Алвидоъ, интернет…
     TJ RU EN
11:36 / 2024-11-16

Алвидоъ, интернет…

Эътирози  мардум аз болоравии нарх, хомӯшии парлумон ва Ҳукумат

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи интернети мобилӣ, ки дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати аз ҳама паст дорад, якбора боло рафт. Аввалин шуда, ин болоравиро ширкатҳои мобилии кишвар тариқи паёмак ба муштариёни худ расониданд.

Аммо муштариён инро чун шумхабар қабул карданд. Тасмими сохторҳои масъули қабулкунандаи қарор  дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавҷи эътирозҳоро ба миён овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  амали мазкурро як навъ холӣ кардани ҷайби бе ин ҳам тиҳии мардум ва маҳрум кардан аз донишу маърифат ва иттилоъ ном бурданд. Аммо намояндагони мақомоти давлатӣ, вазирон, парлумон ба таври ошкорову расмӣ ин тасмимро расман  шарҳ надоданд. Гӯё бо ин амалашон бетарафӣ нишон доданд.

Мақоми охири Тоҷикистон дар суръати интернет

Дар паёмаки ширкати  Мегафон чунин  “мужда” дода шудааст:

“Муштарии муҳтарам! Бо фармони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон  рақами 31 аз 04.03.2019 ба нархномаи хизматрасониҳои мобилӣ тағйиротҳо ворид гашта, тарофаатон моҳи ҷорӣ иваз мегардад. Муфассалтар дар сомонаи  megafon.tj”.

Зимнан, қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди афзоиши қимати интернети мобилӣ бояд ҳанӯз дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ амалӣ мешуд. Вале ба далели музокироти ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ иҷрои ин қарор аз рӯзи 13 апрел шурӯъ гардид.

Тибқи муқаррароти нав нархи 1 мегабайт интернет бо андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва 1 гигабайт 62 сомонӣ арзиш дорад. Қаблан ин нархнома то 32 сомониро ташкил медод.

Ин дар ҳолест, ки Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат- Speedtest Global Index Тоҷикистон дар миёни 124 кишвари ҷаҳон дар зинаи охирин ҷой гирифтааст. Тибқи ин гузориш Қазоқистон дар заминаи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 74, Қирғизистон 94  ва Ӯзбекистон 110 қарор доранд. Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои дорои интернети аз ҳама суст дар паҳлуи Афғонистон, Ироқ, Алҷазоир ва Венесуэла ҷой гирифтааст.

Ҳукумати электронӣ  ва буҳрони интернет

Баъд аз як рӯзи эълони нархи интернет масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки аслан тасмими ин ниҳод аст, қарори боло бурдани нархи Интернетро дуруст  унвон кардааст.

”Зарурати он аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ба шароити иқтисоди бозоргонӣ мусоидат намудани тарофаҳои алоқаи барқӣ аст. Дигар чиз нест. Яъне, ки тарофаҳои алоқаи барқӣ бояд пурра хароҷотро пӯшонанд ва фоидаи муайяни ширкати мобилӣ бояд бошад. Мутобиқ кардан ба шароити иқтисоди бозоргонӣ, яъне ба таври реалӣ тарофабандӣ кардани алоқаи барқӣ аст”-гуфтааст Назар Одиназода -муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

 Аҷиб, магар то ин вақт нархи интернет хароҷоти ширкатҳоро намепӯшонид? Агар чунин мебуд, чаро ширкатҳои хизматрасон ҷонибдори бурдани нарх нестанду Хадамоти зиддиинҳисорӣ чунин “ташаббус” нишон медиҳад? Ҳол он ки рисолати ин сохтор танзимкунии нарх, назорат аст,  на боло бурдани он мебошад. Чаро  вақти қабули қарор имкониятҳои пардохти мардум ба инобат гирифта нашуд?

Ин дар ҳолест, ки асри 21 асри технология аст ва  ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ нав амалӣ мешавад, магар бо ин тасмими шумо ҳадафҳои пешгузоштаи давлат иҷро  мегардад? Не.

Чунки ҳукумати электронӣ такя  ба  интернети босуръат ва барои мардум дастрас амалӣ шуда  метавонад. Вақте ки нархи интернет баланд шуд, табиист ки мардум аз он камтар истифода мебаранд ва ин зарба ба рушди технология мезанад.

Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, гуфт, ки  «алоқа бахши инфрасохторӣ аст, ки ҳатто дар ҳолати зарурат нархаш набояд боло бурда шавад. Зеро вақте нархҳо дар бахшҳои инфрасохторӣ боло мераванд, таъсири он ба бахшҳои дигари иқтисод мерасад. Ин ба буҷаи оила таъсир мерасонад. Пасандозе, ки аз ҳисоби муътадил будани нархҳо ҷамъ мешуд, хароҷот мешавад ва пасандоз кам мешавад”.

Нархи гуфтугӯ ҳам гарон шуд

Дар баробари интернет дақиқаи тамос ба кишварҳои хориҷӣ низ боло рафтааст. Дар асоси нархномаи нашркардаи Tcell як дақиқаи гуфтугӯ бо кишварҳои хориҷӣ аз 1,25 то 4,8 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, як дақиқаи зангҳои содиротии байналмилалӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб – 2,7 сомонӣ, Арабистони Саудӣ – 2 сомонӣ, Арманистон, Афғонистон, Украина – 3,5 сомонӣ, Эрон, Қирғизистон – 3 сомонӣ, Беларус, Литва – 4,8 сомонӣ, Русия, Ӯзбекистон, Покистон – 1,25 сомонӣ муайян шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои интернетӣ, айни замон дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Ӯзбекистону Қирғизистон нархи интернет дар Тоҷикистон хеле баланд аст. Доираи истифодабарандагон низ  дар кишварҳои ба мо ҳамсоя зиёдтар  ба қайд гирифта шудааст, ки ин ба  баланд будани суръат ва кам будани нарх далолат мекунад.

Қирғизистон

Қирғизистон  чанд соли охир кишвари лидер ба  дастрасии интернети босуръат ва арзон дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз соли  2015 Сарвазири ин кишвар   Темир Сариев  гуфта буд, ки  мавҷи интернет ба 90 фоизи ҳудуди Қирғизистон  мерасад.

 Аҳолӣ низ бештар аз интернети мобилӣ истифода мебаранд, ки он хеле арзон аст.  Мисол,  тарифи ягона,  ки 20 Гб интернет ва зангҳои дохилии шабакаи ройгон ҳамагӣ 250 сом  дар як моҳ, ки ин бо асъори мо 34 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки маоши миёна дар Қирғизистон беш аз  15000 сом баробар  ба 2100 сомонӣ аст.

Ҳамагӣ 1,5 фоизи маошро қирғизҳо барои истифодаи интернет сарф мекунанд. Ғайр аз ин, моҳи январи соли  2019- Агентии зиддимонополии Қирғизистон ширкатҳои мобилиро муваззаф кард, ки зангҳои гуфтугӯро дар дохили шабакаҳо 14 фоиз коҳиш диҳанд.

Ӯзбекистон

Дар ибтидо мисли Тоҷикистон интернет дар Ӯзбекистон суръати сангпуштро мемонд. Аммо дар соли 2010 дар соҳаи алоқаи ин кишвари ҳамсоя ислоҳоти куллӣ сурат гирифт.

Агар теъдоди истифодабарандагон интернет дар 2009 ҳудуди 2,1 миллион нафарро  ташкил мекард, пас ин рақам дар соли  2011 ба  7,5 миллион нафар  ва соли 2017  ду баробар зиёд  14,8 миллион нафар расид.

 Дар ин кишвар тарофаҳои интернети мобилӣ хеле арзону барои аҳолӣ дастрас аст.  Пакети моҳонаи интернет дар Ӯзбекистон ҳамагӣ 20000 сум баробар ба 22,5 сомонӣ аст. Илова ба ин, дар дохили пакет 150-200 дақиқаи ройгон барои гуфтугӯ пешбинӣ шудааст. Маоши миёна дар Ӯзбекистон наздики  2 миллион сум баробар ба 2250 сомонӣ мебошад.

Қазоқистон

Суръати интернети Қазоқистон баробар ба суръати интернети Русия аст. Қазоқистон дар қатори кишварҳое дохил мешавад, ки  нархи интернети мобилиаш сол ба сол майли пастравӣ дорад. Ҳоло пакети интернет дар як моҳ 1300 тенге то 2500 тенге баробар ба 32-60 сомонӣ аст. Ин аз 5 то 20 Гб интернет, зангҳои ройгон дар дохили шабака ва аз  40 то  150 дақиқаи ройгон барои гуфтутугӯ бо дигар алоқаҳои мобилист. Маоши миёна дар Қазоқистон бошад, 150 000 тенге, ки баробар ба 3700 сомонӣ мебошад.

Тоҷикистон

Тоҷикистон соли 2005  аввалин шуда  алоқаи мобилии стандарти 3G — ро таҷриба кард. Дар ин давра теъдоди муштариён аз 3 ҳазори соли 2000-ум ба 3 миллион  нафар расид. Ҳоло бошад, тарофаҳои интернетӣ як маротиба боло рафта, 1 гигабайт, ки 32 сомонӣ буд, ба  62 сомонӣ дакка хӯрд. Маоши миёна дар Тоҷикистон ҳамагӣ 700-800 сомониро ташкил медиҳад.Акнун худатон  хулоса бароред,ки айби болоравии нарх дар “ош” аст ё “мош” ва кӣ сари ҳукуматро дар назди сокинон паст кардан мехоҳад?

http://tajikistantimes.com/tajikistan/alvido-internet/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима