Аъзамҷон Азимов: Мо ба Институти журналистика ниёз дорем!
     TJ RU EN
09:39 / 2024-04-27

Аъзамҷон Азимов: Мо ба Институти журналистика ниёз дорем!

20240311 PressaТарбияи кадрҳои журналистӣ солҳои охир ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Бо вуҷуди он, ки дар макотиби олии кишвар теъдоди гурӯҳҳо ва факултаҳои журналистика меафзояд, сатҳи омодакунии кадрҳо ҳанӯз ҳам нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки 11-уми март таҷлил мешавад, суҳбате доштем бо яке аз устодони собиқадори факултаи журналистикаи ДМТ, профессор Аъзамҷон Азимов.

Овози баланди миллат
— Аъзамҷон Холматович, нигоҳи шумо ба вазъи кунунии матбуоти тоҷик чӣ гуна аст?

— Нигоҳи банда ба матбуоти имрӯзаи тоҷик мусбат аст. Ҳеҷ вақт манфӣ шуда наметавонад. Ин аз як тараф, аз тарафи дигар, имрӯз матбуоте дорем, ки аз матбуоти даврии шӯравӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Матбуоти даврии шӯравӣ аз боло то поён коммунистӣ ва тарғибкунандаи идеологияи ҳамзамон буд. Имрӯз ҷомеаи мо демократӣ аст ва матбуот вобаста ба ҳамин авзо таъсис ва инкишоф меёбад. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамаи шаклу намуди матбуот ба табъ мерасад. Ҳам давлатӣ — расмӣ, ҳам хусусӣ — тиҷоратӣ ва ҳам ҷамъиятӣ. Илова бар ин, аксари нашрияҳои кишвар дар фазои интернет сомона ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд. Яъне ба ҳар шева фазои иттилоотии Тоҷикистонро пур мекунанд. Ба андешаи ман, матбуоти имрӯзаи тоҷик чун матбуоти начандон дури замони гузашта забон ва овози баланди миллати ман аст. Дар ҳамин моваро як сухани хело волои устод Айнӣ ба хотирам мерасад, ки навишта буд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Яъне, қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст». Банда низ дар маслаки андешаҳои устод Айнӣ ҳастам.

— Устод, шахсан шумо кадом нашрияҳои давриро мутолиа мекунед ва нигоҳатон ба онҳо чист?

— Имрӯз матбуоти гуногунсоҳа бисёр ба табъ мерасад. Табиист, ки ҳамаи онҳо дар як сатҳ нестанд. Бо вуҷуди ин, банда то ҳадди имкон матбуоти давриро мутолиа мекунам, чунки касби мо ҳаминро тақозо мекунад.

Журналист бояд дар сиёсат ҷӯшад!
— Шумо солиёни зиёдест, ки устоди факултети журналистика ҳастед. Шогирдони зиёдеро тарбия намудед. Аммо имрӯз кадрҳое, ки талаботи идораҳои ВАО-ро қонеъ кунанд, хеле каманд. Чаро?

— Имсол 40 соли пур мешавад, ки дар факултети журналистика (10 сол дар гурӯҳ, баъд шуъбаи журналистикаи факултети филология) ба донишҷӯёни журналистшаванда аз фанҳои гуногун дарс мегӯям. Тавре мебинем, рӯз аз рӯз воситаҳои ахбори омма, минҷумла рӯзномаву маҷалла, телевизион ва радиоҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ зиёд мешаванд. Аз ин ҷо, талабот ба кадрҳои журналистӣ рӯз аз рӯз, сол ба сол меафзояд. Ин тақозои вақт ва замон аст. Имрӯзҳо дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултет зиёда аз 650 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд… Рости гап, ҳамаи онҳо хаёли журналист шудан надоранд. Агар аз ҳар гурӯҳ 4-5 нафар журналисти навишта метавонистагӣ ва суханвар барояд, мо шод мешавем. Тарафи дигари масъала — ин қабул ба ихтисосҳои факултети журналистика аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки довталабҳои воқеӣ хеле ангуштшуморанд ва ба ихтисосҳои гуногуни факултет хеле довталабон кам ҳуҷҷат месупоранд. Барои пур кардани гурӯҳҳо аз ихтисосҳои гуногуни гуманитарӣ (кластер) ба факултети мо интиқол меёбанд, ки журналист шуданӣ нестанд ва дар охири курси якум ё дуюм ба дигар факултетҳо интиқол мегиранд. Яъне журналистшавандаҳо аз рӯйи шавқу завқ, қобилият, хоҳиши эҷод хеле кам меоянд. Аз дигар тараф, роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва ғайридавлатӣ имрӯз журналистони тайёр мехоҳанд. Хоҳему нахоҳем, чунин ҷавонон ангуштшуморанд. Хусусан дар бахши телевизион ва радио, ки фаъолияти онҳо дар ВАО сахт ба технологияи замонавӣ, ҳунар, нутқи шифоҳӣ ва ғайра алоқаманд аст. Дигар талабот ба журналист дониши сиёсӣ мебошад. Журналистика — ин худ сиёсат аст. Пас, ҳар як журналист бояд дар сиёсат ҷӯшида бошад ва он гоҳ журналисти хуб ба воя мерасад. Вале ҷавононе, ки дониши сиёсӣ дошта бошанд, ангуштшуморанд.

— Нигоҳи шумо ба вазъи таълим дар факултети журналистика чӣ гуна аст?

— Бовар кунед, вазъи таълим аслан бад нест, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки камбудӣ низ ҷой дорад. Устодон қариб ҳар рӯз дар дохили аудитория ҳастанд, донишҷӯён низ. Дар факултет зиёда аз даҳ доктори илм, профессор, номзадҳои илми зиёде дарс мегӯянд. Студияи телевизиони таълимӣ, радиои таълимӣ дар факултети мо фаъолият мекунад. Дар ин росто, замимаи нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» — «Қалам» дар факултети мо тайёр мешавад. Яъне, шароит хуб аст. Ба андешаи банда, педагоги хуб будан дар факултаи журналистика ҳанӯз кифоя нест, донишҳои замонавии журналистӣ, эҷоди журналистӣ, донишҳои сиёсӣ, фарҳанги баланди журналистӣ, муоширати касбӣ шарту зарур аст.

— Имрӯз чӣ шуморо водор мекунад, ки вориди аудитория шавед ва ба рӯзноманигорони оянда дарс гӯед?

— Аслан касби муаллимӣ барои ман меросӣ аст. Падарам муаллим буданд ва имрӯз яке аз мактабҳои калони шаҳри Исфара дар деҳаи Ворух ба номи эшон аст. Аҳли оилаамон ва фарзандони ман низ ҳамин касбро интихоб кардаанд. Таҳсил дар донишгоҳ ва омӯзиш аз устодони варзида дар факултет дили маро боз ба муаллим шудан гарм кард. Имрӯз ба аудитория бо дили пур назди донишҷӯён медароям ва руҳу равони устодонамро шод мегардонам. Ҳар чизе бо мурури вақт омӯхтам, кӯшиш мекунам ба донишҷӯён онро омӯзонам. Ба роҳи рост ҳидоят кунам, ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро талқин кунам.

Зарурати таъсиси Институти журналистика
— Имсол дар чанд муассисаи олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ихтисосҳои журналистика боз шуданд. Зарурияти таъсиси ихтисосҳои журналистикаро дар ин ду муассисаи олӣ дар чӣ мебинед?

— Пеш аз он ки шуъба, гурӯҳ ва ё ихтисоси журналистӣ дар ин ё он донишгоҳ ё донишкада боз мешавад, бояд дид, ки оё база дорад ё не? Ба онҳо кӣ дарс мегӯяд? Чӣ ихтисос дорад? Куҷоро хатм кардааст? Чанд нафар номзад ва доктори илм дорад? Лаборатория, студияҳо, кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти техникӣ ва ғайраҳо мавҷуд аст ё не? Бо дарназардошти инҳо, ба андешаи ман, зарурати боз кардани ихтисоси журналистика дар ҳама ҷо нест! Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис додани як донишкадаи журналистика талаботи вақту замон аст. Бубинед, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шаҳри Тошканд Институти журналистика ва коммуникатсия фаъолият мекунад ва дар ягон донишгоҳу донишкадаи шаҳру вилояти он факултет ё шуъбаи журналистика нест. Агар донишкада таъсис дода натавонем, пас биёед ҳамаи ин шохаҳои журналистикаро дар мактабҳои олӣ бандему ду факултети бақувват, яке дар ДМТ ва дигаре бо забони русӣ дар Донишгоҳи русию славянии Тоҷикистон нигоҳ дорем. Он гоҳ ҳам довталабони воқеӣ меоянд ва ҳам рақобат мешавад.

— Зиёд шудани гурӯҳҳо ва ихтисосҳо магар ба манфиати кор нест? Шояд рақобат зиёд мешаваду сифати таълим беҳ гардида, кадрҳои баландихтисос тарбия мешаванд…

— Аввал ин ки, ягон мактаби олии Тоҷикистон ба факултети мо рақобат карда наметавонад. Базае, ки мо дорем, дар ягон ҷо нест. Факултети мо 32-сола шуд. Ҳоло 5 кафедра дорем, 12 нафар доктори илм, 20 нафар номзади илм, 10 нафар муаллимони калону ассистентон, студияҳои муҷаҳҳазшуда, китобҳои зиёди дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, барномаҳои фаъоли таълимӣ, китобхонаҳои ихтисосӣ дорем. Ҳамаи унвонҷӯйҳо дар соҳаи журналистика аз назари устодони мо гузашта, дар шӯроҳои диссертатсионии мо рисолаи илмӣ дифо мекунанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки зарурияти таъсиси як Инситути журналистика дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пеш омадааст.

— Суҳбати мо дар арафаи Рӯзи матбуот сурат мегирад ва онро мехоҳам бо як суоли маъмул ҷамъбаст кунем. Нашрияҳои чопӣ оянда доранд?

— Ин суолест, ки пас аз ихтирои радио пайдо шудааст ва бо таъсиси телевизион ва интернет актуалӣ шуд. Вале бовар кунед, матбуот ҳеҷ гоҳ намемирад. Албатта, формати он бо тақозои замон тағйир меёбад, вале аз байн намеравад. Таҷрибаи Амрико, Олмон, Британия, Ҷопон, Чин, Фаронса ва дигар кишварҳое, ки дар соҳаи интернет ва технологияҳои нав ба дастовардҳои бемисл ноил шудаанд, нишон медиҳад, ки нашрияҳои чопӣ ҳамавақт манбаи муҳим ва боэътимоди ахбор боқӣ мемонанд.

https://pressa.tj/azam%d2%b7on-azimov-mo-ba-instituti-zhurnalistika-niyoz-dorem/


ТАҚВИМ

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима