Як ҳафта аст, ки дар кишвар нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо идома дорад. Тибқи маъмул, бояд ҳама роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар нишастҳои матбуотӣ иштирок кунанд.
Мутассифона, баьзе роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон дар нишастҳои матбуотӣ иштирок накарданд.
Имрӯз дар нишасти хабарӣ, ки дар Хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Хатлон баргузор гардид, роҳбари он Халифаев Қурбоналӣ иштирок накарда ба ҷойи ӯ муовинаш иштирок дошт ва гуфт роҳбараш бемор аст.
Инчунин, роҳбари Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Наврузода Асилбӣ, низ дар нишасти хабариаш, ки рӯзи 30 январ баргузор гашт, иштирок надошт.
http://faraj.tj/habari-ruz/hatlon-kadom-rohbar-dar-nishasthoi-matbuoti-ishtirok-nakard/