҳои наср” (қиссаҳои ибратбахш аз “Маснавии маънавӣ”, “Бӯстон”, “Гулистон”), “Рӯйдодҳои варзиш”, “Ворисони Рӯдакӣ” (қироати шеъру ғазал аз ҷониби наврасону ҷавонон), “Рақамҳои гӯё” (видеографикаи дастовардҳои ҳармоҳаи вилоят) намунаи камтарини ин навгониҳои эҷодиянд.

Зимнан, бо рушд кардани санъати танзими видео аксари кулли гузоришнаворҳо, сарнаворҳои барномаю бахшҳо ва мизу футажҳои саҳнавии барномаҳои иттилоотии “Ахбор”-у “7 рӯзи Хатлон” ба гунаи дилпазир азнавсозӣ шуданд.

Мушкили дар сатҳи зарурӣ муҷаҳҳаз набудани саҳнаибарномаҳо низ бо таҷдиди чор студияи амалкунанда нисбатан рафъ карда шуд.

Ба ҳайси татбиқкунандаи иқдомоти имрӯзии мазкур ва ҷолибсозандаи муҳтавои барномаҳо метавон ба эҷодкорию заҳматнописандии устодону шогирдонС. М. Ғоиб, Ш. Саид, Х. Ниёзӣ, Ю. Амирхон, Г. Ҳасанова, Ҷ. Мирзоева, О. Ҳасанова, А. Ҳафизов, С. Самиева, М. Акрамов, М. Абдулҳайев, С. Мерганова, Н. Раҷабов, М. Маҳмадиев, Х. Сайдалиев, А. Сатторов, Ф. Қодиров, Д. Шарифов, Н. Олимов, А. Одинаев, М. Ҷалилов, Д. Холов, Р. Урунов,А. Бобоев, А. Шоҳимардонов, Н. Эргашев, П. Шамсова, Ф. Саидова, М. Музаффарова, Б. Абдуллоева, Р. Сафаров, З. Ғозиев, С. Шоев, Г. Абдиева, М. Ҳасанов, Ф. Авлонов, Ш. Шоевва чанд тани дигар сано гуфт.

Ҳамранги замон мебояд шудан

Бо доштани чунин имкониятҳои қонеъкунандаи зеҳнӣ, агар он мушкилоте, ки дар оғози мақола зикрашон рафт, сари вақт бартараф мешуданд, Идораи телевизион ва радиои вилоятметавонист ба сернуфустарин вилояти кишвар – Хатлон (ҳудуди 4 миллион аҳолӣ) бештар ва беҳтар аз қабл нафъи маънавӣ расонад.Муҳтавои суханронии Сардори давлат дар ҳузури намояндагони ВАО-и кишвар аз 20-уми феврали соли 2019 низ ҳокӣ аз онаст,ки ба самти мусбат тағйир додани вазъи ин муассиса ва дигарони ҳамсон бо он (дар вилояти Хатлон боз се телевизиони шаҳрию ноҳиявист), ҳам тақозои асри иттилоотуфановарист ва ҳам аз Ҳукумати мамлакат, ки он дер ё зуд масъулонро гирди як мизи машварату тадбирандешӣбояд ба ҳам оварад.

http://faraj.tj/slide/chor-mushkili-doghi-televizioni-hatlon/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима