ВКХ Тоҷикистон: сомонаҳои иттилоотӣ бо мақсади таъмини амният баста мешаванд
     TJ RU EN
08:54 / 2024-11-16

ВКХ Тоҷикистон: сомонаҳои иттилоотӣ бо мақсади таъмини амният баста мешаванд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни посух ба саволи журналистон изҳор дошт, ки сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният баста мешаванд.

Саволи хабарнигори “Азия-Плюс” чунин буд: “Идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мунтазам бидуни эълону сабабҳо қатъи дастрасиро ба сомонаҳои иттилоотӣ дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Оё Шумо ба ин ҳамчун ба таҷрибаи нақзи уҳдадориҳои байнулмилалӣ баҳо медиҳед ё ин меъёр аст?

Посухи Сироҷиддин Муҳиддин: “Ин саволро беҳтар аст, ки ба роҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ диҳед. Лекин ман кӯшиш мекунам, ки аз нуқтаи назари уҳдадориҳои байнулмилалӣ шарҳ бидиҳам”.

ASIA-Plus News Agency Сироджиддин Мухриддин

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байнулмилалии худ бояд сииёсати шаффоф, аз ҷумла сиёсати шаффофи иттилоотӣ низ роҳандозӣ намояд.

“Дар ҳамин ҳол, - қайд кард вазир. – тавре сохторҳои дахлдор ба мо мефаҳмонанд, бо мақсади таъмини амният баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд. Агар ба харита назар андозем, мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва аз кишварҳои хориҷи дур ба мо нигоҳ карда, фикр мекунанд, ки ин кишвар ба мо таъсиргузор асту мо ҳам дучори мушкилиҳоем. Тоҷикистон техника ва муҳимоти ҳарбӣ истеҳсол намекунад. Дар ҳамин ҳол, мо яке аз кишварҳои босуботи минтақаем. Конфронсҳои гуногуни байнулмилалӣ баргузор намуда, сол то сол шумори сайёҳони хоҳишманди боздид аз кишвари мо меафзояд”.

Роҳбари идораи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд, ки бо сабаби “дарҳои боз” ба вуқӯъ пайваст”.

“Ҳама дилхоҳ сиёсату идеологияро дар ин ҷо тарғиб карда метавонистанд. Пасз ин мо сабақҳои зиёд бардоштем. Маълумот (иттилоот) воситаҳои пурзӯрест, ки ҳама чизро ба вуҷуд оварда метавонад. Бо мақсади танзими чунин равандҳо ва тарбияи шаҳрвандони мо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ғайра, дастрасӣ ба чанде аз сомонаҳо баъзан қатъ мешавад”, - иброз дошт вазир.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар суҳбатҳо бо намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ вақте вазорат вазъро бо назардошти рӯйдодҳои пешин атрофи минтақа шарҳ медиҳад, “баъзан мо онҳоро муътақид карда метавонем, ки мебояд баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд”.

Дар ин росто мавриди зикр аст, ки муддати ним сол дастрасӣ ба сомонаи агентии иттилоотии “Азия-Плюс” давра ба давра бидуни ҳеҷ шарҳу сабабе қатъ мегардад.

https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190213/vkh-toikiston-somonaoi-ittiloot-bo-masadi-tamini-amniyat-basta-meshavand


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима