Оғози баррасии парвандаи Мирсаидов дар Додгоҳи Хуҷанд
     TJ RU EN
10:18 / 2024-12-20

Оғози баррасии парвандаи Мирсаидов дар Додгоҳи Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд имрӯз, ҷумъаи 8-уми июн ба баррасии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, шурӯъ мекунад. Масъулони Додгоҳи Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа дар шакли боз доир мегардад.

  • Хайрулло Мирсаидов аввали декабри соли гузашта бар асоси шикояти собиқ сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд - Олим Зоҳидзода дастгир шуд. Тафтиши парвандаро Додситонии вилояти Суғд анҷом дод.

Парвандаи орӣ аз ангезаи сиёсӣ?

Хайрулло Мирсаидов дар аввал бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” муттаҳам буд. Аммо рӯзи 21-уми майи имсол додситонӣ гуфт, тафтишот ин моддаро бинобар сабаби исбот нашудан аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов берун кард.

Ба ин тартиб, Хайрулло Мирсаидов дар додгоҳ аз рӯи моддаҳои "аз они худкунӣ ё исрофкорӣ" (банди 245), "сохтакорӣ" (340) ва "дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346)" муҳокима хоҳад шуд.

Бахтиёр Насруллоев, яке аз вакилони дифои Хайрулло Мирсаидов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “муҳри махфӣ” аз парвандаи нафари таҳти ҳимояташ бардошта шуд ва парвандаи ӯ дигар орӣ аз ангезаи “сиёсӣ” аст. Вай афзуд, ин омил Мирсаидов ва вакилони дифоашро ба эҳтимоли раҳоӣ аз ҳабс умедвор кардааст.

Хатои муҳосибӣ

Ба қавли ӯ, инчунин, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки Мирсаидов на 400 ҳазор сомонӣ пули буҷет, балки тақрибан 100 ҳазор сомониро гӯиё "барои харҷҳои хусусӣ ва ғайримақсаднок" истифода намудааст. “Он ҳам хатои муҳосибии ӯст. Санадҳоро дуруст ҷамъ накарда, бо ҳисобот пешниҳод накардааст”, - афзуд Бахтиёр Насруллоев.

Бекор кардани моддаи “барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов яке аз тақозоҳои аслии созмонҳои журналистӣ дар Тоҷикистон буд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон (НАНСМИТ), гуфт, боз ҳам омили сиёсӣ дар қазияи ин рӯзноманигор то андозае боқӣ мондааст.

“Будани моддаи 346 қазияро сиёсӣ мекунад”

Ӯ рӯзи 4-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “иттиҳоми “расондани хабари бардурӯғ” боқӣ мондааст. Мақомот ба ҷои инки далелҳои овардаи ӯро ҳамаҷониба тафтиш кунанд, бар зидди ӯ парванда боз карданд. Барои ҳамин, будани моддаи 346, яъне “дидаву дониста паҳн кардани хабари бардурӯғ” дар бораи ришватталабии собиқ сардори раёсати ҷавонони Суғд боз ҳам ба парвандаи ӯ каме тобиши сиёсӣ медиҳад.”

Раиси НАНСМИТ афзуд, раёсати молияи вилояти Суғд ба дархости ин созмон навиштааст, ки “ба КВН аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бевосита маблағ ҷудо нашудааст”. “Пас, маблағ ба гурӯҳи КВН тавассути созмони раёсати ҷавонони Суғд ҷудо шудааст. Мақомот дар пайи муроҷиати Мирсаидов бояд чӣ гуна ҷудо шудан ва сарфи маблағ ва вуҷуди фасод дар ин мавридро мӯшикофона таҳқиқ мекарданд. Вале ин кор ба анҷом расонда нашуд”, - афзуд ӯ.

Бо ин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, умедвори одилона баррасӣ шудани парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон дар додгоҳ аст.

Сукути Олим Зоҳидзода

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Вале Зоҳидзода аз аввали ин қазия то ба ҳол аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карда ва назари худро баён надоштааст. Ӯ ба зангҳои пайвастаи мо ҷавоб надод. Вале қаблан дар як суҳбати бидуни микрофон бо хабарнигорон гуфта буд, аз додситонӣ танҳо барқарор кардани шаъну шарафи поймолшудаашро талаб карда буд.

Боздошти Хайрулло Мирсаидов боис ба интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журналисти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

https://www.ozodi.org/a/mirsaidov-case/29270448.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима