Натиҷаи озмуни минтақавии «Қалами созанда» 5 феврали соли 2019 эълон карда шуд. Дар ҷаласаи тантанавие, ки ба хотири қадрдонии ғолибон доир гардид, раиси вилоят Раҷабой Аҳмадзода низ иштирок дошт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вилоят, ин сол аз рӯзномаҳои минтақавӣ 60 дархост гирифтааст. Зиёда аз 30 нафар рӯзноманигорони минтақавӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд Аз ҷумла дар қатори дигар ғолибон мухбири Агентии иттилоотии «Суғднюс» Холикназар Ҷумаев сазовори ҷои дуввум гардид.
http://tajikistantimes.com/tajikistan/holiknazar-umaev-sazovori-oyi-duvvum-gasht/