Ту рӯзнома намехонӣ…
     TJ RU EN
09:36 / 2024-11-16

Ту рӯзнома намехонӣ…

Солҳои охир, хусусан дар даврони соҳибистиқлолӣ пурқуввату зиёд гардидани технологияи нав ба он боис гашт, ки таваҷҷуҳи мардум нисбати рӯзнома, маҷалла, асарҳои бадеӣ коста гардад. Ҷавонон акнун  телефон, планшет, кампютер, ноутбук, интернетро бештар пазируфтанд, ки тақозои замони муосир аст.  Дар воқеъ, бештари навигариҳо ва ҳодисаҳои ба вуқуъ меомадаи  ҷаҳони имрӯзаро сари вақт тариқи сомонаҳои интернетӣ хондану аз онҳо огоҳ шудан мумкин аст. Иловатан мавриди назар бояд дошт, ки ба шакли электронӣ даровардану маҳфуз доштани тамоми рӯзномаву маҷалла, адабиёти илмию бадеӣ имконпазир гашт. Ба ҷои ғарам – ғарам ҷамъ овардани  бастаи газетаву журнал ва адабиётҳо, акнун дар як флешкорти хурдакак чӣ қадар мавод ҷо кардан имкон дорад. Дар компютеру ноутбук аз ин ҳам зиёд.

Аммо, рӯзнома, маҷалла ва асари бадеии асл дар ниҳоду дили одамон ҷо ва мавқеи худро доранд. Бахусус, насли калонтар мутолиа намудани газета ва журналҳоро афзалтар медонанд. Ин бесабаб нест. Аввалан, аз як тараф ба хондани матбуоти тоза ва бӯи ранги махсус дошта одат карда бошанд, аз дигар ҷиҳат мутолиа ва асли инъикоси ин ё он навгонӣ ҳаловатбахш аст. Шояд ҷавонон ба калонсолон дуруст истифода бурда натавонистани технологияи навро сабабгор шуморанд. Вале иқрор бояд шуд, ки бисёр миёнасолон ва дар қатори онҳо калонсолон фаҳмиши амиқтаре доранд.

Ёд дорам, солҳои ҳаштодуми қарни гузашта таваҷҷуҳи одамон ба матбуот хело зиёд буд. Қариб дар ҳар як истгоҳ дӯкони рӯзномафурӯшӣ аз саҳари рӯз пур аз рӯзномаву маҷаллаҳои марказӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ бо нархҳои дастрас пешкаши шаҳрвандон гардонида мешуданд. Газетаҳои «Правда», «Известия», «Аргументы и факты», «Советский спорт», «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият», «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе», журналҳои «Вокруг света», «Новый мир», «Садои Шарқ», «Илм ва ҳаёт», «Чашма» ва ғайра ҳамеша харидорони худро доштанд ва ҳамарӯза шумораҳои навтаринашон дастрас буданд.

Солҳои аввали фаъолияти омӯзгориам дар ноҳияи Файзобод ба 13 намуд рӯзнома ва маҷаллаҳои даврӣ номнавис (обуна) будам, ки аксарияти онҳо марказӣ буданд. Ҳар рӯза 5 — 6 шумораи навтарин  мегирифтам.  Ёд дорам, хаткашон бобои Назрӣ Зиёев, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буду аз як пояш маҳрум, дар болои хӯрҷини пур аз газетаву журнал аспакӣ омада, «Ҳа, профессор (марҳум манро ҳамин хел «унвон» дода буд), дер кардам, чӣ?» — гуфта бастаи газетаву журнал ва мактубҳоро, ки аллакай дар шуъбаи алоқа ба номам ҷудо карда буд, дароз мекард. Сараввал ба маводи онҳо рӯякӣ назар андӯхта, пас аз он ҳангоми фурсати муносиб пайдо шудан, ба фурҷа ба хондан медаромадам. Аксарияти газета ва журналҳоро баста карда мемондам. Заруртарин мақолаҳоро бурида дар папкаҳои махсус ҷо мекардам. Ин барои ман як ҳаловати руҳӣ, ҳаяҷонбаше буд, ки баъди аз шаҳр ба деҳа омаданам шуғл гашта буд. Аммо он дарк, лаззати маънавие, ки ман ҷиҳати шиносоӣ ва хондан тавассути матбуот мегирифтам, ҳамто надошт.

Бо гузашти айём ва дигаргун гаштани сохти ҷамъиятӣ, пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳодисаҳои маъмул ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дар ҳаёт ва зиндагии мардум дигаргуниҳое ба амал омаданд, ки мардум аз паси як бурда нон буданд. Мутолиаи матбуот, харидану хондани газетаву журналҳо барои бисёрихо аз ёдҳо рафта буд. Хизматрасонии шуъбаҳои алоқа тамоман дар сатҳи паст қарор гирифт. Хаткашонҳо бо сабаби ночиз будани маош аз кор рафтанд. Маъракаи обуна танҳо барои омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои фарҳангӣ маҷбурӣ роҳандозӣ гардид. Хонандагони сершумори матбуоти даврӣ ба таври ихтиёрӣ номнависиро ба рӯзномаву журналҳо қатъ намуданд. Ҳамин тариқ, ин далелҳо низ яке аз сабабҳои косташавии сатҳи маърифати мутолиаи рӯзномаву маҷалла  гардид.

Баъдтар бо туфайли фаро расидани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон оҳиста – оҳиста рӯзнома ва журналҳои нав, чуноне, ки мегӯянд, зарду сафед, газетаҳои шахсӣ пайдо шудан гирифтанд. Яке аз «пионерони»даврони нав ва кушодани газетаи шахсӣ журналисти боистеъдод, марҳум Акбари Саттор гаштанд, ки газетаи «Чархи гардун» -ро соли 1996 ва баъдтар дар ин замина дигар газетаҳояш таваҷҷуҳи хонандагон гардонида шуданд. Махсусан «Чархи гардун», «Дайжесс — прес», «Вечерний Душанбе»дар муддати кӯтоҳ мақбули хонандагон гаштанд. Имрӯз рӯзномаҳои «Самак», «Азия плюс», «Фараж», «Тоҷикистон», «Оила», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Имрӯз нюс», «СССР», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва чанд адади дигар дар Тоҷикистон маъмулу машҳур буда, хонданбоб ҳам мебошанд ва хонандаи доимии худро доранд.

Боз бармегардем ба сари он масъала, аниқтараш яке аз «дард» -ҳои ҷомеа, ки чаро ҷавонони имрӯза кам рӯзнома ва маҷалла мутолиа  мекунанд. Яке аз чунин «дард»- ҳо он гаштааст, ки шахси намехондагӣ рафиқи мутолиамекардагиро бовар кунониданӣ мешавад, ки газетаҳо якрангу дурӯғ менависанд. Ё ин ки ҳамаи газетаҳо як гапро менависанд. Хамин тариқ на танҳо худаш, балки кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки рафиқашро ҳам маҳрум аз донистани навигариҳо, ё худ ба хӯрдафарҳангӣ ва каммаърифатӣ тела диҳад. Хусусан ба ин «дард» — ҳо ҷавонон гирифторанд.

Соли гузашта дар қатори дигар мақолаҳоям ду мавод, ки аз тарафи хонандагони доимиам баҳои хуб гирифта буданд, барои мутолиа намудан ба фарзандонам, ки ду нафарашон ҳуқуқшиносанд, барои хондан нишон додам. Писарам мақоларо нигоҳ карда, гӯё инки ба ман баҳо дод: «Мешавад, нағз!». Духтарам як сатр хонда, вақти рафтанам шуд, баъд мехонам, гуфта рӯзномаро дароз кард. Ман махсус мехостам, омили ин «касалӣ» — ро аз ҷавонон — фарзандони худам дониста гирам. Акнун бовариам омад, ки дар ҳақиқат ҷавонони имрӯза моту мабҳути воситаҳои техникӣ (технология) гашта, на матбуотро варақ мезананду на асари бадеиро.

Рӯзнома, маҷалла, асарҳои бадеӣ, ки аслаш аз рӯи коғаз хонда мешавад, аввалан ба чашм ва саломатии инсон нисбати компютеру телефон кам зарар мерасонанд, дуюм аз ҷиҳати ақлонӣ фоидабахш ҳастанд: хотираро қавитар гардонида, ҷаҳонбиниро дар ҳамин замина зиёд мекунанд ва ниҳоят, чуноне, ки дар болотар ишора рафт, ҳаячонбахш ва гувороянд.

http://faraj.tj/sahifai-asosy/farhang/tu-ruznoma-namehony/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима