Баёнияи хайрбодии “Нигоҳ” ва инсонсозии нав дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
08:33 / 2024-11-16

Баёнияи хайрбодии “Нигоҳ” ва инсонсозии нав дар Тоҷикистон

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Гузоштани унвони “воҳима” барои ин матлаб ҳаргиз ба маънои бузург ҷилва додани қатъи фаъолияти “Нигоҳ” нест, балки дар воқеъ аз нашр бозмондани “Нигоҳ” (ва ҳар нашрияи озодандеш) фоҷеи бузурге барои кишварҳои пасоистеъморист. “Нигоҳ” дар солҳои гузашта ҳам чанд боре нашр нашуда буд, вале баёнияи Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” ин навбат як баёнияи хайрбодиро мемонад. Хусусан ин ҷумла: “Бо сипос аз ҳамаи онҳое, ки ин муддат бо мо буданд, заҳмати аҳли қалами “Нигоҳ” буданро доштанд, замоне онро раҳбарӣ мекарданд, дар ҳамоишу идораҳо аз ин тарҳи барои миллату ҷомеа муҳимм ошкору ниҳон пуштибонӣ мекарданд, гӯшаву бахш, сиёсати иттилоотӣ ё фаъолияти идораи нашрияро мавриди таҳқиқи илмиву назариявӣ қарор медоданд, мунтазам ё гоҳе рӯзнома мехариданд, огоҳ мекунем, ки шароити таҳия ва нашри “Нигоҳ” дигар мавҷуд намебошад”.

Далели аслии қатъи фаъолияти нашрияро дастандаркорон “адами мавҷудияти шароити лозим” зикр кардаанд. Ин далел як “далели фалсафӣ” аст ва мушаххас нест, ки омили асли сиёсист ва ё иқтисодӣ. Аммо аз омилҳои асосии ақибмондагии кишвари мо ва мушкилоти бисёрамон ҳамин набуди “шароити лозим” аст. Ин гуна “шароити лозим”-ро дар кишварҳои пасоистеъморӣ ба вуҷуд овардан хеле сангин аст.

Чанде пештар банда матлабе бо номи “Заъиф кардани расонаҳои миллӣ ба нафъи ҳукумат нест” дар “Озодагон” навишта будам ва дар муқаддимаи матлаб ин андеша буд: “Тоҷикистон, ки ҳамеша дар ҷангҳои иттилоотӣ мағлуб шудааст ва дар шароите, ки минтақа ба майдони бархурдҳои шадиди бозиҳои қудратҳо дорад табдил меёбад, набояд даст ба тазъифи расонаҳои миллӣ бизанад. Заъиф кардани расонаҳои миллӣ дар ҳеч сурат ба нафъи ҳукумати феълӣ нест”.

Ҳамин тавр аз нашр бозмондани “Нигоҳ” ҷойгоҳи заъифи Тоҷикистонро дар ҷанги иттилоотӣ заъифтар мекунад ва имкони зери бору султаву сайтара рафтани кишварро осонтар мегардонад. Аммо дар шароити ҳозир ва пайдо шудани раванду падидаҳои нав дар геополитикаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ниёз ба расонаҳои неруманд ва ҳирфаӣ дорад. “Нигоҳ” аз нашрияҳои хуб ва хеле касбии мо буд. Чеҳраи худро миёни матбуоти тоҷик дошт ва фаъолиятҳое дошт, ки ба инсонсозӣ (ҷомеасозӣ)-и нав дар Тоҷикистон муғойират мекард. Инсонсозии нав дар Тоҷикистон бар асоси ирода, дониш ва таҷрибаҳои шахсиятҳои алоҳида сурат мегирад, ки фаъолияти як идда расонаҳо, аз ҷумла “Нигоҳ” бо манофеи онҳо муғойират дорад. Озодии баён ва фошкории расонаҳо устухоне дар гулӯи ин инсонсозист. Ин аст, ки расонаҳои озоду мустақил дар кишвари мо бо назрдошти манофеи ҳамин инсонзосҳо таҳти фишор қарор мегиранд.

Аз нигоҳи мо, монеъ шудан ба фаъолияти ҳар гуна расонаи мустақил ин набуди иродаест, ки барои инсонсозӣ ва ҷомеасозӣ аз тариқи аснод ироа шудааст. Ин набуди ирода ва пойбандӣ ба тааҳҳудотест, ки барои ҷомеа ва мардум дода шудааст. Озодии баён дар ҳуқуқшиносӣ ҷузъе аз ҳуқуқҳои сиёсии инсон аст. Масъалаи озодии баён ҳам аз масъалаҳои сиёсии ҷаҳони муосир ва хусусан кишварҳои пасоистеъморӣ ва тоза ба демукросирасида мебошад. Аз ин нигоҳ мешавад гуфт, ки мушкилоти расонаҳои озод ва озодии сухан дар ин гуна кишварҳо ва аз ҷумла дар Тоҷикистион аз мушкилоти сиёсӣ аст. Вале бояд гуфт, ки дар ҳар ҳолат ва таҳти ҳеч гуна шароите заъиф кардани расонаҳои миллӣ бар нафъи ҳукумат нест ва набояд даст ба чунин иқдом бизанад, дар ҳоле ки задааст. Зеро доштани расонаҳои неруманд ва ҳирфаӣ дар замони мо, ки ҷомеаи иттилоотӣ ном дорад, яке аз нишонаҳои қудрат ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Тоҷикистон аз зарфиятҳои лозими иттилоотӣ бархурдор нест. Ҳам аз нигоҳи геополитикӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ ва иртибототӣ дар бунбаст ва инзиво қарор гирифтааст. Аз сӯйи дигар дар ҳавзаи тамаддунию фарҳангие қарор дорад, ки танҳо кишвари форсзабон аст. Кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ кишварҳои туркзабонанд ва навобаста аз сиёсатгузориҳояшон аҳдофи муштаракеро дунбол мекунанд. Кишварҳои ҳамзабони мо яке гирифтори ҳазор мушкил асту бо дигар муносиботи мо ҳамеша дар сатҳи “гургакоштӣ” буда. Аз ҷониби дигар расонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи касбӣ ва доштани имконоти фанниву иртибототӣ дар минтақа аз ҳама ақибмондатаранд. Озодии баёне, ки ҳам дар солҳои қабл боиси ифтихор буд, дар ин авохир бар асари инҳисори ҳокимияти сиёсӣ қурбони ташнагии қудрат шуд.

Аз сӯйи дигар Тоҷикистон дар инзивои қудратҳои иттилоотие чун Русия, Чин ва Эрон қарор гирифта аст ва аз нигоҳи зарфиятӣ ҳеч имкони муқобала ва муборизаи иттилоотиро бо ин кишварҳо надорад. Аз ҳама беш Тоҷикистон дар зери фишори иттилоотӣ ва ба гуфтаи Вазорати хориҷаи ИМА таҳти “мошини тарғиботӣ”-и Русия қарор дорад. Шӯрбахтона дар ҳама мубориза ва ҷангҳои иттилоотӣ бо Русия Тоҷикистон мағлуб будааст. Ҳато чанд сол пеш зери таъсири фишори иттилоотӣ ва “мошини тарғиботӣ”-и Русия Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки мустақилияти низоми додгоҳии кишварро зери савол бибарад ва ғайриқонунӣ халабонҳои маҳбусро бар хилофи ҳукми додгоҳ раҳо кунад. Мо дар ҳолатҳои бисёре шоҳид будаем, ки зери фишори иттилоотии Русия ҳукумат дар Тоҷикистон маҷбур шудааст аз иқдомоти сиёсӣ ва давлатии худ даст бикашад.

Дар чунин вазъияти ҳассос Тоҷикистон ниёз ба расонаҳои неруманд ва муқтадири давлативу мустақил дорад. Мутаассифона, ба хотири он ки ҳукуматро аз интиқоди расонаҳо ҳимоят кунанд ва ҳамчунин бар асари таъқиби озодандешону рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва ҳамчунин эҷоди фазои номусоиди рақобатҳои сиёсӣ, расонаҳои миллӣ (расонаҳои мустақил) заъиф карда шуданд ва имкони муқобала ва ҳимояти онҳо аз манофеи миллӣ дар баробари фишори иттилоотии расонаҳои хориҷӣ хеле ночиз карда шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумат бояд худ моил бошад, ки расонаҳои миллиро тақвия ва ёрмандӣ кунад, то дар ҷангҳои иттилоотӣ соҳиби нуфуз ва ҳарфи худ бишаванд. Дар ҷомеаи иттилоотии донишбунёд доштани расонаҳои миллии неруманду таъсиргузор орзуи ҳар кишварест.

Дар таҷрибаи расонаҳои миллӣ борҳо собит шудааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ расонаҳои мустақил ҳамеша аз мавқеи ҳукумат ҳимоят кардаанд. Дар муносибати сарди Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2010, ҳимояти аз пружаи Роғун ва чандин пружаҳои миллӣ расонаҳои мустақил бештар аз ҳукумат ва манофеи миллӣ ҳимоят намуданд. Дар чандин мавридҳои муборизаи иттилоотӣ бо Русия ҳам расонаҳои мустақил асосан аз ҳукумат пуштибонӣ карданд. Ин таҷрибаи бисёр нодир аст, ки расонаҳои мустақил бидуни ин ки пуштибонии молиявӣ ва ҳар навъи дигари пуштибоние аз ҳукумат бибинанд, онро ҳимоят мекунанд. Худи ҳамин сафари ахири рӯзноманигори тоҷикбадбини рӯзномаи “Комсомолская правда” Сергей Пономорёв ва матлаби пурсарусадои ӯ нишон дод, ки ҳукумати мо дар умури расонаҳо бештар бояд ба кӣ такя кунад. Аз ин рӯ қатъи фаъолияти “Нигоҳ” ва ҳар расонаи мустақили дигар, инчунин заъиф кардани расонаҳо, ки дар кишвар ва минтақа ҷойи пойи худро ёфтаанд бар хилофи манофеи миллии мост.

Мо умедворем, ки “Нигоҳ” дубора ба майдони матбуот бармегардад, вале агар бар нагашт, ҳам мо ва ҳам онҳо барои ҳамеша афсӯс мехурем!

P.S. Ин матлаб бознашр аз шумораи рӯзи 9.11.16-и ҳафтаномаи "Озодагон" аст. Он замон ҳанӯз хабаргузории "Тоҷнюс" фаъолияти худро қатъ накарда буд. Бо рафтани "Тоҷнюс" фазои расонаии Тоҷикистон тиратар хоҳад шуд.

http://www.ozodagon.tj/28398-baeniyai-hayrbodii-nigo-va-insonsozii-nav-dar-toikiston.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима