Машварати ҳуқуқи ба кормандони "Ҳаёти нав"
Намояндагони АМВАОМТ дар шаҳри Қурғонтеппа бо кормандони ҳафтаномаи "Ҳаёти нав"-и ноҳияи Панҷ дар мавриди дастраси ба иттилоот аз мақомоти қудратї ва инъикоси мавзўъҳои криминалӣ сўҳбат ва машварати корӣ анҷом додаанд.
Ин вохӯрии имрӯз 23 июл дар идораи ҳафтаномаи "Ҳаёти нав" бо иштирки сармуҳаррир, ду хабарнигор ва корманди техникии ин ҳафтаномаи ноҳияви сурат гирифт.
Эҷодкорони ҳафтанома бештар дар мавриди мушкил будани дарёфти иттилоот аз гумрук, пулис ва прокуратура шикоят кардаанд, ки ба онҳо роњњои дарёфти иттилоот аз мақомоти қудратї омӯзонида шуд. Ҳафтаномаи "Ҳаёти нав" дар ноҳияи Панҷ, ноҳияи сарҳадии кишвар хабару мақолаҳои арсаи кишоварзӣ, тибб иҷтимоӣ ва марзиро бештар инъикос мекунад, ки тоза Фозил Нуров, ҷавони ин ноҳия ба ҳайси сармуҳаррирӣ таъин шудааст.
Хадамоти Мониторингии АМВАОМТ