Мексика ягона кишварест, ки хабарнигорон дар замони осоишта кушта шудаанд.
Аз оғози соли 2018 то кунун дар ҷаҳон на камтар аз 80 рӯзноманигор дар робита ба фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Ин рӯйхатро рӯзи сешанбе созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF) нашр кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бештар аз нисфи кушташудаҳо ба панҷ кишвар - Афғонистон (15 кас), Сурия, (11 тан), Мексика (9 кас), Яман (8 кас) ва Ҳинд (6 кас) рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, Мексика ягона кишварест, ки хабарнигорон дар замони осоишта кушта шудаанд. Дар он кишвар низоъ нест, навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқ. Дар маҷмуъ дар минтақаҳои хушунатзадаи ҷаҳон тайи 11 моҳи соли 2018 44 рӯзноманигор кушта шудааст.
Ба илова, дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон 348 хабарнигор дар боздошт ё ҳабс ҳастанд. Ба иттилои созмони байналхалқии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон, соли севум аст, ки дар зиндонҳои давлатӣ 250 хабарнигор барои фаъолияти касбиашон адои ҷазо мекунанд. Аз ин шумор 33 танашон занонанд.
Маҷаллаи амрикоии "Time" дар соли 2018 гуруҳе аз рӯзноманигоронро "Одами сол" эълон кард. Онҳо барои фаъолияти ҷасуронаи хабарнигорӣ сазовори ин унвон шуданд.
Дар қатори он хабарнигорон Ҷамол Хошуқҷӣ - рӯзноманигори кушташудаи саудӣ, хабарнигорони дар Мянмар боздоштшудаи Reuters, идораи нашрияи The Сapital Gazette, ки ба он ҳамла сурат гирифт, Татяна Фелгенгаэур - муовини сармуҳаррири радиои "Эхо Москва", ки низ мавриди ҳамла қарор гирифт, шомили гуруҳи интихобкардаи маҷаллаи "Time" ҳастанд.