Вакилони порлумон аз қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди ба маротиб боло бурдани нархи интернет ва сӯҳбатҳои телефонӣ сар аз 27-уми марти соли равон, танҳо пас аз нашри ин хабар дар расонаҳо огоҳ шудаанд.
Онҳо ҳоло мегӯянд, ки масъулони ниҳодҳои зидахлро барои пурсиш ба порлумон даъват хоҳанд кард. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби боло бурдани нархи интернетро ба паҳлӯҳои "зараррасон"-и он рабт медиҳад.
Бархе вакилони порлумон гуфтанд, ки дар бораи қимат шудани интернет "шунидаанд", вале расман огоҳ нашудаанд -- дар ҳоле, ки ин иттилоъ рӯзи 5-уми март дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар сархати хабарҳо қарор дошт. Фармони нави Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 4-уми март содир шуда, дар авохири моҳи ҷорӣ ба ҳолати иҷро медарояд.
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми март ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди афзоиши нархи интеренет аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, Кумитаи энержӣ ва коммуникатсияи порлумон бояд масъулони хадамотро даъват намуда, сабабҳои афзоиши нархҳоро баррасӣ кунад.
"Хадамоти зиддининҳисорӣ нархи интернету гуфтугӯҳои телефониро зиёд кардааст ва бояд бо далелу омилҳои солим собит кунад, ки барои чӣ чунин иқдом мекунад. Вагарна ин ба зиндагиву ба кисаи мардум таъсир карда, боиси норозигӣ гашта метавонад ва мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад",-афзуд ин вакили порлумон.
Садриддин Шарифов, раиси Кумитаи энержӣ ва коммуникатсияи МН дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, порлумон чунин ваколатро дорад, ки дар сурати пеш омадани масъала аз ҷониби кадом ниҳод ё вазорату хадамот, масъулони онро даъват намуда, тафсилоти онро ҷӯё шавад. Вай афзуд, ки дар бораи гарон шудани нархи интернет шунидааст ва кӯшиш хоҳад кард, ки бо масъулони ниҳодҳои зидахл сӯҳбат намуда, сабаби гарон шудани нархи интернетро пурсон шавад.
"Зарар ба саломатӣ" ё "таъсири манфӣ ба андозбандӣ"?
Дар ҳамин ҳол, Раҷабалӣ Маҷидов, намояндаи Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 6-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии боло бурдани нархи интернет ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳлӯҳои зараровари он мебошад.
"Шумо бубинед, аксари мардум интернетро барои зарурати рӯзонаи худ истифода намекунад, балки барои тамошои филмҳо сарф мекунад ва ин барои саломатӣ зараровар аст. Кормандони тибб мегӯяд, аз 5 метр дур монда, истифода кунед. Дуввум, баъди он, ки технологияи нав дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мисли "Вайбер", "Телеграмм", "Имо" ва ғайра, ки тавасути интернет амалӣ мешавад, мавриди истифодаи зиёди мардум қарор гирифт, гуфтугӯҳои овозӣ, яъне тариқи телефон кам гардид ва ин ба андозбандӣ таъсири манфӣ расонд. Барои ҳамин, дар ниҳодҳои зидахл пешниҳод карда шуд, ки нархи интернет боло бурда шавад".
Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири худ иттилоъ дода буд, ки агар дар соли 2015 сокинони кишвар бо хориҷ ба ҳисоби 3 миллиарду 600 миллион дақиқа сӯҳбати телефонӣ (ҳам мобиливу ҳам маъмулӣ) доштанд, ин рақам дар соли 2018 то ба 660 миллион дақиқа коҳиш ёфтааст.
"Мо ин ваколатро дорем, ки баррасӣ кунем"
Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору иқомат дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар қарор доранд. Хонаводаҳо дар гузашта барои тамос бо муҳоҷирон аз телефони мобилӣ истифода мекарданд ва ҳар як дақиқаи он на камтар аз 1 сомониву 20 дирам арзиш дорад.
Бахтовар Сафарзода, узви Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, порлумон ин масъаларо, ки имкон дорад боиси норозигии мардум шавад, пайгирӣ хоҳанд кард. "Мо ин ҳақро дорем, ки баррасӣ кунем, барои мардум фаҳмонем ва аз номи мардум сухан гӯем. Мо ҳатман масъалаи қимат шудани интернет ва гуфтугӯҳои телефониро баррасӣ мекунем",-афзуд ин вакили порлумон.
Фармони баланд кардани нархи интернету сӯҳбатҳои НҶН ба ғайр аз ширкати "Тоҷиктелеком", идораи вобаста ба Хадамоти алоқа, ба ҳамаи ширкатҳои дигари мухобиротӣ рабт дорад. Мунтақидон мегӯянд, бо чунин шеваи нархгузорӣ мақомот мехоҳанд сафи муштариёни "Тоҷиктелеком"-ро афзуда, аз ин тариқ фоидаи бештар бубинанд. Аммо вазъи начандон хуби ширкатҳои мобилӣ нишон медиҳад, ки аҳволи онҳо боз ҳам сангинтар хоҳад шуд.
Зарба ба ҷайби мардум
Қарори баланд шудани нархи сӯҳбатҳои телефониву интернетиро сокинон зарбаи дигаре ба ҷайби мардум медонанд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ санадеро имзо кардааст, ки аз рӯи он як гигабайт интернет, ки ҳоло 30 сомонӣ арзиш дорад, на камтар аз 50 сомонӣ баланд мешавад.
Ҳанифа, як сокини Душанбе, ки фарзандонаш дар Русия ба муҳоҷирати корӣ машғул ҳастанд, дар сӯҳбати сарироҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бояд вазъи мардумро дарк кунанд, зеро баланд бардоштани нархи интернет, боз ба ҷайби мардуми нодор зарба мезанад.
Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чандин вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд.
Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.