Дархости озодии 8 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон
     TJ RU EN
05:05 / 2024-04-28

Дархости озодии 8 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон

20240319 ROЯк гузоришгари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба камияш ҳашт рӯзноманигор ва ҳуқуқдонро аз зиндонҳои кишвар озод кунад.

Мери Лолор дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи башар номи Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Солеҳов, Абдулло Ғурбатӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашов ва Хушрӯз Ҷумъаевро ба забон овардааст.

Вай дар як паёми алоҳида дар шабакаи "Х" навишт, қазияи ин афродро дар суҳбат бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ борҳо дар миён гузошт.

Ҳамаи онҳо пас аз моҳи майи соли 2022 ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд.

Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва қаллобиву ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд, аммо худашону пайвандон гуфтанд, ки зери фишору шиканҷа айбномаро пазируфтанд.

Пештар як гурӯҳ аз гузоришгарони Созмони Милал дар номаи 20-саҳифаӣ ба мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳуқуқи ин хабарнигорону ҳуқуқдонҳо дар бисёре аз марҳилаҳо зери по шудааст.

Дар нома ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ шуда буд, ки баъзе аз ин афроди зиндониро ғайриқонунӣ ва худсарона дастгир кардаанд, ки мухолиф ба тамоми қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байнулмилалист.

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир на танҳо аз тарафи Созмони Милал, балки аз тарафи созмонҳои дигари мустақили ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ барои зери по кардани ҳуқуқи инсон пайваста танқид мешавад.

Акс: Мери Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқ

https://www.ozodi.org/a/32868277.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • ТАҚВИМ

    << < Декабрь 2023 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
     
    Пайвандҳои лозима