Боло бурдани арзиши Интернет ҷоиз аст?
     TJ RU EN
08:57 / 2024-11-16

Боло бурдани арзиши Интернет ҷоиз аст?

Тайи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирози мардум дар бораи гарон шудани арзиши Интернет зиёд шуда истодааст. Дар ин маврид мардум умед доранд, ки суханҳои онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор ба назар гирифта мешавад. Вобаста ба ин мавзӯи рӯз андеша ва пешниҳоди муҳаққиқону коршиносони соҳаҳои гуногунро донистанӣ шуда, ба эшон бо чунин суол муроҷиат кардем:

Иброҳим УСМОНОВ:

— Интернет имрӯз бозори иттилоотии хариду фурӯш аст. Тавассути интернет мардум имрӯз ҳама кори худро анҷом медиҳанд. Интернет натанҳо дастгоҳи пропаганда аст. Агар мо аз он ҳарос дошта бошем, ки интернет дастгоҳи пропаганда аст, ин як зина ба ақиб рафтан аст. Вақте дар мулки Бухорою Туркистон мошин пайдо шуд, мардум онро шайтонароба мегуфтанд. Вале имрӯз чӣ? Набояд ҳама чизро ҷиҳати манфиашро қабул кард. Ба воситаи интернет ҳама бо наздикони худ дар масофаи дур суҳбат  мекунанд. Шахсони гумшударо тезтар пайдо мекунанд. Дар интернет мардум рӯзнома мехонанд, дигаре эълону рекламаҳои худро мегузорад, мусиқӣ гӯш мекунанд.

Боло рафтани қимати интернет дер давом намекунад, зеро  якчанд мисоле, ки дар боло овардем, боз садҳо мисол ба монанди ин ҳаст. Ҳар кадом ҳукумат кӯшиш мекунад, ки ба қадри имкон зиндагии мардум осонтар бошад. Бе ин ҳам аксарияти мардум ҷиҳати иқтисодиёти молиявии хуб надоранд. Вакте нархи чизеро гарон мекунанд, сараввал аз ҳама ҷиҳат вазъияти мардумро ба назар бояд гирифт. Кӯшиши баланд бардоштан нарх ё бастани интернет ҳам вуҷуд надорад. То ҳангомаҳои беҳуда байни мардум андохтан, фикри чи гуна пеш рафтанро бояд кард.

Абдуқодир РУСТАМ:

— Ман мухолифи гарон кардани нархи интернет дар Тоҷикистон ҳастам. Ин тасмим далели заъфи давлати Тоҷикистон аст, ки наметавонад иқтисодро рушд бидиҳад ва пайваста даст ба ҷайби шаҳрвандон мебарад, то аз даромади ночизи онон чизе биканад. Аммо зарари ин тасмими булаҷаб дар он аст, ки натиҷаи комилан мухолиф хоҳад дошт. Яъне давлат бо роҳи гарон кардани интернет мехоҳад аз соҳаи иртиботот даромади бештар бигирад, вале натиҷа он хоҳад шуд, ки теъдоди корбарони интернет ва вақти истифода аз интернет коҳиш меёбад ва даромад аз он ҳам. Дар ҳоле мардум нав рӯ овардааст ба техника ва технологияи муосир. Агар таҳлил карда бароем, бисёри кишварҳои хориҷӣ аз истифодаи техника ва технологияи муосир ва истифодаи босамари интернет рӯз аз рӯз дар тамоми самтҳо  пеш рафта истодаанд. Мо бошем, аз гаронии интернет ва басташавии он ҳангома месозем.

Марям ДАВЛАТОВА:

— Кӯшиши бастан, маҳдуд кардан ё бардоштани нархи Интернет, ки ҳоло воқеан сарусадои зиёдро ба бор овардааст, ба назари ман нишонаи хубе нест. Баъзан амалдорони ин ё он соҳа сари эҳсосот фикреро баён мекунанд ва оқибаташро намеандешанд. Аввалан, робитаи мардум бо азизони раҳдурашон тавассути Интернет аст ва он то андозае ташаннуҷи равониву иҷтимоиро паст мекунад. Одамон дар раванди суҳбатҳо хотирашон осудатар мешавад, зеро аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешаванд, дарди дил мекунанд, ҳамдигарро тасалло медиҳанд ва масоили зиндагияшонро ҳам матраҳ менамоянд. Ҳар қадар Интернет арзонтар бошад, ҳамон қадар мо ҷомеаи аз ин нигоҳ солимтар дорем. Баъдан, ин кӯшишҳо обрӯи кишварро мерезонад, онро ҳамчун кишвари дарбаста ба оламиён муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, вақте ки дар бораи рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи даромаднок ҳарф мезанем, ин гуна амалҳо теша ба решаи худ задан аст. Ниҳоят, ҳоло омӯзишҳои интернетӣ хеле барои боло бурдани сатҳи касбии қишри омӯзандаи аҳолӣ кӯмак мекунад. Даҳҳо нафар аз Тоҷикистон дар мактабҳои олии кишварҳои дигар онлайн таҳсил мекунанд, магистратура мегузаранд, аз омӯзишҳои видеоӣ ва аудиоӣ, китобхонаҳои электронӣ истифода мебаранд. Боло рафтани нархи Интернет дар ин соҳа ҳам зарба мезанад. Аз ин рӯ, табиист, ки зарари кӯшиши ин ҳисоб пур кардани буҷа, бештар аз манфиат аст.

Асомиддин АТОЕВ:

— Интернет барои кишварҳои мисли ватани мо нақши ба маротиб бузугтару фарогиртареро мебозад, ки роҳи таърихии Абрешим барои давлатҳои замони худ бозида буд. Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон бошад, мутмаинам, ки сиёсати давлатии рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол комилан пайваст аст ба Интернету дигар технологияҳои вобаста аз он. Ин нуктаро ҳар як шаҳрванд, бо шумули кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, метавонанд аз санадҳои расмӣ аз соли 2003 инҷониб ба осонӣ дидаву дарк кунанд. Масалан Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2030 яке аз ҳадафҳои ниҳоии худро табдил додани ватани мо ба кишвари транзити коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ мешиносад. Бинобар ин, ҳар тасмими расмиву ғайрирасмие, ки ин паҳлуи сиёсати давлатиро омӯхта ё наомӯхта, имкониияти Интернету дигар технологияҳои рақамиро, ки асоси саноати иттилоотии ватанӣ мебошанд, маҳдуд ва ё инкор мекунад, монеае ба сиёсати давлатӣ эҷод мекунад.

Фариштамоҳ ГУЛОВА:

— Имрӯз рушди соҳаи телекоммуникатсионии кишварро бе интернет тасаввур кардан номумкин аст. Интернет ҳамчун рушди соҳаи омӯзиш, рушди соҳаи таълим дар замони имрӯза мебошад. Вақте сухан дар бораи гаронии нархи Интернет ё аз байн рафтани он меравад, барои ин пеш аз ҳама консепсия ва қарорҳои қабулгардида дорем, ба монанди Стратегияи давлатии «ТИК барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5-уми ноябри соли 2003 таҳти №1174; Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми ноябри соли 2003 №1175; Консепсияи давлатии сиёсати иттилоотӣ аз 30-юми апрели соли 2008 таҳти №451; Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, №643. Инчунин, баҳри татбиқи ҳукумати электронӣ ба роҳ монда шудаанд: Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 30-юми июни соли 2004, №290); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсиси барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҶТ» (аз 3-юми декабри соли 2004, №468); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи самаранокии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар сохтори давлатӣ» (аз 30-юми декабри соли 2010, №697); Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, №643» (аз 15-уми ноябри соли 2012, №655) ва Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ » (аз 1-уми апрели соли 2011, №166). Дар доираи чунин консепсия ва қарорҳо низоми иттилоотии интернет дар идоракунии соҳаҳо, ба мисли маориф, тандурустӣ, молия, ки татбиқ гардида, мавриди истифода қарор доранд, басо муҳим аст. Низоми фаъоли “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андоз бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва қабули онлайнии эъломияҳоро аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда истодааст. Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, №643» (аз 15-уми ноябри соли 2012, №655), Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ » (аз 1-уми апрели соли 2011, №166). Дар доираи чунин қонуну қарорҳо низоми иттилоотии интернет дар идоракунии соҳаҳо, ба мисли маориф, тандурустӣ, молия, ки татбиқ гардида, мавриди истифода қарор доранд, такмил ёфта истодаанд. Низоми фаъоли “Равзанаи ягона”-и Кумитаи андоз бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва қабули онлайнии эъломияҳоро аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда истодааст. Низоми электронии омӯзиши ақоиди шаҳрвандон ва санҷиши он дар 8 навоҳии кишвар мебошад, ки натиҷаи кӯшиши муштараки мақомоти давлатӣ (Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ), ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиву байналхалқӣ ва ширкатҳои хусусӣ мебошад, ки ин набояд аз назар дур монад.

http://faraj.tj/sahifai-asosy/hukumat/bolo-burdani-arzishi-internet-joiz-ast/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима