“Такрори қонунҳои мавҷуд”. Қабули қонуни алоҳида барои танзими фаъолияти блогерон зарур аст?
     TJ RU EN
02:52 / 2024-04-28

“Такрори қонунҳои мавҷуд”. Қабули қонуни алоҳида барои танзими фаъолияти блогерон зарур аст?

20230825 APДар кишварҳои ҳамсоя фаъолияти блогеронро чӣ гуна танзим кардаанд?

Соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе доираҳои алоҳидаи коршиносӣ таҳия ва қабули қонуни алоҳида барои танзими фаъолияти блогерон мавриди баррасӣ ва баҳсҳо қарор гирифт. “Лоиҳа”-и пешниҳодкардаи як вакили маҳаллӣ дар шабакаи иҷтимоии фейсбук баҳсҳоро боз ҳам гарм кард.

Дар робита ба ин мавзӯъ, Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси соҳаи васоити ахбори омма аз ташкилоти ҷамъиятии “Хома” андешаҳои худро навиштааст, ки манзури хонандагон мегардад.

Танзим ё худтанзимкунӣ?
Бо рушди техналогия, фаъолияти блогерӣ барои аксарият дастрас гардид, зеро, танҳо бо як телефони ҳушманд метавон сабту танзим кард ва муҳтаворо паҳн намуд.

Блогерӣ як падидаи нав дар интернет аст, ки ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон ба он рӯ овардаанд ва иттилоотро дар соҳаҳои мухталиф бо ҷаҳони маҷозӣ мубодила мекунанд.

Нақши блогерон дар тавлид ва паҳни муҳтаво назаррас аст, агарчи дар мавриди сатҳу сифати пешниҳоди он баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омадааст.

Аммо нақши онҳоро дар паҳнсозии иттилоот наметавон нодида гирифт. Пешниҳоди таъсиси Ассотсиатсияи блогерон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон (26 апрели 2023) ва дар муддати кутоҳ амалӣ гардидани он далели он аст, ки таваҷҷуҳ дар сатҳи расмӣ вуҷуд дорад.

Солҳои охир аз тарафи субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда кӯшиши қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли қонуни алоҳидае, ки фаъолияти блогеронро метавонад ба танзим дарорад, мушоҳида шуд.

Пас, оё қонуни алоҳида барои танзими фаъолияти блогерӣ зарур аст ё зарурати риояи меъёрҳои ахлоқӣ муҳим аст?

Дар Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон қонуни алоҳидае вуҷуд надорад, ки фаъолияти блогеронро ба танзим дарорад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қонун “Дар бораи иттилоотонӣ” маҳфуми блогер пешбинӣ шуда, ҳамчунин дар моддаи дигаре (моддаи 121) блогер уҳдадор аст, ки дар саҳифаи вебсайти худ ё дигар захираи иттилоотии интернетӣ аз паҳн кардани иттилооте, ки дорои сирри давлатӣ ё дигари маълумоти бо қонун ҳифзшаванда худдорӣ кунад.

Ҳамчунин блогер уҳдадор гардидааст, маълумоте, ки паҳни он хилофи қонун аст, аз ҷумла, барангехтани кинаю адоват ё низоъ, тарғиби маводи мухаддиру терроризм, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, таблиғу ташвиқӣ маводи порнографӣ, паст задани шаъну эътибор ва дигар кирдорҳо худдорӣ кунад.

Мафҳуми блогер дар қонунгузории мо пешбинӣ нашудааст, аммо ҳар шаҳрванд, шахси бешаҳрванд ё як шаҳрванди хориҷӣ кас метавонад аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода барад. Дар баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст (м.16 Конститутсияи ҶТ).

Блогерон чӣ ҳуқуқ доранд?
Дар асоси моддаи 30-и Конститутсияи ҶТ блогерон мисли ҳар як шахси дигар ҳуқуқ ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахборро доранд, шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд (моддаи 31), озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзанд, аз дастовардҳои онҳо истифода кунанд. (моддаи 40).

Дар масъалаи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар асоси моддаи 10-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ҳуқуқ дорад ҳар шакли дархости пешбининамудаи қонуниро (шифоӣ, хаттӣ, телефонӣ, электронӣ) интихоб намояд, зарурати ба даст овардани иттилооти дархостшударо асоснок накунад, ба шарте, ки чунин далеловарӣ барои муайян кардани мазмуну моҳияти дархост зарур набошад ва агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар карда нашуда бошад, ҷавоби хаттиро талаб намояд, бо тартиби муқарраргардида аз амали мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва тартиби амалӣ гардонидани онро вайрон кардаанд, шикоят намояд.

Блогер дар рафти фаъолияташ чӣ ӯҳдадорӣ дорад?
Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд, ба нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат ва бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба таблиғот ва ташвиқоти ҷанг, барангехтани бадбинӣ ва хусумати нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ роҳ надиҳад, барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват нанамоянд, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ маълумотро ҷамъ, нигоҳ, истифода ва паҳн накунад, товони зарари моддӣ ва маънавие, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунӣ расонидааст, ҷуброн кунад, андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатман супорад.

Ин танҳо уҳдадориҳои мушаххаскардаи Конститутсияи ҶТ аст. Инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро танзим мекунад.

Дар масъалаи ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқу уҳдадориҳои қонунҳои зикршуда блогеронро метавонанд тибқи Кодекси маданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, саволи матраҳ ин аст, ки қабули қонуни алоҳида, ки такрори меъёрҳои қонунҳои мавҷуд хоҳад буд, зарур аст?!

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 феврал соли 2018, таҳти № 1005) Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ба имзо расонида шуд. Яке аз ҳадафҳои ин ҳуҷҷат кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошад. Давлат кӯшиши кам кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии такроршударо дорад, вале бархе пайи қабули қонунҳое ҳастанд, ки дар таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя вуҷуд надорад.

Аз фаъолияти Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон қариб як сол пур мешавад ва теъдоде аз блогерон низ ба узвияти он пазируфта шуданд. Вале мушкилии бархе аз блогерон риоя накардани меъёрҳои ахлоқист.

То кунун барои кормандони давлатӣ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ таҳия ва қабул шудааст. Соли 2009 Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон қабул ва соли 2020 он бозбинӣ ва дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Ҳуҷҷати дигаре бо номи Одобномаи шаҳрванди электронӣ аз 2013 мавриди амал қарор дорад, ки барои худтанзимкунӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ равона шудааст.

Аз ин лиҳоз фикр дорем, ки муҳим ин танзим нест, муҳим ва роҳи аз ҳама беҳтар барои рушди муҳтавои миллӣ дар фазои маҷозӣ ва ҳамчунин пешрафти фаъолияти блогерони Тоҷикистонӣ, ин таҳияи Кодекси ахлоқи аз ҷониби ҷомеаи блогерон мебошад. Боз ҳам муҳимтар, ин риоя ва татбиқи ин меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби ҷомеаи блогерон бояд таъмин карда шавад.

Сурат: Акс аз Хусрав Зуҳуров. Дар яке аз чорабиниҳои 10 блогери маъруфи Тоҷикистон, ки соли гузашта дар Душанбе гузашт

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20240115/takrori-onunoi-mavud-abuli-onuni-aloida-baroi-tanzimi-faoliyati-blogeron-zarur-ast

 


ТАҚВИМ

<< < Декабрь 2023 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима