Қиммати Интернет ба ҳолати қаблиаш баргашт
     TJ RU EN
11:54 / 2024-11-16

Қиммати Интернет ба ҳолати қаблиаш баргашт

Дар Тоҷикистон нархи хизматрасонии Интернет ва арзиши таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати пештарааш баргардонда шуд.

Бино ба маълумоти манобеъи расмии ҳукумати Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки дар канори ба арзиши қаблиаш баргардондани хизматрасонии Интернет ва таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ нисбати масъулони давлатии муқассир дар ин амал чораҷӯӣ карда шавад.

Зимнан, рӯзи 18-уми апрел ширкатҳои мобилӣ нархи як мегабайт Интернетро ба 6,2 дирам расонданд ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ шуд. Қаблан арзиши як гигабайт Интернет муодили 30 то 35 сомонӣ буд.

Ин дастури Президенти Тоҷикистон иқдоми камназир маҳсуб мешавад, ки дар пайи эътирозҳои густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарори ҳукуматро бекор кунад.

http://tajikistantimes.com/tajikistan/immati-internet-ba-olati-abliash-bargasht/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима