Фахриддини Холбек: Озодии баён дода намешавад
     TJ RU EN
11:31 / 2024-11-16

Фахриддини Холбек: Озодии баён дода намешавад

Суҳбати ихтисосии “Фараж” бо журналист Фахриддини Холбек ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии баён — 3-юми май

САҲИФАИ АВВАЛ

— Саҳифаи аввалро чӣ гуна бояд оғоз кард?

— Ҳеҷ кас, ҳатто оне, ки аҳли қаламу коғаз нест, ҳеҷ гоҳ бидуни ягон ҳадаф ё ангезае ин корро намекунад. Дар қиёс, масалан, ба як ошиқи хушбахт ё ноком, рӯзноманигор огоҳона ё гоҳе иҷборӣ даст ба қалам мебарад ё сари компютер менишинад. Аз ин хотир, то лаҳзаи кушодани саҳифа кас бояд омода бошад. Чӣ бояд нависад? Матлаб ду намуд аст: супоришӣ, он чӣ аз ту идора талаб мекунад ва дарду андеша — чизе, ки худи журналист аз дилу афкори худ мехоҳад рӯи коғаз бирезад. Дар ҳарду ҳолат танҳо ҳаққе, ки рӯзноманигор надорад, самимӣ набудан аст. Бояд бо табъи хуш, сари ҳол, озод ва бе ягон дудилагӣ даст ба кор шавӣ. Аз сӯи дигар, ин нони туву хонаводаат аст.

— Шумо чӣ гуна саҳифаи навро мекушоед?

— Барои он ки ҳаққи кушодани як саҳифаро дошта бошам, бояд мутмаин бошам, ки то куҷо ҷиддӣ ҳастам. Аввал, барои худам ва дуввум, барои хонанда. Агар худро эҳтиром кунӣ, ба эҳтироми хонанда ҳам мерасӣ. Дуввум, ҳар матлаб аз қабл бояд дар деги зеҳн пӯхта шавад. Сужа бояд дар сар омода бошад. Агар чунин аст, пас вақти амал аст. Сафҳаро бояд боз кард.

— Сиёҳ кардани саҳифаи аввали эҷодкор хосияти хишти аввали сохтмончиро дорад?

— Бале. Навиштани матлаб ҳам кори як сохтмон аст. Шояд барои таърих ва инсон болотар аз як сохтмон бошад. Табъан пойдевори қавие онро бояд. Асноду мадорик ва ҳар чизе, ки барои офаридани як матлаб заруранд, ҳамон сементу қум ва обу лойи зарурӣ барои як усто мебошанд. Аз истеъдод, ҷаҳонбинӣ ва ҳунари рӯзноманигор вобаста аст, ки чӣ чизе хоҳад офарид.

— Метавон бо сиёҳ кардани саҳифаи аввал ба сабзиш ва хуб баромаданисаҳифаҳои минбаъда умед баст?

— Ҳамон ҳикмати қадимӣ: “Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…”. Пойдевор, ки хуб гузошта шуд, ҳатман ки девор то Сурайё дуруст меравад. Худ офаридани пойдевор кори саҳл нест. Аввал ин ҷо бояд хеле тапид. Ин тавр ҳам дуруст нест, ки дар пешгуфтор ҳама гап гуфта шавад ва дар идома ҳарфе барои гуфтан намонад. Дар саҳифаи аввал ё пешгуфтор хуб аст, ки ба аҳамияти мавзуъ ишораҳои маҳкам шавад ва ҳамаи он даъвоҳоеро, ки ба хонанда дорӣ, баён кунӣ. Аммо бояд ҳамеша донист, ки дар идома субути даъвоҳо бояд дақиқ зеҳни хонандаро ҳадаф қарор диҳанд ва ӯро қаноат бахшанд.

— Кадом вақт бояд саҳифаро пӯшид ё даронд?

— Ҳамон вақте ки мефаҳмӣ, ба қавли мардум, “тушбераро хом шумурдаӣ”. Беҳтар аст, ки нанависӣ, то пеши худу пеши хонанда шарманда нашавӣ. Хонандаи имрӯз, ҳатто хонандаи 10 соли пеш нест. Хеле серталаб аст. Ба қавли маъруф, “сухан гуфтан на осон аст ин ҷо”.

САҲИФАИ ДУВВУМ

— Ду сутуни зиндагии Шумо…

— Модарам ва худам. Худе, ки дар худ дорам. Касе маро бештар аз худам таҳрик дода наметавонад.

— Ду ҳамсинф

— Сафаралӣ Бобоев, беҳтарин дӯст ва ҳамсинфи ман буд, ки мутаассифона, моҳи сентябри соли 2013 дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Маскави Русия шаҳид шуд. Ва нафари дигарро ном намебарам, то касеро наранҷонда бошам.

— Ду ҳамкурс

— Хуршедҷон Неъматов инсоне буд, ки мову ӯ як хел фикр мекардем, ҳатто орзуҳоямон якхела буданд. Мутаассифона, ин додаашро ҳам Худованд аз ман гирифт. Хуршедҷон соли 1997 дар Олмон ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. Дуввум, Маҳмудҷон Ҳакимов ҳастанд, ки аз ман 6 сол бузургтаранд. Ман дар тасвири баёни бузургии ин инсон эҳсоси аҷз мекунам. Худованд нигаҳбонашон бошад!

— Ду ҳамкор

— Онҳо зиёданд, аммо агар шарт фақат ном бурдани ду нафар аст, пас, аввал, Раззоқи Момун ҳамкори ман ҳастанд, ки ба як бародар ва устоди азизам табдил ёфтанд. Нафаре, ки чашмони маро ба ҳақиқатҳои ваҳшатноки ин минтақа боз карданд. Дар радиои “Озодӣ” дар Кобул солҳои 2005-2006 кор карда будем. Шояд аз хушқаламтарин рӯзноманигорони даврони мо бошанд. Дуюм, Абдуқаюми Қаюмзод, нафаре, ки на фақат ҳаққи устодӣ доранду дасти маро дар журналистикаи касбӣ рост кардаанд, балки инсонияту якрӯии эшон ҳам бароям омӯзанда буд. Фикр мекунам, ҳеҷ ҳоҷати муаррифии эшон нест.

— Ду касбе, ки арзанда аст, умрро бахшем…

— Журналистика. Дигар ҳар касбе, ки барои инсон шароити хизмат ба мардуму ватанро фароҳам месозад.

— Ду китоб…

— “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ ва “Ҷангу сулҳ”-и Лев Толстой.

— Ду қаҳрамон

— Аҳмадшоҳи Масъуд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ.

— Ду санаи муҳим

— 9-уми сентябр — Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ва 24-уми март — рӯзи зодрӯзи худам.

— Ду сухан…

— “Тарсро бикуш!” ва “Инсони беахлоқ ба мисли гови шохзан аст”.

— Ду сухани ногуфта…

— Аз ҷумлаи ногуфтаниҳо барои Шумо дутои муҳимашро мегӯям: агар мо имрӯз сари фарҳанг, забон ва ахлоқи тоҷикӣ таваҷҷуҳ накунем, дар баробари ҳаюлое ба номи ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия наметавонем истодагарӣ кунем; дуввум, барои муқовимат бо чолишҳои кунунии ҷаҳонӣ, назири ҳамин ҷаҳонишавӣ, терроризму экстремизм ва бадтар аз ин ҳама, рақобати қудратҳо мо — мардуми Тоҷикистон новобаста аз мансубиятҳои сиёсӣ, ақидатӣ ва миллӣ бояд муттаҳид, дӯст, бародар ва ҳатман баробар бошем.

САҲИФАИ САВВУМ

— Озодии баён… Яъне чӣ?

— Озодии баён шарти як ҷомеаи солим аст. Ҷомеае, ки агар ҳарф гуфта шуд, ҳатман шунида ҳам шавад. Ҷомеае, ки чунин нест, маҳкум ба бебандуборист. Озодии баён гарави рушд, субот ва амнияти кишвар бояд бошад. Масъулу кафили ин озодӣ мардуми Тоҷикистону ҳукуматаш аст, на ягон кишвари хориҷӣ ё созмони байнулмилалӣ.

— Озодӣ дар фаҳмиши мо чӣ гуна аст?

— Санаи таваллуди озодии мардуми Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 аст. Ҳар касе инро дарк кард, озодиро ҳам дарк кард. Бадбахтона, як теъдоди бузурге Тоҷикистонро устон ё субъекти кадом кишвари дигаре мехоҳанд бинанд. Озоду обод ва серу пур зистан дар як кишвари соҳибистиқлол худ озодӣ аст. Зиёд намегӯям, аммо ҳамин кофист бигӯям, ки ҳамчунин як фаҳмишро ман дар аксарияти мардум намебинам. Табъан дар ин бора сухан гуфтан мушкил аст.

— Гуруҳе аз озод набудану гуруҳе аз худсензуракунии дигарон забони шиква мекушоянд. Шуморо дар кадом гуруҳ дидан мумкин аст?

— Аввал, ман шикваву оҳу афғонро дӯст намедорам. Аслан мо ҳама дар асорати як сензураи вижаи худ ба сар мебарем ва метавон моро дар ҳама гуруҳ дид ва ба ҳар навъе таъриф кард. Вазъе, ки мо дорем, худсензура ҳам нест. Ин як беэътимодӣ ба худ аст. Ҳар чӣ мегӯем ё менависем, бояд самимӣ, мутавозин ва бо истидлол бошад.

— Ягона омиле, ки озодиро таъмин мекунад, чӣ аст?

— Кафили озодӣ худи ҷомеа аст.

— Ба андешаи “озодтарин давраи матбуоти мо охирҳои солҳои 80-ум вааввали солҳои 90-ум буд” розиед?

— Бале, он замон як озодие буд, ки то ба ҳол дуруст таъриф нашудааст. Вақте шӯравӣ суқут карду бебандуборӣ ба вуҷуд омад, талошҳои гуруҳҳое аз ҳар навъ барои қудрат шуруъ шуданд. Ҳар як шиори худро дошт ва ҳатман ки матбуоти вобаста ё хайрхоҳи худро. Қудратҳо низ даст ба кор шуданд. Аммо агар он талошҳо ва даъвоҳои озодихоҳиҳои мо самимӣ ва солим мебуданд, ҳеҷ гоҳ ҷанг намешуд. Ғаразҳо ҳамаро тира карданд. Ормонҳои чандасраи мардум барбод рафт. Зоҳиран, як “давраи тиллоӣ”-и матбуоти тоҷик буд ва гулеро мемонд, ки дар биёбони сиёсатҳои бузург рӯид ва аз гармову беобӣ хушк шуд.

— Кай маводи Шуморо сензура карда буданд?

— Ёд надорам. Аксаран даст ба навиштани маводе мезадаму мезанам, ки ҳатман чоп мешуданду мешаванд.

— Тӯли солҳои фаъолият дар журналистика озод будед?

— Озодӣ чизе нест, ки касе ба ту онро бидиҳад. Тавре гуфтам, озодӣ ҳолати як ҷомеа ва фард аст. Инсони озод дар як давлати ғуломдориву диктаторӣ ва тоталитарӣ ҳам озод аст. Аммо инсоне, ки худ озодиро дарк накардааст, шеваи зиндагии озодро надорад, дар як давлати демократӣ ҳам озод нест. Ман ҳамеша озод будам, зеро фикр мекунам, озодии ман марбути худам аст, на дигарон.

— Тавре маълум аст, эҷодкорон дар зери матолиби баҳсбарангез васенсатсиониҳояшон имзои мустаор мегузоранд, аммо Шумо баръакс, ҳармаводе, ки ҷиддӣ ва баҳсбарангез аст, бо имзои худатон чоп мешавад ва ҳарчизи дигар бо имзоҳои мустаоратон. Чаро чунин аст?

— Замоне, ки дар “Рӯзи нав” кор мекардем, зери матолиби таърихиву фарҳангӣ имзои Фаридуни Фарҳангиро мегузоштам, агар мусиқӣ буд, Фарҳоди Милодро. Аммо дар мавзуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақа имзои худам буд. Ҳеҷ гоҳ масъулиятҳои худро ба як номи мустаор вогузор накардаам. Дигар ин ки, хуб нест дар як шумора чанд матлаб бо як ном нашр шавад. Аслан муҳим ҳам нест, ки имзо бошад. Тавре мегӯянд, мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд.

— Ҳозир саҳифаҳои як қисми матбуоти моро матолиби “гулу гиёҳпиёзу картошка” ва “оксигену гидроген” пур кардааст. Лутфан мегуфтед, ки ба ин минвол ҳаракат кардани матбуоти мо чӣ хосияте дорад?

— Якум, ин матолиб ҳам хонандаи худро доранд. Шояд зиёд бошанд. Ростӣ, хабар надорам ё ягон таҳқиқ накардааму надидаам, ки касе карда бошад. Дуввум, шояд манофеъи тиҷории соҳибони расонаҳо дар миён аст. Ҳар чӣ ҳаст, ман ҳамчун хонанда аз ин боб гила ҳам надорам. Ҳақ доранд. Бигзор корашонро идома диҳанд. Ошашон шавад.

— Як нашрия дар ин шароит чӣ гуна метавонад арзи ҳастӣ кунаддар ҳолекигазетхон кам аст?

— Нашрияро сабти ном кардан ва пули бисёрро барояш дар назар гирифтан ва ин фикрро кардан, ки ҳатман муваффақ хоҳӣ шуд, кори нек аст. Муҳим суду зиёни он бояд аз қабл муҳосаба шавад. Аммо имрӯз кори журналистика комилан тағйир хӯрдааст. Бо шева ва усулҳои пешин намешавад кор бурд. Ҳоло ки интернет ҳаст, ҳама мушкилот паси сар мондаанд. Агар идея дошта бошед, пули газоф ҳам шарт нест, рӯзнома ҳам. Содда гӯям, агар чизе барои гуфтан ҳаст, на фақат Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон шуморо мунтазиранд. Ин ҳам майдон, ин ҳам дави аспатон. Дунё — хонандаи шумо — дар ҳамин компютератон аст.

САҲИФАИ ЧАҲОРУМ

— Ба саволи “чӣ кор кунам, то ки навишта тавонам?” Шумо чӣ ҷавоб медиҳед?

— Ҳамон ҳикмати қадима, ки бояд самимона ва аз таҳи дил заҳмат кашид. Нафаре, ки аз матлабаш қаноат ҳосил кард, калимаи худро хонд. Аммо имконот тағйир хӯрдаанд. Фанновариҳои ҷадид имконоти васеъро дар ихтиёри рӯзноманигор мегузоранд. Масалан, ҳамин мултимедиа, ки тамоми асбоби баён — матну аксу наворҳои савтиву видеоиро фароҳам мекунад. Аммо ман ба ин боварам, ки як хабари шояд иборат аз даҳ ҷумла, аммо муҳим, бидуни ҳеҷ гуна ороиш аҳамияти бештар аз даҳҳо маводи чандрасонаиро хоҳад дошт. Руҳи журналистика ҳамоно дар ҳарфи нав, фикри нав ва далели нав нуҳуфтааст.

— Кай эҷодкор мемирад ва оё метавонад дубора тавлид шавад?

— Эҷодкори асил ҳеҷ гоҳ намемирад, дубора тавлид ҳам намешавад. Карл Маркси коммунист мегӯяд: “Инсон дар ҷисми худ фонӣ, аммо дар амали худ боқӣ аст”. Қотили соҳибқаламу соҳибкалом худаш аст. Аз қаламу каломи ӯ вобаста аст, ки дар дорулфано фано шудааст ва ё дар дорулбақо бақо ёфтааст. Зиндагӣ дар марг худ таваллуди дубора аст.

— Қаламбадаст метавонад беминбар бошад?

— Дар ин замона ҳеҷ касе бе минбар нест. Ҳатто нафаре, ки қалами кунд дорад, минбар дорад. Ба назари ман, имрӯз теъдоди минбарҳо бештар аз соҳибони қалам аст. Ҳар касро ки намешавад соҳиби қалам хонд.

САҲИФАИ ПАНҶУМ

— Сабаби зиёд табсираи сиёсӣ навиштанатон дар чист?

— Ман мавзӯеро хуш дорам, ки ҳарфи нав дошта бошад, чӣ сиёсӣ бошад, чӣ ғайрисиёсӣ. Аммо дар ҷаҳони кунунӣ ҳама соҳаҳо, чӣ фарҳангу иқтисод бошад, чӣ амнияту ҳатто варзиш, ба сиёсатҳои дохилу хориҷ печ мехӯранд. Хеле мехоҳам, ки хонанда ба воқеиятҳову сиёсатҳо на аз мавқеи як мурғи хонагӣ, балки уқоби осмон нигоҳ кунад.

— Чӣ Шуморо ба Аҳмадшоҳи Масъуд ва Ато Муҳаммади Нур мепайвандад?

— На фақат ин ду шахсияти бузург, балки ҳар он чӣ, ки дар Афғонистон, сарзамини фоҷиаҳои гӯшношуниди инсонӣ ва майдони дасисаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ мегузарад, барои ман ҷолиб аст, чун он ҷо кор кардаам, то ҷое вориди қазияҳояш ҳам мебошам. Афғонистон “қалби Осиё” аст. Мо дар ҳамсоягии ин қалбем ва ҳеҷ яке аз мо ба як қалби маризу беқарор бетафовут нест. Ба ин бузургоне, ки ном бурдед, аввал, як нигоҳи журналистӣ ва дуввум, инсонӣ дорам. Аҳмадшоҳ Масъуд тоҷик аст, аммо банда ба генерал Розиқи паштун ва Абдулалии Мазорӣ низ эҳтиром дорам, чун онҳо барои озодиву истиқлоли ватани худ ҷонҳои азизашонро фидо карданд ва Устод Атову ба монанди ӯ фарзандони дигари ватандӯсти ин сарзамин намегузоранд парчами озодиву истиқлоли Афғонистон таги по шавад. Ман дар бораи ин ватандӯстон менависам, то мо низ ватани худро чунин дӯст дорем. Онҳо на фақат ба Афғонистон, балки ба тамоми минтақа тааллуқ доранд. Нақши онҳо дар ҷилавгирӣ аз ҳаракатҳои лашкари сиёҳи таассубу хурофоту таҷовуз ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле бузург аст. Онҳо қаҳрамонҳои минтақаанд.

Ҳарфи Масъуди бузург ҷудост. Ҳар қадаре, ки ӯро меомӯзам, як тоҷики боғуруру мусулмони ботақво ва ошиқи озодиву истиқлоли ватанро бештар кашф мекунам. Миллатгароиро як кори паст меҳисобам, ҳатто агар тоҷик ҳам намебудам, аз чунин як инсон ифтихор мекардам. Ҳар қадар муҳаббати ӯро ба Афғонистон эҳсос мекунед, ҳамон қадар ватани худро дӯст хоҳед дошт.

— Ба фикри Шумо зарурати ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузоштани кӯчае дар Душанбе ҳаст?

— Аҳмадшоҳи Масъуд тоҷик аст ва расман “Қаҳрамони миллии Афғонистон” эълон шудааст. Агар ба номи ӯ кӯчае гузошта шавад, ҳеҷ иштибоҳе сиёсӣ сурат намегирад, чун ин эҳтироми мо ба мардуми Афғонистон хоҳад буд. Ҳадди ақал ҳамон кӯчае дар Душанбе (Карамов, ҳоло намедонам чӣ ном дорад), ки дар гузашта фармондеҳи бузург зиндагӣ мекард, ба номаш гузошта шавад, кори хуб мешавад.

Тоҷикистон хонаи умед ва ягона давлати тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мавзӯи Масъуд ва Тоҷикистон тафсилоте дигар ва як матлаби хеле бузург мехоҳад.

САҲИФАИ ШАШУМ

— Чӣ гуна гузаштани кӯдакиатон маълум аствале дар асл чӣ гунагузаштанашро мехостед?

— Ҳамон тавре, ки мехостам, Шукри Худо ҳамон хел гузашт. Ман дар зеботарин деҳаи ҷаҳон бузург шудам, ки Каҷровут ном дорад ва тобеъи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст. Тифлии ман дар оғӯши беҳтарин инсонҳо гузашт. Бобову бибии бузургворе доштам. Падарам ҷавонмарду заҳматкаше буданд, ки бо нони ҳалол бузургам карданд. Модари мушфиқу меҳрубоне тарбияам дод. Тағову амакҳоям намегузоштанд, ки поям ба замин расад. Бахусус, холаҳоям — фариштаҳои заминиям аз деҳаи Басманда як мактаби бузурги инсондӯстӣ ва меҳрубонӣ бароям буданду шукри Худованд, ки ҳастанд. Як кӯдакии дигар агар бошад, бидуни ин инсонҳо ҳеҷ набошад.

— Шумо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардедвале дар аслдонишгоҳи орзуҳоятон кадом буд?

— Мехостам дар Институти адабии ба номи Горкийи Маскав дохил шавам. Аммо Донишгоҳи миллӣ ва факултаи журналистика ва тарҷумонӣ ҳамон биҳишти гумшудаи донишҷӯӣ буданд, ки орзуяшро ҳам надоштам. Кош, бори дигар донишҷӯи ин даргоҳ мешудам…

— Шумо журналист шудед, вале дар асл чӣ шудан мехостед?

— То ҷое дар ёд дорам, ҳамеша мехостам як қаламкаш бошам.

— Шумо зиёдтар табсираҳои сиёсӣ менависедвале дар асл чӣ навиштанмехостед?

— Ҳамон чизе, ки имрӯз мехонед.

— Шумо ҳоло чунин зиндагӣ доредвале дар асл чӣ гуна зиндагӣ доштан мехостед?

— Ҳамин гуна зиндагие, ки ҳоло дорам. Танҳо орзуям ин аст, ки ватанам — Тоҷикистон як кишвари қудратманд шавад ва ҳамватанонам ба ҳамон ормонҳое, ки шуруъ аз падару бобоямон то ба мо мерос мондааст, даст ёбанд ва дар ваҳдату ягонагӣ ва серу пур зиндагӣ кунанд.

— Мо ин гуна мусоҳиба оростемвале дар асл Шумо чӣ гуна мусоҳибароинтизор будед?

— Тақрибан ҳамин мусоҳибаро интизор будам, ки анҷом шуд.

http://faraj.tj/slide/fahriddini-holbek-ozodii-bajon-doda-nameshavad/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима