Хайрулло Мирсаидов ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд
     TJ RU EN
10:05 / 2024-12-20

Хайрулло Мирсаидов ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷик ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон, ки феълан дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, ғоибона ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ӯро ба сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва низ тарки маҳалли зист муттаҳам кардааст. Манобеи додгоҳ гуфтанд, ки мурофиа дар ғайби Хайрулло Мирсаидов рӯзи 11-уми январ баргузор шуд.

Сафари "узрнок"

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Хайрулло Мирсаидов, рӯзи 12-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро тасдиқ кард. Вай гуфт, сафари зерҳимояаш ба хориҷа “узрнок” аст ва аз додгоҳ хостааст, ки ҳукми худро тағйир диҳад.

“Гуфтам, ки Хайрулло Мирсаидов барои табобат ба хориҷа рафтааст. Нозирони иҷрои ҷазо дар вилояти Суғд норозӣ буданд. Эътироз карданд, ки ӯ бе ягон огоҳӣ маҳалли зисти худро тарк кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо бояд аввал санади бемории худро нишон дода, сипас барои ба хориҷа рафтан иҷоза мегирифт”, - нақл кард вакил.

Ба қавли Бахтиёр Насруллоев, додгоҳ ду сол корҳои ислоҳии нафари таҳти ҳимояташро ба ҳашт моҳи зиндон табдил додааст. “Бар асоси қонун дар сурати саркашӣ аз корҳои ислоҳӣ, се рӯзи он ба як рӯзи ҳабс табдил дода мешавад”, - шарҳ дод ӯ.

Аз зиндон боз ба зиндон?

Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 боздошт ва моҳи июли соли гузашта бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми августи 2018 Мирсаидовро аз зиндон озод кард, вале доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Хайрулло Мирсаидов ба пардохти 78 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима ва инчунин ду сол корҳои ислоҳӣ муваззаф шуд.

Додгоҳ, инчунин, гуфта буд, ки Мирсаидов бояд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд кор карда, бист дар сади маоши худро ба буҷети давлат супорад.

"Дар он шароит чӣ гуна кор мекардам?"

Хайрулло Мирсаидов дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ барои тарки кишвар ночор буд, чун дар дохил натанҳо наметавонист ҷои кор пайдо кунад, балки наметавонист маблағи ҷаримаро ҳам пардохт намояд.

“Тасаввур кунед, баъди ду моҳи озодӣ аз зиндон бояд тақрибан ҳаштод ҳазор сомонӣ ҷаримаро мусупурдам. Бар илова, бояд кор ёфта, як қисми маошро ба давлат медодам. Бегоҳӣ ҳаққи аз хона баромаданро надоштам. Бояд сари чанд вақт ба идораи милиса рафта, худро сабт мекардам. Дар ин шароит чӣ гуна кори журналистӣ мекардам?” – суол гузошт ӯ.

Хайрулло Мирсаидов гуфт, моҳи декабри соли 2018 тақрибан ҳаштод ҳазор сомонӣ ҷаримаро супурдааст ва ҳоло аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, то ӯро пурра “сафед” кунад.

https://www.ozodi.org/a/29706038.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима