Абдуфаттоҳ Шарифзода рӯзи 23-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи ахир президент гуфтааст, ки аз норозигии мардум огоҳ гаштааст ва амр додааст, ки қимати истифода аз Интернет ба ҳолати пешин оварда шавад. Ба қавли Абдуфаттоҳ Шарифзода, раиси ҷумҳур аз қарори мазкур огаҳӣ надоштааст. Вале расонаҳо хабар дода буданд, ки масъалаи боло бурдани нархи интернет дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 28 март баррасӣ шуда, президент он вақт омӯзиши масъаларо ба муовини нахуствазир Азим Иброҳим супурда буд.
Лазҳае баъди ин суҳбати Радиои Озодӣ бо ҷаноби Шарифзода, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи кутоҳ дар сомонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон навишт: "Имрӯз бо дастури Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи Интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд."
Дар баёния омадааст, ки бо супориши президент "нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯи карда шуд." Аммо маълум нест, нисбати ин афрод чӣ чора андешида шудааст. Агар зери фармони болоравии нарх раиси вақти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имзо гузошта бошад, субҳи имрӯз ӯ бо қарори ҳукумат ва имзои президент муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Ҳоло маълум ҳам нест, ки дастур кай расман беэътибор карда мешавад ва ширкатҳои мобилӣ дар кадом муддат ба қиматгузориҳои пешина бармегарданд.
Бар асоси қарори мазкур аз аввали моҳи март, ки рӯзи 18-уми апрел ҳукми иҷро гирифт, ширкатҳои мобилӣ нархи як мегабайт интернетро ба 6,2 дирам расонданд ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ шуд. Қаблан як гигабайт Интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд.
Мухолифони қарори боло бурдани нархи Интернет мегуфтанд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ кору иқомат мекунанд ва ягона василаи иртиботи волидон ё зану фарзанди онҳо бо муҳоҷирон Интернет ва василаҳои иртиботӣ ба мисли Вайберу ИМО ва Вотсапп аст.
Лағви қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки Кумитаи андоз аз он ҳам сахт тарафдорӣ кардааст, як ҳаракати нодири раиси ҷумҳур ба ҳисоб меравад, зеро бисёр кам шудааст, ки баъди интиқоди зиёд ва эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ санаде дар кишварро беэътибор кунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, агар дар воқеъ раиси ҷумҳур аз ин қарор огаҳӣ надошт, пас бояд атрофиёни зиёдаш ҳам танбеҳ бигиранд.
Вай гуфт: Агар президент ҳамчун сардори давлат аз вазъияти амаломада ва нигаронии шаҳрвандон, ё иттиҳодияҳои онҳо новобаста ақидаҳои сиёсӣ эътиқоди динӣ ва нажодиву фарҳангӣ тассавурот надошта бошад, пас ёваронаш аз кор озод шаванд. Мақомоти қудратӣ ва корҳои дохилӣ ва Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ки ҳар шаб вобаста ба вазъи ба амаломада хулосаҳояшонро дар робита ба афкори ҷамъиятӣ ва оид ба ҳодисаҳои муҳими кишвар ба раиси ҷумҳур мерасонанд, онҳо ҳам ба истеъфо раванд."
Ӯ афзуд, раиси ҷумҳур, ки ба ғайр аз ин «каналҳо»- и расмӣ мисли дигар мардуми оддӣ ёру рафиқ ва фарзанду наздикон дорад ва аз ин тасмимҳо огаҳ мешавад, вале агар огаҳ набуд, мегӯяд, Шокирҷон Ҳакимов «ин боиси таассуф аст».
Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, яке аз мухолифони боло бурдани нархи Интернет мегӯяд, бовар дошт, ки президент ин қарорро бекор хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Ҳатто ду-се рӯз пеш дар як ҷаласа ба ин нукта таъкид кард, он тасмимеро, ки бар зиёни мардум аст, қабул нахоҳад кард”.
Яке аз сиёсатгузорони собиқи ҳукумати Тоҷикистон эътироф кард, ки қарор ба афкори умум таъсири бад гузошт: “Дар тамоми навиштаҳову муроҷиатҳо умед ба президент буд, ки ба манфиати мардум тасмим мегирад. Мардум нисбат ба президент эътиқоду эҳтиром дорад. Мо ҳам интизор доштем, ки гап то президент мерасад ва ин қарор аз байн меравад.”
Ба қавли Сайфулло Сафаров гуфт, Интернет ба як ҷузъи зиндагии мардум табдил ёфтааст ва гарон кардани он ба гарон кардани қимати маводи озуқа баробар буд, аз ин рӯ, норизоии умумиро ба вуҷуд овард.
Эътирозу шикояте, ки баъди нашри ин қарор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, дар Тоҷикистон бисёр кам дида шудааст. Кор ба ҳадде расид, ки гуруҳе аз фаъолон муроҷиатномаеро ба номи раиси ҷумҳур омода карданд ва дар яке аз маҳаллаҳои марказии Душанбе ҷамъ омада ва аз мардум имзо ҷамъ карданд.
https://www.ozodi.org/a/tajik-president-reacted-to-internet-prices/29899007.html