МУШКИЛИ РАҚАМИ 1-И ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК
Хабарнигорон гирифтани иттилооти зарурӣ аз мақомотҳои давлатиро мушкили рақами 1-и журналистикаи тоҷик арзёбӣ менамоянд.
Онҳо мегӯянд, барои гирифтани маълумоти оддӣ, ки танҳо маънои тасдиқ ё рад кардани хабарро дорад, масъулон дархости хаттӣ талаб мекунанд, аммо дар ҳолати равон кардани дархост моҳҳо ҷавобашро интизор мемонанд.
Баҳманёр Надиров, хабарнигори Азия плюс мегӯяд cолҳои пеш танҳо барои маълумотхои муфассал ё омору ракамҳо дархост талаб мекарданд, ҳоло бошад барои як тасдиқи оддӣ дархости хаттӣ талаб мекунанд, ки ин ҳолат фаврияти хабарро аз байн мебарад. Дар ҳолати равон кардани дархости хаттӣ рӯзҳои зиёд, ҳатто моҳҳо мегузаранд, аммо ҷавоб намедиҳанд, ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ масъулин бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ ҷавоб гардонанд.
“Ҳастанд ҳолатҳое, ки як дархост 5-6 маротиба равон карда мешавад, аммо аз он сӯ ҷавобе нест. Вақте занг мезанед, мегӯянд аз нав дархост фиристед. Масъалаи дигар ҷавоб ба дархостҳо аст, албатта агар бахтатон хандида ҷавоб диҳанд. Ҷавобҳо аксар вақт бисёр хушк, умумӣ ва бидуни факту рақам ҳастанд. Вақте ҷавоби ин ё он дархостро мехонӣ, фикр мекунӣ дар он вазорат ё сохтор шахсони бесавод кор мекунанд, ки мазмуни саволатро нафаҳмиданд. Аммо фикр мекунам онҳо бесавод нестанд ва мазмуни саволро хуб фаҳмидаанд, лекин ба журналистон чун ба “ахмақон” ҷавоб медиҳанд”- афзуд ӯ.
Тибқи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд.
Хабарнигори тоҷик Миралӣ Юсуфов мегӯяд, мақомоти давлатӣ бо ҳар баҳона аз додани иттилои зарурӣ худдорӣ мекунанд, ё онро замоне ба дасти мо медиҳанд, ки аллакай хабар куҳна шудааст. “Дар қатори мақомоте, ки гирифтани иттилоъ аз онҳо тақрибан ғайримумкин шудааст, метавонам Додситонии кулл, Вазорати корҳои дохилӣ (баъди иваз шудани сухангӯи ин ниҳод), Қушунҳои сарҳадӣ, Вазорати дифоъ, Вазорати адлия, Вазорати молия ва Додгоҳи олиро номбар кунам”. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ниҳодҳо ҳатто ба мактубҳои расмии хабарнигорон саривақт посух намедиҳанд ё агар баъди як моҳ ҳам посух диҳанд, аслан ҷавобе аст, ки ҳеч иттилоъ дар худ надорад.
Дар бисёр ҳолатҳо ниҳодҳои давлатӣ аз яктарафа инъикос намудани ҳодисаҳо нигаронӣ мекунанд. Онҳо иддао мекунанд, ки аксарияти журналистон маводҳои журналистиро яктарафа, яъне бидуни назари расмӣ инъикос мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Миралӣ Юсуфов мегӯяд, ҷониби мақомот аз додани иттилои расмӣ худорӣ мекунанд, ки маҳз чунин ҳолат сабаби дар баъзе ҳолатҳо якҷониба баҳо додани ҳодисаҳо мешаванд.
“Дар як вақт мақомот боз моро муттаҳам мекунанд, ки яктарафа менависем. Дар ҳолати рух додани ягон ҳодисаи муҳим ҳатто сухангӯҳои дастрас низ "нопадид" мешаванд ва хабарнигорон ба он умед мебанданд, ки кай мақомот изҳорот медиҳанд. Кор то ҷоест, ки ҳатто дар вақти ҳалокати се марзбони тоҷик дар низоъ дар марз бо Қирғизистон мақомот давоми як рӯз ҳатто инро тасдиқ намекарданд. Ҳол онки ному насаб ва суроғаи ин се сарбози кушташудаи тоҷик барои мо маълум буд. Гирифтани иттилои зарурӣ барои расонаҳои ғайридавлатӣ бисёр мушкил шудааст. Шояд ин ҳолат дар расонаҳои давлатӣ камтар дида шавад”.
Моҳинав Наврӯзова, хабарнигори Радиои Ховар мегӯяд ҳангоми муроҷиат ба ниҳодҳои давлатӣ чӣ шифоҳӣ ва дар шакли дархост дар муддати муайяншуда маълумотро дастрас мекунанд.
Эҳсон Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, вақте журналистон иддао мекунанд, ки дастрасӣ ба иттилооти расмӣ мушкили рақами 1 шудааст, бояд ба таври мушаххас бигӯянд, ки он мақомоти давлатӣ кадом аст. Зеро бо як ангушти ишоратӣ нишон додани тамоми мақомот аз рўйи инсоф ҳам нест, чун медонам, ҳамкасбоне дорам, ки дар ин ё он ниҳоди давлатӣ фаъолият мекунанд ва ҳамеша ба ВАО дастрасанд.
“Тўли 6 сол аст, ки дар ин самт фаъолият дораму аз касе мактуб талаб накардам, ба истиснои он, ки ҳамагӣ дар 2 ҳолат аз журналистон мактуб хостам. Яъне, вақте журналист талаб кард, ки ҳамин ҳоло таъҷилан як оморро барояш пайдо кунам, гуфтам, ки ин ғайриимкон аст ва барои пайдо кардани ин маълумот ман бояд ба шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳия тамос гирам, сипас, вақте дар мавзўе тамос гирифту назари масъулини вазоратро дархост кард, ки он мавзўъ умуман ба вазорату соҳаи маориф дахл надошт. Яъне, вақте чизеро аз ту талаб мекунанд, ки ҳамон лаҳза иҷро карданаш ғайриимкон аст, маҷбур мешавӣ, ки аз журналист мактуб дархост кунӣ”.
Ба назари рӯзноманигори мустақил Абдулазиз Восеъ сабаби мушкили ҷойдошта ин боқӣ намондани журналистикаи ҷиддӣ аст ва барои ин созмонҳои журналистӣ ҳам бо журналистон ва ҳам бо дафтарҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ҷиддитар корро ба роҳ монанд. “Аз сабаби он ки дар мо журналистикаи ҷиддӣ боқӣ намондаст, баъзе хусусиятҳои журналистика ҳам дигар шудаанд, тағйир ёфтаанд ё дар ҳоли аз байн рафтан ҳастанд. Яке аз онҳо ҳамин дархостҳои расмӣ аст”- афзуд ӯ.
Хадамоти мониторингии НАНСМИТ
DPF
17.04.2020 13:18
110
Хабарҳо