Панҷакент: 107-солагии матбуот чашн гирифта шуд
     TJ RU EN
11:31 / 2024-11-16

Панҷакент: 107-солагии матбуот чашн гирифта шуд

Нахустин бор дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 107-солагии Рӯзи матбуот чорабинӣ, бо ширкати рӯзноманигорону аҳли зиё ва донишҷӯёну роҳбарони баъзе аз ташкилоту идораҳо, доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, аз нақши матбуот ва ҳамкории судманд бо ҳукумати маҳаллӣ ёдовар гардид.

— Ҳама гуна танқидеро, ки барои пешравии ҷамъият ва шукуфоии мамлакат равона шуда бошад мо қабул дорем. Камудиҳое ҳастанд, ки мо намебинем, шумо зикр кунед ва баҳри ислоҳаш кӯшиш хоҳем кард, – гуфт Ислом Зиёзода.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш, озмуни шаҳрии “Водии зарнисор”, ки соли сеюм аст байни рӯзноманигорн  баргузор мегардад, ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти озмун сармуҳаррири ҳафтаномаи шаҳрии “Зарафшон” Луқмон Қурбон сазовори ҷои аввал, сармуҳаррири нашрияи “Фарвардин” Бобо Солеҳзода сазоворори ҷои дуввум ва Холмурод Сафарзода сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Дар риштаи матлабҳои таҳлилӣ, танҳо хабарнигори МТЖТ Хуршед Фозилов сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Дар бахши телевизион хабарнигори шабакаи Тоҷикистон Фарҳоди Раҳмат ва хабарнигори телевизиони “Симо”-и маҳаллӣ Аббос Ҳамроҳзода сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.

Рӯзноманигорон бо шаҳодатнома ва мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои МИҲД шаҳри Панҷакент қадрдонӣ карда шуданд.

http://faraj.tj/habari-ruz/panjakent-107-solagii-matbuot-chashn-girifta-shud/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима