Масъулони ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ вориди гуфтугӯ шудаанд, то нархи интернетро то ҳадди мумкин поин биоранд.
Қарор буд, рӯзи 27-уми март, нархи як мегабайт интернет на кам аз панҷ дирам ва нархи як гигабайти он бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда тақрибан 70 сомонӣ таъйин шавад. Инчунин, нархи гуфтугӯҳои телефонӣ бояд даҳ баробар меафзуд.
"Гуфтугӯ идома дорад"
Аммо рӯзи чаҳоршанбе дар марказҳои хидматрасонии "Мегафон", "Тселл", "Бабилон" ва "Билайн" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то ҳол бастаҳои интернетиро ба муштариён бо нархи кӯҳна мефурӯшанд.
Як манбаъ дар ширкати “Бабилон” гуфт, нархномаи нав омода шудааст, вале далели идомаи музокирот бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ онро ба мардум эълон накардаанд.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ҳоло музокироти раҳбарони ширкатҳо бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ идома дорад.
"Ширкатҳо талош доранд, ки мақомоти Хадамоти зиддиинҳисориро ба поин овардани нархи интернет мутақоид созанд. Ширкатҳо умедворанд, ки дар ниҳоят мақомот розӣ мешаванд. Имрӯз нахустин рӯзи корӣ, баъди таътили наврӯзӣ аст ва бояд ду-се рӯзи дигар интизор шавем, ки ҷонибҳо ба тавофуқи ниҳоӣ бирасанд", - афзуд ӯ.
"Нашуд, нашуд. Чӣ кор кунем?"
Қаблан ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман хоста буданд, ки боло бурдани нархи интернетро бозбинӣ ва ё то 1-уми майи имсол ба таъхир гузорад. Чун онҳо ҳанӯз барои иҷрои ин қарор омода нестанд. Аммо ин дархости ширкатҳо қабул нашуда буд.
Раҷабалӣ Маҳсиддинов, корманди раёсати ҳимоя ва рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар мавриди музокирот ва иҷро нашудани қарори ин ниҳод ҷавоб надод. Ӯ хеле кӯтоҳ гуфт, ки "хайр, нашуд, нашуд. Чӣ кор кунем?" ва гӯширо гузошт.
Тибқи қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4-уми март ширкатҳои мобилӣ вазифадор буданд, рӯзи 27-уми март нархномаҳои нави худро эълон кунанд.
Дар ин миён Вазорати адлияи Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати Анҷумани ширкатҳои мобилӣ гуфт, қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои санҷиш ва сабт ба ин вазорат ворид нашудааст.
Мухолифони боло бурдани нархи интернет
То замони таҳияи ин матлаб дарёфти назари масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ин суол, ки оё иҷро нашудани қарори онҳо аз сӯи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ба ҳамин мавзӯъ рабт дорад ё не, имконпазир нашуд.
Тасмими боло бурдани нархи интернет дар тақрибан як моҳи охир ба баҳси хосу ом дар Тоҷикистон табдил шудааст. Нӯҳ созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб карданд, ки қарори боло бурдани нархи интернет ва гуфтугӯҳои телефониро бекор кунад.
Онҳо гуфтанд, боло бурдани нархи Интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баёнро маҳдуд мекунад.
Бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфтанд, ҳоло интернет ба як ҷузъи муҳими кору зиндагии онҳо табдил шудааст ва гаронии он ҳатман ба ҷайби сокинон зарба мезанад.
Ба ҷои фоида - зарар
Шералӣ Шарифов, ронандаи таксии ширкати "Asian Express" рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кори онҳо асосан ба интернет вобастааст, зеро тавассути ин шабакаи ҷаҳонӣ фармоиш қабул мекунад. "Ҳоло барои як моҳ як бастаи 3-гигабайтии интернетро ба ивази 99 сомонӣ мехарам. Агар он ба сесад сомонӣ баробар шавад, аз кори ман дигар фоидаи кам мемонад", - афзуд ӯ.
Ахбори Озодӣ аз рӯзи 27-уми марти соли 2019 (видео)
Аз ин қарор онҳое низ норизоянд, ки фарзанду шавҳар ва наздиконашон дар Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон дар муҳоҷиратанд ва бештари тамосҳо тавассути интернети мобилӣ анҷом мешавад.
Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.
https://www.ozodi.org/a/internet-price-tajikistan/29845737.html