ТАРс
     TJ RU EN
01:37 / 2024-12-21

ТАРс

«Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо раҳо карда метавонад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар кишвар нишастҳои матбуотӣ бо ширкати раҳбарони вазоратхона ва кумитаҳо, масъулони соҳаҳои гуногун оғоз гардидаву идома доранд. Аслан, ин нишастҳо барои аксар рӯзноманигорон шароити мусоиде аст, ки дилхоҳ суоли худро диҳанд ва ба он посух ҷӯянд. Гоҳо мешавад, ки як ҷавоби аҷиби ягон вазир ё масъул дар сархати хабарҳо қарор гирад ва барои ин мансабдор тақдирсӯз шавад. Шояд бо назардошти ин, солҳои ахир бисёре аз раҳбарони сатҳи аввал аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо журналистон истиҳола менамоянд ва ба ҷойи худ муовин ё ягон шахси дигареро, ки албатта бо «сухандонӣ» ва «огоҳӣ аз вазъ» маъруф шудааст, мефиристанд. Яъне, сухан аз забони онҳо барояд, мушкиле нест, муҳим, аз забони худи онҳо набарояд. Ин «тарс» ду сабаб дорад: Аввалан, раҳбарони раддаи аввал медонанд, ё тахмин мезананд, ки вобаста ба соҳаи онҳо чӣ саволи беҷавоб шуданаш мумкин, барои ҳамин мегурезанд. Дуввум, худи онҳо бо вуҷуди доштани маълумот, аз ҳарф задан пешорӯи микрофону камера дасту пой мехӯранд ва ҳарос доранд, ки ҷумлаҳои бемаънӣ ё хандадори онҳоро рӯзноманигорон дар сархати хабари хеш қарор медиҳанд ва дар мазҳари ом шарманда мекунанд. Чандин солҳо аст, ки аз «боло» ба раҳбарони ноҳияҳо ё идораҳо супориш меояд, ки сайти хешро фаъол намоянд. Аксар ба ин кор даст задаанд, вале бисёр беҳунарона: Ё сайтҳо маълумоти лозимаю маводи хонданӣ надоранд, ё мутахассиси хуби техникӣ ва журналисти соҳибқалам. Сабаби ин ҳамаро шахсан ман дар набудани марказҳои матбуотӣ мебинам. Намедонам чаро, дар аксар ноҳияҳо ҳатто ҷойи корие ба унвони «сухангӯ» нест ва марказҳои матбуотӣ фаъол нестанд. Ҳол он ки, таъсис додани ин ҷойи кор метавонад раисро аз бисёр ҳуҷумҳои иттилоотӣ наҷот диҳад ва масъулонро, сар карда аз муовин, аз навиштани посух ба расонаҳо халос кунад. Ман то ҳол ҳайронам, ки бо дарки зарур будани ин ҷойи корӣ то ҳанӯз ҳатто дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ки набудани маълумоти дақиқ сабабгори бештар бад шудани авзоъ ҳангоми ягон муноқиша мегардад, ин вазифа дар рӯйхати кормандони Дастгоҳи ҳукумати маҳаллӣ нест. Ҳамаи ин фикр кунам аз тарс аст, зеро журналист ҳангоме масъули хабар шуд, ба суоли ҳамкасбонаш ҷавобе медиҳад, қонеъкунанда бошад ё посухе медиҳад, ки ба раҳбари аввали ноҳия ё вилоят хуш намеояд. Аммо мо хоҳем, нахоҳем, Шумо хоҳед, нахоҳед, таъсиси ин ҷойи корӣ алалхусус дар ин замоне, ки ҷанги иттилоотӣ рӯз ба рӯз меафзояд, мисли боду ҳаво зарур аст ва пеш аз ҳама барои оромии ҷомеа ва гирифтани пеши роҳи нигоҳи яктарафаи расонаҳо ба ҳодисаҳо, сари вақт пешгирӣ кардани овозаҳои беасос лозим мебошад. Албатта, дар ҳоле ки Шумо, раисони муҳтарам, аз як рӯзноманигор мансабдори маҳаллӣ насозед, балки мисли ӯ дар сухан гуфтану посух додан журналист шавед! Тавре собиқ канслери Олмон Отто фон Бисмарк мегӯяд: «Ман метавонам аз даҳ журналист даҳ вазир созам, аммо аз даҳ вазир як журналист сохтан ба гумон аст!». Натарсед, майдон аз далер аст!

http://faraj.tj/minbari-sardabir/tars-2/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима