Вазири адлия аз посух ба суолҳо дар мавриди ошӯби Хуҷанд худдорӣ кард
     TJ RU EN
09:50 / 2024-12-20

Вазири адлия аз посух ба суолҳо дар мавриди ошӯби Хуҷанд худдорӣ кард

Вазири адлияи Тоҷикистон аз ироаи посух ба суолҳои марбут ба ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, худдорӣ кард.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарии ниҳодаш дар бораи ошӯб дар зиндони Хуҷанд танҳо гуфт, ки ҳоло тафтиши қазия аз ҷониби Додситонии кулл идома дорад ва наметавонад дар ин бора ҳарфе бигӯяд.

Дар интизори натиҷаҳои тафтишот

"Тафтишот идома дорад ва ҳоло ба анҷом нарасидааст. Ва мо ҳам ҳанӯз ягон гузориши дақиқ аз сӯи мақомоти тафтишотӣ дар даст надорем. Ман фикр мекунам, имрӯз дар бораи омил ва сабабҳои он гуфтани ман дуруст намешавад, зеро, ки тафтишот бояд ҳамаи инро муайян кунад. Баъд аз анҷоми таҳқиқ аз сӯи Додситонии кулл, он ироа мешавад",-афзуд Рустами Шоҳмурод.

Вазири адлияи Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди шумораи кушташудаҳои ин ошӯб гуфт, "вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон омори дақиқи кушташудаҳоро гуфта буд". Рустами Шоҳмурод афзуд, ҳуқуқ надорад аз ин бештар иттилоъ бидиҳад.

Мақомоти дигари тоҷик низ то ба ҳол дар мавриди ошӯби шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд маълумоти зиёде ироа накардаанд. Танҳо Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов) – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон карда буд, ки дар исёни шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 ошӯбгар "безарар гардонда шуд".

Ба иттилои вазири умури хориҷӣ, дар маҷмӯъ дар ошӯби зиндони Хуҷанд 25 нафар ба ҳалокат расид. Аз миёни онҳо ду зиндонбон ва ду зиндонӣ аз ҷониби зиндониҳо кушта шуданд. Ба қавли ӯ, 12 нафари онҳо ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок карда, 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ будаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳодиса ду маъмури маҳбас кушта шуда ва панҷ зиндонбон шадидан захмӣ гардиданд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ошӯбгарон дар гузашта барои вайрон кардани қоидаи будубош дар зиндон ҷазои интизомӣ гирифта буданд.

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост. Бо гузашти дувуним моҳ аз рӯзи ҳодиса, мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд. Дар бораи теъдоди захмиҳо дар миёни маҳбусон иттилоъ дода нашудааст. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро дар ошӯби зиндони Хуҷанд то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Барканориҳо пас аз ошӯб дар зиндон

Дар пайи ин ҳодиса Иззатулло Шарифзода, раҳбари Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр аз мақом барканор шуд. Ӯ дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард. Ҳамчунин чанд масъули дигари идораи зиндонҳо низ дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ба ҷойи Иззатулло Шарифзода ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо, Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро ҳоло гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва ба гуфтаи манобеи наздик ба он, ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст.

​Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.

https://www.ozodi.org/a/29735066.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима