Бехатарӣ, таҳдидҳои қонунӣ, дуруғгӯӣ ва таҳқир, ҳимояи шаъну шараф, чӣ гуна аз худ ҳимоя кардан, ба куҷо муроҷиат намудани рӯзноманигорон, ҳангоми афтодан ба ҳолатҳои ногувор, ин ва дигар масъалаҳое буданд, ки дар як тренинги дурӯза (рӯзҳои 6-7-и март) аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба доираи васеъи рӯзноманигорони тоҷик омӯзонида шуданд.
Ба тренинг коршиносони масоили ҳуқуқӣ аз Маркази ҳимояи ҳуқуқи журналистон, мушовири шӯрои ҷамъиятии назди президенти Русия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Борис Пантелеев ва Тамара Симахина аз Қазоқистон даъват карда шуданд.
Масъули баргузории тренинг Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) буда, он аз ҷониби Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) маблағгузорӣ шудааст.
Масъулин ҳадафи амалисозии чунин тренингҳо дар самти бехатарии журналистонро ба низоми муайян ворид кардани малакаҳои онҳо дар самти ҳимояи манфиатҳои шахсӣ ва касбияшон арзёбӣ мекунанд.
— Тасмим гирифтем силсилаи чорабиниҳои тамриниро дар самти амнияти шахсӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва ҳамзамон кӯмаки психиологӣ барои журналистон пешбинӣ намоем, то онҳо тавонанд бидуни хавфу хатар ба фаъолияти эҷодияшон рисолаташонро дар назди ҷомеа адо намоянд, — гуфт роҳбари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, ки аз ҳуқуқҳои рӯзноманигорон дар кишвар дифоъ мекунад.
Ба гуфтаи Қаршибоев, матраҳ кардани силсилаи чунин тренингҳо ба он хотир аст, ки дар пеш чорабиниҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи парламентӣ ва президентӣ қарор дорад.
http://faraj.tj/habari-ruz/rohhoi-behatariro-ba-ruznomanigoron-meomuzand/