Ба гуфтаи Рустам Қосимов, роҳбари Бунёди ҷамъиятиии “Интернет”, мақомоти Тоҷикистон арзиши интернети мобилиро боло хоҳад бурд. Азбаски аҳолии Тоҷикистон интихоби дигар надорад онҳо ба таври комил аз интернет даст кашида наметавонанд, аммо истифодаи трафикро барои сарфа кардани маблағ коҳиш хоҳанд дод
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар кишвар 1,5 баробар арзиши интернети мобилиро боло барад.
Тибқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон “дар бораи тарифаҳои барқӣ” арзиши 1 гигабайт интеренте бидуни андоз аз арзиши иловашуда тақрибан 50 сомонӣ хоҳад шуд (5,3 доллар).
Ба гуфтаи Рустам Қосимов, новобаста аз норозигӣ аз тасмими мақомот аҳолии Тоҷикистон аз интернети мобилӣ даст намекашанд, чунки барои аксари мардум аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон интернети мобилӣ ягона манбаи алоқа ва дастрасӣ ба хабарҳои тоза мебошад.
“Интернет имрӯз ба монанди ғизо, об ва ғайра лозим аст. Ғайри имкон аст, ки мардум аз он комилан даст кашанд. Истифодаи интернети мобилӣ бо гуфтугӯи кӯтоҳ дар WhatsАpp ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегираду халос”, - таъкид кард Қосимов ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай мардум аз истифодаи интернет сарфа хоҳанд кард, яъне мардум аз истифодаи шабакаҳои шавқовар ва тамошои навор дар Youtube, суҳбатҳои тӯлони тариқи шабакаҳо аз компютерҳои корӣ ва хона даст хоҳанд кашид.