Тоҷикистон: Намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ манъ карда шуд
     TJ RU EN
01:49 / 2024-11-16

Тоҷикистон: Намоиши саҳнаҳои бӯсу канор дар ТВ манъ карда шуд

Аз ин ба баъд ҳамагуна лаҳзаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагии филмҳо ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус вазифадор шудаанд, ки филмҳоро пеш аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд.

Масъулони телевизионҳои давлатӣ чунин саҳнаҳоро «фаҳш» ва «хилофи арзишҳои миллӣ» унвон мекунанд. Маҳмадшариф Бобозода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ гуфт, «манъи намоиши саҳнаҳои фаҳш ба хотири ҷилавгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ аст».
Тасмими манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор ва ишқварзӣ дар телевизионҳои давлатӣ дар оинномаи нави «Тоҷикфилм», ки миёнаҳои соли гузашта таҳия шуда буд, таъкид гардидааст. Ин оиннома аз тарафи ҳукумат тасдиқ шуд ва филмҳо бар асоси он пахш мешавад. «Дар телевизионҳои Тоҷикистон намоиши чунин саҳнаҳо аз рӯйи одоб нест. Тасаввур кунед, ки бо аҳли хонавода телевизионро тамошо доред ва саҳнаи бӯсобусӣ нишон дода мешавад. Духтар дар назди падар ва падар дар назди духтар шарм медорад. Намоиши саҳнаи бӯсобӯсӣ дар фарҳанги мо қабул нест», — шарҳ дод Маҳмадшариф Бобозода. Искандар Усмон, коргардони тоҷик мегӯяд, ин кори телевизионҳои Тоҷикистон анҷом медиҳанд, хилофи қонун дар бораи моликият аст. Ин коргардон мегӯяд, саҳнаи пешоб кардани як писарро низ аз филми таҳиянамудаи ӯ бурида буданд, ки каме мӯҳтаворо дигар кардааст. Дар он саҳна, ба гуфтаи коргардон, писар аз масофаи дур намоиш дода шудааст, ки шармгоҳаш намоён нест. «Дар замони Шӯравӣ ин саҳнаҳоро пинҳон кардан мумкин буд, вале ҳоло дигар Интернет пур аз филму саҳнаи фаҳш аст. Борҳо пешниҳоди намоишгоҳҳои Эронро барои буридани саҳнаи филмам рад карда будам. Фикр мекунам, ягон коргардон ба ин розӣ намешавад», — гуфт ӯ. http://tajikistantimes.com/tajikistan/to-ikiston-namoishi-sa-na-oi-b-su-kanor-dar-tv-man-karda-shud/

Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима