Тоҷикистон ба ваколатдор оид ба расонаҳо ниёз дорад?
     TJ RU EN
10:04 / 2024-12-20

Тоҷикистон ба ваколатдор оид ба расонаҳо ниёз дорад?

Дар Ӯзбекистон ба хулосае омаданд, ки мақоми ваколатдор оид ба расонаҳо (медиа - омбудсмен) таъсис диҳанд, то он ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ВАО-ро ҳимоя намуда, аз дахолати беасоси мақомоти давлатӣ огоҳ намояд ва инчунин, баҳсҳои ВАО ва мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳал кунад.

Мо пурсидем, ки оё вақти дар Тоҷикистон таъсис додани ин мақом нарасидааст?

Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома”:

- Барои Тоҷикистон будани медиа – омбудсмен хеле муҳим аст, зеро журналистони мо мушкилоти зиёд дар самти дастрасӣ ба иттилоот доранд.

Тибқи протоколи Истамбул дар бораи пешгирии фасод дар кишвар, ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки мақоми ваколатдор оид ба дастрасӣ ба иттилоотро таъсис диҳад, ки ин ҳамин медиа – омбудсмен аст.

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” нақша дорад, ки соли равон ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Қироншоҳ Шарифзода, журналист:

- Талабот ба институти ваколатдор оид ба расонаҳо, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ВАО-ро дар Тоҷикистон ҳимоя кунад, албатта ҳаст. Ташкили ин институт мушкили зиёд надорад. Савол дар ин ҷост, ки он то кадом андоза ба манфиати рӯзноманигорон ва муҳаррирон хоҳад буд? Дар ҳолате, ки қариб ҳамаи баҳсҳои судии муқобили намояндагони ВАО ба манфиати рӯзноманигорон ҳал намешавад, дар гумон аст, ки ин мақом кӯмаке карда тавонад.

Гумон мекунам, ки дар шароити имрӯза, агар ҳар як расона ҳуқуқшиноси худро дошта бошад, хуб аст.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОМТ:

- Дар Тоҷикистон масъалаи таъсиси мақоми ваколатдор оид ба расонаҳо, аллакай чанд сол аст, ки мавриди муҳокима қарор дорад. Аммо ташаббуси таъсиси ин сохтор аз тарафи ҳукумат ҷонибдорӣ наёфт.

Имрӯз зарурати таъсиси мақоми ваколатдор оид ба расонаҳо воқеан пеш омадааст. Агар он таъсис дода шавад, бояд озод бошад ва нафари ҳирфаӣ ва огоҳ аз мушкили рӯзноманигорон роҳбарӣ намояд. Нафаре бояд ваколатдор бошад, ки барои ҳалли мушкили рӯзноманигорон талош намояд ва тавонад, ки дар чаҳорчӯби қонун, аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоя кунад.

Мутаассифона, дар кишвар касе аз намояндагони мақомоти давлатӣ парвои ҳалли мушкили рӯзноманигоронро надоранд. Онҳое, ки дар мансаби давлатианду вазифаашон фароҳам овардани фазои озоду мусоид, имкони рушд барои ВАО аст, муҳимияти ин масъаларо амиқ дарк намекунанд. Имрӯз дар кишвар барномаи мушаххаси рушду таҳкими ВАО, ҳамоҳангсозӣ ва таҳкими ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ, таъмини дастрасӣ ба иттилоот вуҷуд надорад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари соҳаи ВАО:

- Таъсиси мақоми медиа - омбудсмен бешак зарур аст, зеро бархӯрди ҳукумат ва мақомоти он нисбати рӯзноманигорон ва расонаҳо вақтҳои охир хеле тунд ва кунд шудааст. «Тунд» ба он маънӣ, ки мақомот тоқати шунидани ҳарфи танқидиро надоранд ва «кунд» ба он маъно, ки онҳо баъзан расонаҳо ва журналистонро на он қадар «эътироф» мекунанд ва барои гирифтани ҷавоб ба саволашон ин расонаҳову журналистонро муддатҳои тӯлони «футбол» мекунанд.

Мо метавонем даҳҳо ваколатдор таъйин кунем, вале гап сари он аст, ки онҳоро ҳукумат таъйин мекунад, на мардум. То вақте, ки ҳукумат онҳоро таъйин мекунад, ин ваколатдорҳо ҳеч гоҳ аз гапи онҳое, ки таъйинашон кардаанду маошашон медиҳанд, намебароянд. Ман нашунидаам, ки боре касе аз журналистон гуфта бошад, ки ваколатдор ҳуқуқи маро ҳимоя кард ва маро аз чанголи мақомдори бесалоҳияте халос кард.

Хулоса, агар мо мехоҳем, ки мисли давлати ҳамсоаамон медиа - омбудсмен дошта бошем (мо воқеан ба он ниёз дорем), роҳбарияти мо бояд мисли роҳбарияти ҳамсоякишварамон нияти воқеии ислоҳотро дошта бошад. Дар акси ҳол, ин ҳама як театри лӯхтак асту халос.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор:

- Бояд ба назар гирифт, ки Ӯзбекистон дар кадом ҳолат ба таъсиси медиа – омбудсмен иқдом намуд. Ҳукумати нави ин кишвар ҷомеаи дигар сохтан дорад, яъне гузариш аз низоми тоталитарӣ ба ҷомеаи кушода ва демократӣ.

Мехоҳам гӯям, ки дар Ӯзбекистон заминаҳо вуҷуд доранд, чун ҷомеа ҷӯшиш пайдо кард, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл мегиранду фаъол мешаванд. Аммо дар мо чӣ? Раванди баръаксро мебинем.

Аз як ҷомеаи то ҷое кушодаву демократӣ ба сӯйи тоталитаризм равонаем. Дар ин сурат, оё ягон институт метавонад фаъол ва мустақил бошад? Оё омбудсмен ва омбудсмени кӯдак, ки дар мо ҳаст, то куҷо мустақиланду ягон мушкилеро ҳал карданд? Пас, агар барои ном ва зеб омбудсмен ташкил кардан хоҳанд, чизе халал намерасонад! Вале, агар мақсад як ниҳоди мустақил ва таъсиргузор бошад, хеле ҷойи фикр дорад. Пас беҳтар нест, ки ба ҷои созмонҳои барзиёди журналистӣ, ки расман гӯё вуҷуд доранд, вале дар амал тақрибан нестанд, як ё ду созмони мавҷударо тақвият бахшем? Хоса дар замоне, ки журналистикаи тоҷик буҳрони амиқи касбиву иқтисодиро аз сар мегузаронад ва аслан фаъолияти расонаҳои мустақил зери суол аст...

https://news.tj/tj/news/tajikistan/power/20190213/toikiston-ba-vakolatdor-oid-ba-rasonao-niyoz-dorad


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима