Аз вазирону раисони тоҷик чӣ мехоҳанд? ВИДЕО
     TJ RU EN
10:17 / 2024-12-20

Аз вазирону раисони тоҷик чӣ мехоҳанд? ВИДЕО

Хабарнигорони тоҷик ин шабу рӯз ба вазирон ва раисони идораҳои давлатӣ бастаи суолҳои худро омода мекунанд. Онҳо мехоҳанд, паҳлӯҳои норӯшани чанд ҳодисаро, ки дар давоми беш аз ним соли охир дар кишвар рух додааст, маълум кунанд. Аз ҷумла, дар бораи ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ки аз ду тараф беш аз бист кушта бар ҷо гузошт ва ба ҷуз аз изҳороти пароканда ва иттилои манобеи мухталиф чизи дигаре ошкор нашуд.

  • Интизор меравад, вазирону раисони хадамот ва кумитаҳои Тоҷикистон аз рӯзи 28-уми январ то нимаи аввали моҳи феврал дар рӯ ба рӯи хабарнигорон қарор бигиранд. Нишасти матбуотии мансбадорони тоҷик аз соли 2011 боз баргузор мешавад.

Вале солҳои охир раҳбарони баъзе аз сохторҳои давлатӣ ин нишастҳоро ба як мулоқоти бисёр маҳдуд ва расмӣ табдил дода, аз посух гуфтан ба суоли муҳими журналистон худдорӣ меварзанд ваё аслан ба нишастҳо намеоянд. Журналистони тоҷик мегӯянд, бино бар ин, нишастҳо баъзан “бе рангу бӯ” мегузаранд.

Аваз Юлдошев, хабарнигори “Азия-Плюс”, гуфт, нишастҳои хабарӣ ба қавле барои “галочка” доир шуда, мақомот ба суолҳо ё умуман посух намедиҳанд ваё бо ҷавобҳои сатҳӣ иктифо мекунанд.

“Барои мисол, дафъаи гузашта дар ду-се нишасти мақомоти қудратӣ дар бораи ҷиноятҳои писари вазири собиқи энергетика савол шуд. Танҳо посух доданд, ки “ҳа, ҳамин хел буд” ва дигар тафсилот надоданд. Масъулон кӯшиш мекунанд, ки аз саволҳо гурезанд”, - гуфт Юлдошев рӯзи 26-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед: Аз вазирони тоҷик чӣ мехоҳанд?

Фарзонаи Умаралӣ, хабарнигори нашрияи “Фараж” гуфт, “дар нишасти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон будем. Раиси кумита ним соат ҳисоботро хонд ва баъди он гуфт, ки кор дораду меравад. Ба суолҳои як намояндаи ӯ посух гуфт. Вале бо баҳонаи онки ҳамаи гапро роҳбар медонад, ба суолҳо ҷавоби дақиқ надод."

Беҳрӯз Холмуродов, хабарнигори нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” пешниҳод дорад, ки мақомот ҳисоботи кори яксолаи худро дар шакли чопӣ ё электронӣ дар ихтиёри хабарнигорон гузошта, як соат вақти нишасти хабариро ба суолу ҷавоб бибахшанд.

Одили Нозир, хабарнигори нашрияи “Тоҷикистон”, мегӯяд, то замоне ки хабарнигорон ба хунукназарии баъзе мақомот ба нишастҳо вокуниши ҷиддӣ накунанд, вазъ беҳтар нахоҳад шуд. "Чанде аз мақомдорон як бор - ду бор наомаданд. Диданд, ки на журналистон ва на ҳукумат чизе намегӯянд. Дигар намеоянд. Пешниҳод мекунам, ки раисону вазирон иштирок кунанд. На ҳама вазирҳо ба матбуот дастрас ҳастанд", - афзуд ӯ.

Як хабарнигор, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, мансабдорон моил нестанд, ки дар нишасти хабарии онҳо журналистони фаъол иштирок карда, аз даҳони онҳо гап бигиранд. Аммо Далер Мерганов, муовини сардабири нашрияи порлумонии “Садои мардум”, мушкилро дар баъзе аз журналистон мебинад, ки ба иддаои ӯ "бе омодагӣ меоянд".

Ӯ гуфт, "инкор намекунам, ки як идда масъулон ба нишастҳои хабарӣ муносибати дувумдараҷа доранд. Вале ин омил аз куҷо сарчашма гирифтааст? Бовар дорам, ки ноогоҳии баъзе журналистон ҳам сабаб мешавад. Баъзан саволҳо аз мавзӯи нишаст ва ё самти фаъолияти ниҳодҳо дур аст ва боис ба хандахариши масъулон мегардад. Ё савол комилан моҳияти шахсӣ дорад, ки аз ин розӣ нестам."

Далер Мерганов таъкид намуд, ки дар нишастҳои хабарии навбатӣ сари мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ, низоми бонкдорӣ ва сиёсати хориҷии кишвар савол медиҳад ва умед дорад посухҳое дарёфт кунад.

Хабарнигорон ба таври ғайрирасмӣ барои худ ба истилоҳ рейтинги мақомдорони "ҳамкор бо матбуот" ва ҳам "гурезон аз журналистон"-ро таҳия кардаанд. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, одатан дар нишастҳои хабарӣ роҳбарони вазоратҳои умури дохилӣ, маориф, адлия, Оҷонси сохтмон ва меъморӣ, Бонки миллӣ хеле фаъоланд ва ба суолу нигарониҳои журналистон посух медиҳанд. Посухҳои ин ниҳоду мақомот бисёр вақт хабарсоз мешавад.

Дар гузашта ҳар сохтори давлатӣ муваззаф буд, ки дар ҳар се моҳ дар баробари журналистон аз фаъолиятҳои худ гузориш диҳад, аммо баъди муддате ин муқаррарот то ду бор дар як сол маҳдуд шуд. Дар баробари мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар манотиқи кишвар ҳам масъулин бо хабарнигорон ҳамингуна соле ду бор нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори тоҷик Исфандиёри Одина гуфт, "беҳтар аст, худи президент ҳам дар ҳар шаш моҳ як бор нишасти хабарии муфассал баргузор кунад ва ба пурсишҳои рӯзноманигорони кишвар посух бидиҳад".

https://www.ozodi.org/a/29731893.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима