Ҳадафҳо ва вазифаҳо
     TJ RU EN
02:20 / 2024-04-28

Ҳадафҳо ва вазифаҳо

Ҳадафи асосии АМВАОМТ мусоидат ба ташаккули институтҳои демократӣ тавассути рушди ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон мебошад. Мавзӯи асосии фаъолияти Ассотсиатсия ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоёни худ, намояндагии манфиати онҳо дар мақомоти идоракунии давлатӣ ва маъмурӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ВАО-и мустақил дар таҳия ва паҳн кардани барномаҳои телевизиону радио ва маводи чопӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Барои ноил шудан ба ин мақсад АМВАОМТ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

ташкили низоми муносибатҳои уфуқӣ ва дастгирии мутақобилаи аъзои Ассотсиатсия дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо;
бурдани таҳқиқот дар бораи тамоюлҳои рушди бозори хизматрасониҳои телевизион ва радио, реклама ва маркетинг ва вобаста ба он омода намудани тавсияҳо ;
дар сурати зарурат ташкил намудани фондҳо ва дигар шахсони ҳуқуқие, ки ба васоити ахбори оммаи мустақил хизмат мерасонанд;
мусоидат ба аъзои худ дар ташаббусҳои соҳибкорӣ, барои фаъолияти якҷоя барои онҳо дарёфт кардани шарикони боэътимод, таъмини иттилоотӣ ва дастгирии ҳуқуқӣ;
бо мақсади мубодилаи таҷриба иштирок намудан дар симпозиумҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо ва ба роҳ мондани робитаҳои корӣ;
ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ ва байналмилалӣ, ассотсиатсияҳо ва дигар сохторҳои шабеҳ;
таълими касбият барои мутахассисон ва кормандон тавассути барномаҳои таълимӣ, семинарҳо, сафари корӣ ва таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла дар хориҷа;
фаъолияти табъу нашр;
истеҳсоли маводи аудио визуалӣ;
баргузор намудани чорабиниҳои хайриявӣ;
роҳандозии намудҳои дигари фаъолият тибқи Оинномаи АМВАОМТ, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои оинномавӣ нигаронида шудаанд ва қонунгузории ҷорӣ манъ накардааст, амалӣ менамояд.
Дар сурати зарурӣ, Ассотсиатсия тибқи қонунгузории амалкунанда барои ин ё он намуди фаъолият иҷозатнома мегирад.


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • ТАҚВИМ

    << < Ноябрь 2021 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    23 24 25 26 27 28
    29 30          
     
    Пайвандҳои лозима