Имрӯз дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав бо доираи васеи намояндагони ВАО, собиқадорони матбуот рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.
Саравал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тамоми иштирокчиёни ин ҷамъомадро бо иди касбиашон табрик ва муборакбод намуда, қайд кард, ки саҳми арзандаи ВАО дар пешрафту тараққиёти соҳаҳаҳои хоҷагии халқ арзанда аст.
Дар ин рӯз озмуни вилоятии “Нерӯи сухан” ҷамъбаст гардид, ки аз руйи номинатсияи «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» хабарнигори рӯзномаи “Фараж” Раҳмоналӣ Додархӯҷаев бо мақолаи худ «Ба мо барқ диҳед!» сазовори ҷойи аввал гардида, соҳиби шаҳодатномаи озмун гардид.
Ҳамчунин сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияивии “Тахти Қубод” Адолат Сайфулозода, намояндаи ТВ “Ҷаҳоннамо” Шариф Мираков, хабарнигори радиои вилояти Хатлон Сангимурод Шарипов, масъулини сомонаи шаҳри Левакант аз рӯи номинатсияҳои гуногун ғолиби озмун дониста шуданд. Инчунин, чанде аз хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи гуногун, ки дар рушди матбуоти тоҷик ва инъикоси дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят саҳм гузошта буданд бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
http://faraj.tj/habari-ruz/hatlon-habarnigori-farazh-gholibi-ozmun-gardid/